Бархе аз аҳзоби сиёсии мухолиф дар Тоҷикистон ахиран хостори ислоҳоти ҷиддии қонуни интихобот шудаанд. Аммо суоли аслӣ ин аст, ки оё аҳзоби сиёсӣ барои ширкат дар интихоботи навбатии раёсати ҷумҳурӣ то куҷо омодаанд ва чӣ нақшаҳое доранд? Интихоботи президентии соли оянда аз интихоботи қаблӣ чӣ фарқу махсусиятҳое хоҳад дошт?
Дар ин зимина тайи як мусоҳиба бо Раҷаби Мирзо, таҳлилгари тоҷик, нахуст аз ӯ пурсидем, омодагӣ ва талошҳои аҳзоби сиёсии кишвар ва умуман дигар созмонҳоро барои ширкат дар ин маърака чӣ гуна арзёбӣ мекунад. Яъне дар муқоиса ба интихоботи пешин онҳо фаъоланд ё баръакс заиф шудаанд?
Раҷаби Мирзо: "Мо муддати 6 соли охир, яъне аз маъракаи интихоботи президентии гузашта то имрӯз як фазои умумии сиёсии пуррақобату шиддатнокеро надоштем. Дар соли 2006-ум аҳзоби сиёсӣ як қадар парешон шуданду аз майдон берун рафтанд ва фазое ба вуҷуд омад, ки дигар маълум нест. Умуман потенсиал ва зарфиятҳои сиёсии Тоҷикистон ба як шакли номуайяну номушаххас табдил ёфт. Дар ин байн, ки дигар ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон имкониятҳо худро маҳдуд диданд ва ҷойи онҳоро гирифт дигар созмонҳои навпайдо, созмонҳое, ки дар асл вуҷуд надоранд. Дар ҳамин доира то андозае ҲНИТ худро гум накард. Ҳатто Ҳизби сотсиал демократ, ки то андозае ба як нерӯи шаклгирифта табдил ёфта буд, дар ҳамин муддат заъфи худро нишон дод."
Озодӣ: Ба ҷуз аз Ҳизби халқӣ-демократӣ то ба ҳол дигар ягон ҳизбу созмоне аз пешбарии номзадии худ ба ин интихобот эълон надоштааст. Сабаби ин чист? Фикр мекунед, касе ҷуръати ширкат дар ин интихоботро хоҳад кард?
Раҷаби Мирзо: "Мувофиқи қонун дар бораи интихобот, ҳизбҳои сиёси имкон доранд, ки 3 моҳ қабл аз ин маърака дар бораи номзад ва ширкат кардан ё накардани худ сӯҳбат кунанд. Аммо он чӣ ки ба қарори Ҳизби халқӣ-демкоратии Тоҷикистон дар бораи пешниҳоди номзадашон бештар равона шуда буд ба нерӯҳои хориҷӣ ва кишварҳое, ки дар ин минтақа ва Тоҷикистон манфиат ҷустанӣ мешаванд. Яъне, ҳоло рӯшан гуфтан мумкин нест, ки ин ҳизб Эмомалӣ Раҳмонро пешниҳод кардан мехоҳад ё каси дигарро. Азбаки фазо муайян нест, сару садоҳои зиёд мешунавем, ки онҳо дар бораи номзади ягона ба як мавқеи муайян омада наметавонанд. Азбаски худи фазо ва худи муҳити сиёсии мо нерӯи худро нишон надодааст, дар ин гуна ҳолатҳо мешавад як иқдоми ғайримунтазира ва номзадҳои ғайримунтазираро интизор шуд ва ба зудӣ аз шахсияти худ дарак диҳанд."
Озодӣ: Бархеҳо ҳадс мезананд, ки интихоботи соли оянда ба фарқ аз интихоботи қаблӣ "гармтар" хоҳад буд, чун дар ростои он созмону чеҳраҳои наву бонуфузе аз худ дарак додаву фаъол шуданд. Ба назари Шумо ин интихобот аз интихоботи соли 2006 то куҷо фарқ хоҳад кард?
Раҷаби Мирзо: "Дар Тоҷикистон ва тамоми кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна аҳзоби сиёсӣ дар интихобу мавқегириашон аз худашон мустақилияти том надоштанд, барои ҳамин имрӯз дар назардошти ҳамин ҳодисаву ҳолатҳое, ки дар минтақа ба вуҷуд меояд, маънии онро дорад, ки интихобот воқеан ҳам гарм хоҳад шуд, ба фарқ аз интихобҳои қаблӣ."