Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заҳмати хонандагон барои пешвози президент дар мактаби нав


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бархе аз хонандагони мактаби нави байналмилалӣ дар Душанбе барои маросими ифтитоҳи он омодагӣ мегиранд.

Дар ҳоле ки хонандагони ҳамаи мактабҳои Тоҷикистон таътили тобистона доранд, Фарангис барои истиқбол аз раисиҷумҳур дар маросими ифтитоҳи мактаби нави байналмилаллӣ дар Душанбе омодагӣ мебинад. Албатта, ӯ дар ин кор танҳо нест.

Ба Фарангис ва хонандаҳои дигар ҳар рӯз дар бинои ин мактаб бо шитобзадагӣ компютеру забони англисӣ омӯзонида мешавад, чун агар президент суоле диҳад, посухи онҳо бояд баёнгари дониши хуби онҳо бошад. “Мо 15 нафар дар як синф аз фанни информатика ва англисӣ дарс мегирем. Президент меояд, мумкин аз мо ягон суол кунад. Ҳар рӯзи рафтаамон барои мо дар бораи як барнома маълумот медиҳанд. Дар мактаб мо комютер мехондем, аммо шароит ва дарс кам буд. Моро ҳам барои қадду қомат ва ҳам барои дониш интихоб карданд”,-мегӯяд Фарангис.

Нахустин мактаби байналмилалии президентӣ, ки қарор аст, дар моҳи сентябр ифтитоҳ ёбад, бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон дар хиёбони Карамови маҳаллаи "Калинин"-и пойтахт бунёд шудааст ва дар қатори Фарангис, хонандаҳои зиёди дигар аз мактабҳои мухталифи шаҳр “гулчин” шудаанд, то дар маросими ифтитоҳ ширкат кунанд. Хонандаҳо ба гурӯҳҳо тақсим шуда, барои дарси аввал дар назди раисҷумҳур омода мешаванд. Ҳамчунин гуфта мешавад, дар баробари хонандаҳо ба ин маросим омӯзгорон низ ҷалб шудаанд. Ҳар рӯз аз макотиби дигар барои тозаву озода кардан ва ороиши ин мактаби нав омӯзгорон фиристода мешаванд.

Ҳабиб Мирзоев, раҳбари мактаби нави байналмиллалӣ, дар сӯҳбат бо мо тасдиқ кард, ки дар воқеъ ҳоло дар баробари омодагиҳо ба қабули хонандагону омӯзгорон ба ин мактаб, тайёрӣ ба баргузории маросими ифтитоҳи он ҳам идома дорад: "Албатта, ин ҷо бо супориши вазорати маориф ва комиссияи махсус омодагиҳо барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин маърака идома доранд. Хонандаҳо машқ мекунанд, гимнро аз худ мекунанд, саҳнаҳои воридшавӣ ба мактабро ёд мегиранд. Синфҳои фанниро омода мекунанд барои қабули меҳмонон."

Ганҷина Ганҷова
Ганҷина Ганҷова
Чунин шеваи омодагиҳо, ки ғолибан бо харҷи зиёд ва ҳафтаву моҳҳо ҷалб шудани хонандагону омӯзгорон сурат мегиранд, дар чанд соли охир ба дунболи сафарҳои раисҷумҳур ба шаҳру ноҳияҳо ва маросими баҳрабардорӣ аз иншооти нав як навъ мӯд шудааст. Коршиносон ин шеваи омодагиро намоишкорӣ унвон мекунанд. Ганҷина Ганҷова, рӯзноманигори ҷавони тоҷик, мегӯяд, ин навъи пешвозгирӣ ва қабули президент ва дигар мансабдорони баландпоя дар кишвар аллакай одате шудааст, ки хусусияти худро дорад. Наврасону ҷавононе, ки раисҷумҳурро пешвоз мегиранд ва ё дар назди ӯ сухан ё шеър қироат мекунанд, дар пайи озмун интихоб мешаванд ва онҳо бояд либоси нав ва симои зебо дошта бошанд. "Ин ҳама танҳо ба манфиати онҳое ҳаст, ки мансаби худро дӯст медоранд ва хушомад мезананд, ки бубинед, мо барои Шумо чӣ корҳо мекунем. Ба фикри ман, ҳамин омад-омади раисҷумҳур ва дигар ашхоси воломақом ба мактабу навоҳӣ набояд як моҳ пеш эълон дода шавад. Бигзор мардумро ташвиш надиҳанд ва якбора бираванду мушкилоти аслиро бо чашми худ бубинанд, на саҳнаҳои сунъиро",-афзуд ҳамсӯҳбати мо.

Азизи Нақиб, таҳлилгари дигари тоҷик, мегӯяд, беҳтар мебуд кори ин мактаб, на аз зоҳирпарастӣ, балки аз таҳияи барномаи амиқи дарсӣ ва пешниҳоди усулҳои пешқадами таҳсил сар мешуд. Дар акси ҳол, меафзояд ӯ, фаъолияти ин мактаб ҳам дар сатҳи маъмулӣ роҳандозӣ хоҳад гашт: "Ин мактаб ҳам ба он дараҷае, ки мехоҳем муваффақ намешавад. Зеро медонем, ки бо пешниҳоди зиёиён ва президенти кишвар як сол пеш мактаби бачаҳои болаёқат таъсис дода шуд, аммо боз воситабозӣ шуд ва боз бачаҳои донишманду болаёқат дар гӯшаҳои мухталифи кишвар як тараф монданду ҳар кас хешу табори худро овард ва ин як мактаби муқаррарӣ шуд. Ҳамин мактаби байналмилалӣ ҳам, ки маблағи солонааш аз рӯйи шунидам 6 ҳазор доллар аст, барои Тоҷикистон хеле гарон аст ва ҳатто аз рӯйи маош гирем, як вазир ҳам бояд натавонад фарзандашро дар ин мактаб хононад."

Аммо Ҳабиб Мирзоев, раҳбари мактаби нави байналмилалӣ, мегӯяд, ниҳоди зери сарварии ӯ аз ҳама ҷиҳат аз муассисаҳои дигари таълимии кишвар фарқ хоҳад кард. Интизор меравад, ба мисли аксар мактабҳои байналмилалии ҷаҳон дар ин муаcсиса низ 70 дарсади барномаи таълимӣ бо забони англисӣ ва 30 дарсади он бо забони модарӣ сурат бигирад. Ба қавли Мирзоев, то имрӯз аллакай 200 хонанда ба ин мактаб қабул шудааст. Шарти аслии қабул донистани забони англисӣ будааст.

Қарор аст, таълим дар ин муассиса аз рӯи низоми донишгоҳи "Кембриҷ" ба роҳ монда шавад. Дар ҷаҳон 220 мактаби байналмилалӣ амал мекунад ва мақомоти Тоҷикистон талош доранд, то ин муассисаи таълимиро низ ба қатори ин мактабҳо шомил кунанд. Таълим дар мактаби байналмилалии президентӣ шартномавӣ буда, феълан нархи он муайян карда нашудааст. Вале гуфта мешавад, нархи таҳсил дар ин мактаб ба маротиб болотар, эҳтимолан солона беш аз 5 ҳазор доллари амрикоӣ хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG