Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон русӣ ҷои худро ба англисӣ медиҳад?


Дар Тоҷикистион чаҳоряки ҷавонони то 25-сола забони русиро намедонистаанд.

Оҷонсии "Евразийский монитор" дар Маскав бо анҷоми пажӯҳише гуфтааст, чаҳоряки ҷавонони то 25-солаи тоҷик забони русиро намедонанд. Бино ба натиҷаҳои ин пажӯҳиш, истифодаи забони русӣ дар маъракаҳои расмӣ ва муошират дар кӯча низ дар муқоиса ба соли 2000-ум ду маротиба коҳиш ёфтааст.

Аммо ин тадқиқот муайян карда, ки 70 дарсад (фоиз)-и ҷавонони тоҷик майли омӯхтан ва ё беҳтар кардани сатҳи забони русии худро доранд. Муаллифони ин пажӯҳиш мизони баланди майли ҷавононро барои омӯхтани забони русӣ ба имкони кор ва муҳоҷират ба Русия рабт додаанд.

Ин дар ҳолест, ки шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русияро то 1 миллион нафар баровард мекунанд ва надонистани забонӣ русӣ аз мушкилоти умдаи муҳоҷирони тоҷик унвон мешавад. Фаррух Суяров, як ҷавони тоҷик, ки ду соли умрашро дар муҳоҷират дар Русия сипарӣ кардааст, мегӯяд аз надонистани забони русӣ хеле азият мекашид: "Дар Русия чанд муддат кор мекардам ва дарк кардам, ки донистани забони русӣ чӣ гуна муҳим аст. Агар забони русиро донӣ, корҳои хеле сабуктарро бо маоши баланд пайдо кардан мумкин аст. Вале чун аксар ҷавонони мо забонро намедонанд, танҳо ба корҳои вазнину сиёҳ ҷалб мешаванд, ки маоши ночиз дорад."

Дар ҳоле ки ҳазорҳо нафар ҷавонони тоҷик ҳамасола роҳ сӯи Русия мегиранд, сиёсати давлати Тоҷикистон дар қиболи таълими забони русӣ дар солҳои охир зиддунақиз аст. Соли 2009-ум Тоҷикистон ба қонуни забонаш тағйирот ворид кард, ки мувофиқи он забони тоҷикӣ ягона забони расмии давлатӣ эълон ва забони русӣ аз мақоми забони муоширати байни миллатҳо маҳрум шуд. Аммо дар Қонуни асосӣ забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо дар Тоҷикистон шинохта шудааст, ки ин бо қонуни забон муғойират дорад.

Бо он ки муҳоҷират дар Русия як василаи аслии пешбурди зиндагии аксари хонаводаҳои тоҷик аст, ба таълими забони русӣ дар мактабҳо таваҷҷӯҳи ҷиддиеро низ қоил набудаанд. Муслима Ҷонова, муаллимаи забони русии яке аз мактабҳои ҳамагонии пойтахт, дар сӯҳбат бо мо чунин гуфт: “Дар мактабҳои ҳамагонӣ дар як ҳафта ду соат дарси забони русӣ гузаронида мешавад, ки ин кофӣ нест. Дар ҳоле ки ба забони англисӣ таваҷҷӯҳ бештар аст ва ҳини тадриси ин забон хонандагон ба гурӯҳҳо ҷудо мешаванд.. Агар дарси забони русӣ ба 40 талаба якҷоя таълим дода шавад, дарси забони англисӣ барои 15 нафар омӯзонида мешавад.”

Хонум Муслима ҳамчунин афзуд, муҳоҷирати гурӯҳи бузурги русзабонон аз Тоҷикистон ва адами имкони муошират боис шуда, ки дониши забони русии ҷавонони тоҷик сол то сол поин равад. Ба гуфтаи нозирони умур, аксари муҳоҷирони тоҷик дар Русия кори сиёҳ мекунанд ва як омили аслие, ки ин артиши бузург ҳеҷ аз қайди кори сиёҳ берун намеояд, ҳамин мушкилоти забонист. Ба гуфтаи онҳо, мутаассифона, дониши забони русии муҳоҷирони тоҷик хеле ночиз аст ва умдатан бо як миқдори хеле ками калимаву ибораҳое, чун “Подай кирпич” ё “Бери лопату” маҳдуд мешавад.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG