Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

"Ҳукумат моро ба оғӯши мухолифон тела медиҳад"


Саймиддин Дӯстов, раҳбари созмони ҷамъиятии "ИНДЕМ"
Саймиддин Дӯстов, раҳбари созмони ҷамъиятии "ИНДЕМ"

Масъулони торнамои "Тоҷнюс" мегӯянд, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бидуни кадом огоҳӣ саҳфаи онҳоро бастааст.

Раёсати созмони ҷамъиятии "ИНДЕМ", ки муассиси торнамои "Тоҷнюс" аст, рӯзи 20-уми сентябр бо пахши як баёния аз маҳдуд шудани дастрасӣ ба ин саҳфа нигаронӣ карда, онро хилофи Қонуни асосии кишвар донист. Масъулони ин торнамо мегӯянд, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бидуни кадом огоҳӣ саҳфаи интернетии онҳоро бастааст.

Саймиддин Дӯстов, раиси созмони "ИНДЕМ", ба Радиои Озодӣ гуфт, шурӯъ аз 8-уми сетнябри соли ҷорӣ бо дастури Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дастрасӣ ба торнамои "Тоҷнюс" дар бахши тоҷикии Интернет ё Тоҷнет маҳдуд гардидааст. Ҷаноби Дӯстов мегӯяд, бо иттилое, ки дастрас кардааст, ин дастур аввал тариқи "СМС" ё паёмак ва баъд дар як номаи расмӣ аз тарафи Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқа, ба ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет расидааст.

Масъули "ИНДЕМ" дар сӯҳбат бо мо аз он изҳори таассуф кард, ки ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет, ба гуфтаи ӯ, "ин дастури ғайриконститутсионии Хадамоти алоқаро" пуштибонӣ карда, домени "Тоҷнюс"-ро масдуд сохтаанд.

"Мо иқдоми мазкурро хилофи талаботи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои соҳавӣ дониста, онро поймол намудани ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон барои дастрасӣ ба иттилооти мустақил, озодии баён ва гуногунандешӣ, эҷоди монеа барои амалӣ намудани фаъолиятҳои касбии журналистӣ ва дар кул хатар ба амнияти иттилоотии кишвар арзёбӣ менамоем",-таъкид шудааст дар баёния.

Раҳбари созмони ҷамъиятии "ИНДЕМ" дар баёнияи худ ин амали Хадамоти алоқаро ҳадафмандона медонад, ки ба бовари ӯ расонаи онҳоро ба оғӯши мухолифони ҳукумати феълӣ дар арафаи интихоботи президенти Тоҷикистон тела медиҳад.

Дар поёни ин баёния зикр шудааст, ки созмони "ИНДЕМ" мунтазири шарҳи вазъи ба амаломада аз тарафи Хадамоти алоқа ва ширкатҳои дастракунандаи интернет дар Тоҷикистон мебошад.

Тайи ду моҳи ахир бо дастури Хадамоти алоқаи Тоҷикистон чанде аз торнамоҳои дохиливу хориҷи кишвар, аз ҷумла "Азия-Плюс", Би-би-сӣ, РИА Новости, Ютюб, дастнорас шуда, бархеи онҳо дубора фаъол шуданд. Ин иқдом пас аз шурӯи амалиёти низомии нерӯҳои давлатӣ дар шаҳри Хоруғ рӯи даст гирифта шуд.

Масъулони торнамои "Азия-Плюс", ҳоло дастрасӣ ба он барқарор шудааст, мегӯянд, дар тӯли ин муддат онҳо як гурӯҳ аз хонандагон ва ҳамчунин рекламадиҳандагони худро аз даст додаанд.
XS
SM
MD
LG