Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳиш: "Ҳамла ба Эрон, бозӣ бо оташ аст"


Таъсисоти ҳастаии Эрон дар Арак.
Таъсисоти ҳастаии Эрон дар Арак.

Ҳамлаи низомии Амрико ба Эрон, хатари фурӯзон шудани оташи ҷанг дар Ховари Миёнаро дар пай хоҳад дошт.

Ин хулосаи як гузориши нав роҷеъ ба арзиш ва аҳамияти ҳамла ба Эрон аст, ки ба тозагӣ дар Амрико нашр шуд ва дар таҳияи он 30 нафар аз кормандони пешини ҳукумати Амрико, коршиносони амнияти миллӣ, афсарони бознишастаи низомӣ ширкат кардаанд.

Онҳо дар гузориш зикр кардаанд, ки ин ҳамла пояҳои контроли сиёсии режимро ба ларза меорад. Аммо нуктаи дигар ҳам таъкид шудааст, ки Теҳрон барои ин ҳамла ба таври мустақим ва ё ғайримустақим интиқом хоҳад гирифт.

Коршиносон дар ин гузориш ба натиҷае расидаанд, ки ҳамла аз як сӯ метавонад мӯҳлати эҷоди бомбаи ҳастаиро барои чанд сол ба таъхир андозад, вале аз сӯи дигар ҷомеаи Эронро ба ҷонибдорӣ аз режими Теҳрон раҳнамун месозад ва мавқеи режим қавитар мешавад.

Ин гузориш ба ҳукумат хулоса ва ё пешниҳоде надодааст, балки гуфтааст, ки фақат амалиёти низомӣ муваққатан барномаҳои ҳастаии Эронро бозмедорад ва барои ин кор бояд ба хоки Эрон ворид шуд.

Ҳамлаҳои Амрико метавонад муҳимтарин таъсисоти ҳастаии Эронро вайрон кунад, вале барномаҳои ҳастаиро боз намедорад, ба таъхир меандозад ва ин ҳамла Ҷумҳурии Исломиро таҳрик медиҳад, ки бомбаи ҳастаӣ созад.

Дар гузориш омадааст, агар ин ҳамларо Амрико ва Исроил як ҷо анҷом диҳанд, эҷоди бомбаи ҳастаӣ аз ду то чаҳор сол ақиб хоҳад афтод. Агар Исроил худаш танҳо ин ҳамларо анҷом диҳад, эҷоди бомба то ду сол ба таъхир гузошта мешавад. Генерали бознишаста Франк Карней ин гузоришро қабул дорад, гарчӣ гуфтааст, ки “касе наметавонад нерӯи маънавӣ ё мағзҳоро нобуд кунад”.

Вале коршинос Ҷеймс Волш-яке аз муаллифони гузориш дар ин бора назари дигар дорад: “Шумо метавонед аз амалиёти низомӣ кор бигиред ва ба густаришдиҳандагони дигари аслиҳаи ҳастаӣ, чӣ дар Ховари Миёна ва чӣ дар қисматҳои дигари сайёра, паёми тарсонанда бифиристед ва бигӯед: Хуб, агар шумо ҳам талош кунед, ин сарнавишт ба шумо ҳам меояд. Хулоса, шумо ба муттаҳидони Амрико дар саросари ҷаҳон, мисли Арабистони Саудӣ дубора итминони хотир медиҳед, ки ба ҳарифонатон иҷоза нахоҳед дод, то аслиҳаи ҳастаӣ бисозанд ва битарсонанд”.

Бо вуҷуди ин, Томас Бикеринг - намояндаи пешини Амрико дар СММ мегӯяд, чунин ҳамла “забони Эронро дароз” мекунад ва метавонад ба ин кишвар баҳонае бидиҳад, ки бубинед дар оянда барои ҳимоят аз ҳамлаи таҷовузгарон, режими Эрон ба аслиҳаи ҳастаӣ ниёз дорад.
XS
SM
MD
LG