Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси ҳизб ба Радиои Озодӣ гуфт, дарёфти ҳамчунин номаҳо ҳаққи қонунии ҲНИТ аст ва барои дифоъ аз манофеъаш омода аст, ҳуҷҷатҳои дигари муҳим ва махфиро низ расонаӣ кунад. Муовини раиси ҳизб мегӯяд, соли гузашта ҲНИТ аз масъулини Кумитаи дин шарҳи ин санадро талаб кард, аммо то ба ҳол посухе нагирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, як нафари огоҳ аз қазия гуфт, ошкор шудани нома соли гузашта дар Кумитаи дин боиси аз кор барканор кардани афроди «шубҳаангез» ва «наздик ба ҲНИТ» шуда буд, аммо пас аз он собит шуд, ки манбаи «фирори иттилоъ», на Кумитаи дин, балки идораи дигар будааст ва инро рақаме, ки дар поёни мактуб зикр шудааст, мутааллиқ ба ниҳоди дигар аст. Касе дақиқ гуфта наметавонад, ки ин рақам ба Дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон, ё ягон идораи дигари масъул дахл дорад.
Ахиран ҲНИТ дар сомонааш мактуби пӯшидаи Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон ба раисҷумҳур Эмомалии Раҳмонро нашр кард. Ин нома 16 августи соли 2010 навишта шудааст. Раиси Кумитаи дин ба президенти Тоҷикистон се пешниҳод кардааст, ки тибқи дуввумӣ, бояд аз раванди мазҳабишавии ҷомиа ба хотири амнияту субот давлат суд бардорад, на ҲНИТ.
Дар нома омадааст, мубориза бо ҲНИТ набояд ба мубориза бо ислом табдил ёбад, балки мақомот ва ҷомиа бояд донанд, ки «дин моли мардум аст, на ифодаи фикри ғаразноки ин гурӯҳ». Раиси Кумитаи дин гирифтани садди роҳи сиёсишавии исломро муҳимтарини вазифаи ҳукумати Тоҷикистон арзёбӣ карда, мегӯяд, ба хотири коҳиши нуфузи ҲНИТ бояд ҳар қонуншикании аъзои он ба мардум возеҳ расонида шуда, аз рӯи қонун муҷозот шавад. Хулосаи раиси Кумитаи дин ин аст, ки пас аз ҳамчунин тадбирҷӯиҳо, ҲНИТ «бо ғаразҳои сиёсии худ танҳо мемонад» ва давлат исломи ахлоқӣ ва ибодатиро таҳти назорат ва тарғиби хеш қарор хоҳад дод.
Кумитаи дини Тоҷикистон то ба ҳол дар ин маврид тафсилот надодааст. Дар ҳамин ҳол, масъулини ҲНИТ ин номаи Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини Тоҷикистонро як гуна заминасозие барои «протоколи 30-20» унвон мекунанд. Ин санад ҳам, ки мӯҳтавои ҷаласаи раисҷумҳур бо аъзои Шӯрои амнияти Тоҷикистонро ошкор мекард ва умдатан тадобири алайҳи ҲНИТ – ро дарбар мегирифт, моҳи феврали соли ҷорӣ дар сомонаи "Звезда.ру"-и Русия нашр шуд.
Бархе манобеъ мегӯянд, «фирори» ин санад ҳам кори дасти ҲНИТ аст, аммо масъулини ҳизб мегӯянд, дар пахши он саҳм надоранд.