Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

RWB ва НАНСМИТ аз сензура дар интернет нигаронанд


Созмони RWB аз Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хостааст, ки ба талошҳои ҷорӣ кардани сензура дар интернет хотима диҳад.

Дар номаи муштараки Гузоришгарони бидуни марз ва созмони ҳамкораш дар Тоҷикистон Анҷумани миллии расонаҳои мустақил (НАНСМИТ), аз таъсиси гурӯҳи нозирон барои мониторинги матолиби интернет ва «таҳқиру тӯҳмат» дар сомонаҳо изҳори нигаронӣ шудааст.

«Ин низоми назорат ба масдуд кардани саросарии матолиб дар интернет ва қатъи дастрасӣ ба сомонаҳо меорад. Мо розием, ки барои таҳқиру тӯҳмат ҷазо диҳанд, аммо ин масъала бояд дар додгоҳ ҳал шавад… Мо мушоҳида кардем, ки солҳои ахир Хадамоти алоқа сомонаҳои мустақилро таъқиб мекунад, аммо ин на фақат ба масдуд кардани маводи «тӯҳматангез», балки пурра қатъ шудани сомонаҳо меорад, ки моҳҳо давом мекунад» - омадааст дар нома.

Як моҳи қабл Хадамоти алоқаи Тоҷикистон барои бозрасии сомонаҳое, ки дар бораи Тоҷикистон менависанд, гурӯҳи бозрасӣ таъсис дод. Бек Зуҳуров, раҳбари ин хадамот гуфт, ки “барои ҷилавгирӣ аз тавҳину тӯҳмат ва танқидҳои ноҷои шахсони маъруф” ин гурӯҳ саҳифаҳои торнамоҳоро назорат ва бозрасӣ хоҳад кард.

Ин гурӯҳ бо задани калимаҳои калидӣ дар Интернет, масалан ному насаби президент ва ё вазирону раисони кумитаҳо, мебинад, ки кадом расона дар бораи ин афрод бо чӣ мазмун хабару мақола навиштааст. Агар гузориш танқидӣ бошад, намояндаи ин гурӯҳ ё аз торнома хоҳиш мекунад, ки мақоларо ҳазф кунанд ва ё ин? ки дар сурати идома ёфтани “интиқод”, торномаро мебанданд.

Дар ҳамин ҳол, тайи як моҳи ахир дар пайи ҳаводиси Бадахшон сомонаҳои «Азия-плюс» ва «Ютуб» ва «Фарғона. Ру» баста шуданд. Дар ин миён дастрасӣ ба чанд расонаи русӣ ва ВВС ҳам муваққатан қатъ шуд. Тайи як соли ахир, чандин сомонаҳои дигар, аз қабили «сентразия. Ру», «тҷкнюс. Ком» ва ғайра ҳам баста ҳастанд.

Дар муроҷиати «Хабарнигорони бидуни марз» ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон бар ин нукта таваҷҷӯҳ шудааст, ки хадамот ҳамеша «мушкили фаннӣ» ва «мӯҳтавоӣ парнографӣ ва экстремистӣ» -ро дар бастани сомонаҳо далел меорад ва ин ҳол хатари тафсири мухталифи «таҳқир» ва тӯҳмат» - ро ҳам ба вуҷуд меорад.

ОЁ БАСТАНИ ТОРНАМОҲО КОРИ ДУРУСТ БУД?

Бастани торнамоҳо кори дуруст буд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:13 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG