Як намояндаи Хадамоти алоқа ба шарти он, ки номаш ифшо нашавад, ба "Озодӣ" гуфт, ба таври шифоҳӣ аз ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет талаб карда шудааст, ки торнамои Бӣ-Бӣ-Сӣ ва "Озодагон"-ро бибанданд.
Дар ҳамин ҳол, Парвина Ибодова, раиси Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет ба Радиои Озодӣ гуфт, бастани торнамо ё сайтҳо дар ҳақиқат ба таври шифоҳӣ сурат мегирад. Вай мегӯяд, вақте торнамои хабаргузории "Азия-Плюс"-ро масдуд карданд, ба таври расмӣ ё хаттӣ ин сомонаро дар ҷараён нагузошта буданд.
Парвина Ибодова афзуд, азбаски дастур шифоҳӣ сурат мегирад, баъзе аз ширкатҳои фароҳамкунанда ҳанӯз тасмим нагирифтаанд, ки торнамои Бӣ-Бӣ-Сӣ-ро бибанданд. Ин аст, ки дар ҳоли ҳозир торнамои Бӣ-Бӣ-Сӣ аз тариқи ширкати "Babilon" боз намешавад, аммо аз тариқи ширкати "Телеком технолоҷӣ" имкони ворид шудан ба он вуҷуд дорад.
Парвина Ибодова мегӯяд, дар ҳамин рӯз бо ҳамин шева торнамои "Озодагон" низ масдуд карда шудааст. Феълан дар Тоҷикистон 8 ширкати фароҳамкунандаи Интернет фаъол аст ва ин торнамоҳо дар 6-тои он боз намешавад.
Ҳамчунин, сайти Вести.ру ҳам дар Тоҷикистон дастнорас шудааст. То кунун мақомоти расмӣ маҳдудияти дастрасӣ ба ин торнамоҳоро шарҳ надодаанд. Аз ин қабл, шоми 23-юми июл дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаи “Азия-Плюс”-ро масдуд карда буданд. Дар ин замина раиси Хадамоти алоқаи кишвар, Бег Зуҳуров, ба расонаҳо гуфта буд, ки масдуд шудани сомонаи мазкур мушкили фаннист. Танҳо баъд аз чаҳор рӯз ширкатҳои хадамоти интернетӣ дастрасӣ ба сомонаи "Азия-Плюс"-ро фароҳам карданд.