Ин дар ҳолест, ки вакилони маҷлиси шаҳрӣ, гурӯҳи 20-нафарии миёнрав, халифаҳо ва намояндагони маҳаллаҳои Хоруғ хостори ҳарчи тезтар омодани президент Раҳмон ба Бадахшон шудаанд. Ин талаби намояндагони мардум дар мулоқоташон бо раиси вилояти Бадахшон Қодири Қосим ва вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев, ки рӯзи 27-ум август дар толори бинои шаҳрдории Хоруғ баргузор шуд, садо дод.
Аммо ҷониби ҳукумат гуфтааст, ташрифи президент вақти бештар мехоҳад ва барои ин бояд корҳои омодагӣ, аз ҷумла бунёди иншоотҳо тезонида шаванд. Ба қавли онҳо, бинои маъмурии мақомоти ноҳияи Шуғнон, дар маркази навтаъсиси ноҳия дар деҳоти Поршневи, яке аз чунин иншоот ба ҳисоб меравад.
Вазири дифоъ гуфтааст, бинобар эътидоли авзоъ дар Хоруғ, интизор меравад, ки дар нимаи авали моҳи сентябри соли ҷорӣ раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз Бадахшон дидан намуда дар маросими таҷлили 80-солагии шаҳри Хоруғ иштирок намояд. Гуфта мешавад, ки ба ин муносибат президент пойдевори ду сохтмони навро хоҳад гузошт.
Қаблан эълон шуда буд, ки 80-солагии Хоруғ дар авохири моҳи август баргузор ва дар он президент иштирок мекунад. Баъдан Қодири Қосим, раиси вилояти Бадахшон, гуфт, ҷашни ҳаштодсолагии Хоруғ ба рӯзҳои таҷлил аз рӯзи истиқлолият монда шудааст, аммо маълум нест, ки оё раисиҷумҳур дар он иштирок хоҳад кард ё не.
Дар ҳамин ҳол, дар майдони "Ваҳдат"-и шаҳри Хоруғ, ки тайи тақрибан ду моҳи ахир шоҳиди ҳамоишҳои эътирозии мардум буд, имрӯз мардуми зиёде дар намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварии вилояти Бадахшон ҷамъ омадаанд. Дар ярмарка зиёда аз бист намуди мева ва сабзавот, маҳсулоти чорводорӣ ва кишоварозӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Аз ярмаркаи имрӯза вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев дидан карда ва ду сар гӯсфанд ва миқдори тақрибан 40 килограм асал харидорӣ намудааст. Мудирияти бемористони сил дар Хоруғ мегӯянд, ки вазир ин маҳсулотҳоро ба ин шифохона тақдим кардааст. Дар ин бемористон айни ҳол 40 нафар беморон табобат мегиранд.
Аксҳо: Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ба ҷои эътирозҳо дар Хоруғ.
Инчунин, сокинони Хоруғ, умдатан аз ҳисоби ҷавонон, барои назорати шаҳр ҳангоми шаб гурӯҳҳои ихтиёрӣ созмон додаанд, ки бо фарорасии шаб кӯчаву гузарҳоро назорат мекунанд. Панҷшанбе Хӯҷаназаров, намояндаи ассосиатсияи созмонҳои шаҳрии "Маслиҳат" ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи аслии ба роҳ мондани ин гурӯҳҳои ихтиёрии назоратӣ ҷилавгирӣ аз сар задани ҳар гуна дасиса дар шаҳри Хоруғ мебошад. Ӯ мегӯяд теъдоди ҷавононе, ки дар ин гурӯҳҳои ихтиёрӣ шомил ҳастанд, ба беш аз 2000 нафар мерасад.