Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Ним соати сукут. Эътироз алайҳи ширкатҳои мобилӣ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бо нишони эътироз аз фаъолияти ширкатҳои мобилӣ, дар Фейсбук гурӯҳи наве таҳти унвони "Ним соати сукут" ташкил шуд.

Норозиёни қатъ шудани робитаи мобилӣ бо Бадахшон мехоҳанд, бо баргузории ду маърака эътирози худро аз амалкарди ширкатҳои мобилӣ баён доранд. Онҳо дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук эълон кардаанд, ки мехоҳанд, барои ним соат аз ҳама гуна занг ба воситаи ин ширкатҳо худдорӣ кунанд ва ҳамчунин сим-кортҳои бархе аз ширкатҳоро ҷамъоварӣ намуда, ба сарварони ин ширкатҳо баргардонанд.

Маъракаи эътироз дар ҳоле тарҳрезӣ ва омода мешавад, ки бархе аз ширкатҳои мобилӣ аз ҷумла Тселл ва Билайн эълон карданд, ки алоқа бо Хоруғ барқарор шуд. Онҳо дар чанд ҷумла аз муштариёни худ барои он ки натавонистанд дар ин муддат хадамоти худро пешниҳод кунанд, узр пурсиданд.

Улфатхоним Мамадшоева (Акс аз Фейсбук)
Улфатхоним Мамадшоева (Акс аз Фейсбук)
Улфатхоним Мамадшоева, ташаббускори таҳрими нимсоатаи истифода аз хадамоти ширкатҳои мобилӣ, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин иқдом метавонад ба ширкатҳое, ки қонуншиканӣ ва беэҳтиромиро нисбат ба муштариёни худ раво диданд, зарари молӣ биёрад: "Онҳо бояд донанд, ки агар дафъаи дигар алоқаро қатъ кунанд, боз ҳам ҳамин гуна таҳрим хоҳанд шуд. Ин бор на барои ним соат, балки барои як ҳафта ва шояд барои як моҳ. Фикр мекунам, ин ягона воситаест, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад бо ҳамин тарз ҳуқуқи худашро ҳимоят кунад."

Ба гуфтаи хонум Улфтахоним бо истифода аз сабру таҳаммули мардум ширкатҳои мобилӣ тайи чанд соли охир бар хилофи созишномае, ки бо муштариён доранд, алоқаро қатъ ва ҳуқуқи сокинонро нақз мекунанд.

Дар ҳамин ҳол Аъзамшоҳи Ширговадӣ, рӯзноманигори тоҷик, низ мегӯяд, ба ҳайси муштарӣ ӯ ҳам аз чунин амалкарди ширкатҳои мобилӣ норозист ва ба ҳамин маърака мепайвандад. Ӯ аз ҷумла гуфт, "мо шоҳиди онем, ки дар Тоҷикистон аксаран дар нисбат ба истифодабарандагон аз ҷониби масъулин як навъ бемасъулиятӣ ва хунукназарӣ сурат мегирад. Онҳо, ки аз ҳисоби маҳз мардум даромад мебинанд ва дар ҳамин ҳолатҳо онҳоро танҳо мегузоранд, чунин амал ғайри қобили фаҳмиш аст. Ман инро метавонам чун бепарвоии ин шираткатҳо дар нисбати муштариёнашон баҳогузорӣ намоям."

Аъзамшоҳи Ширговадӣ
Аъзамшоҳи Ширговадӣ
Ба назари ин мусоҳиби мо, бо баргузории чунин маъракаҳо метавон ба он даст ёфт, ки ширкатҳои мобилӣ қабл аз гирифтани чунин тасмим нахуст манфиати муштариёни худро андеша кунанд. Ин дар ҳолест, ки корманди яке аз ширкатҳои мобилӣ гуфт, тайи ним соате, ки муштариён чун нишони эътироз сукут хоҳанд кард, ширкат чандон зарари молӣ ва маънавӣ нахоҳад дид. Ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, ҳеҷ ширкати тиҷоратие намехоҳад ба муштарии худ зиёне бирасонад, аммо вақте ӯро маҷбур мекунанд, ӯ дигар ночор аст.

Зимнан, яке аз дигар пешниҳодҳои фейсбукиёни норозӣ аз фаъолиятҳои ширкатҳои мобилӣ ба тамом даст кашидан аз сим-кортҳои ширкати Тселл мебошад, ки тахмин меравад наздики 90 дарсади сокинони Бадахшон муштариёни ҳамин ширкатанд. Онҳо мегӯянд, тӯли солҳои зиёд ба ин ширкат содиқ мондаанд, вале дар сахттарин рӯзҳо масъулони он нисбаташон хунукназариро раво дидааст.

Худи масъулони ширкати Тселл низ иқрор мекунанд, ки беш аз 100 ҳазор муштарии онҳоро сокинони ҳамин минтақа ташкил медиҳанд. Аммо бо ин ҳама аз додани кадом шарҳе дар мавриди норозигии муштариёнашон худдорӣ намуданд. Танҳо гуфтанд, рӯзҳои наздик дар ин робита варақаи иттилоотиро пахш хоҳанд хоҳанд кард.

Вале Ғафур Иркаев, раиси Анҷумани фароҳамкунандагони алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон, мегӯяд, баргузории маъракаи сукути нимсоата бар зарари худи муштариён хоҳад буд. Вай афзуд, "агар онҳо мехоҳанд мобилҳои худро хомӯш кунанд, ихтиёр доранд. Аммо бояд бидонанд, ки чунин амал ба манфиати онҳо нест. Зеро даромадро ширкатҳо қабл аз ҳама барои рушди ширкат истифода мебаранд. Шумо фаромӯш накунед, ки раҳбарони ширкат мустақилона тасмим гирифта наметавонанд. Чун ин бизнеси хусусист ва маблағҳои калон дар гардишанд. Аз ин хотир, ҳеҷ яке аз ин роҳбарон ба ҳеҷ ваҷҳ тиҷоратро зери хатар намемонанд ва муқобили супоришҳои Хадамоти алоқаи кишвар ва ҳам мақомоти қудратӣ садо баланд нахоҳанд кард."

Дар се соли охир дар Тоҷикистон дар манотиқе, ки маҳалли даргирии нерӯҳои ҳукуматӣ бо гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ шуда буданд, робитаи телефонӣ қатъ гашт. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ҳамаи ин мавридҳо мушкилро "фаннӣ" унвон кард, аммо коршиносон бар инанд, ки ҳукумат ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши иттилои нодуруст дар бораи ҳодисаҳо ва ҳам коҳиш додани имкони робита миёни гурӯҳҳои мусаллаҳ, даст ба чунин иқдом мезанад.
XS
SM
MD
LG