Омӯзиши забони модарӣ аз хонавода, кӯдакистон ва мактаб оғоз мешавад,-- гуфт раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи расмии бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ дар Душанбе. Вай падару модарон ва муаллимонро масъули ин кор номид, аммо афзуд, шеваи таълими забони тоҷикӣ дар мактабҳо кӯҳна шудааст.
"Усули таълими забони модарӣ бар асоси шеваҳои кӯҳна қобили истифода набуда, ин сабку равиши таълим бояд таҷдиди назар карда шавад. Зеро чунин усули таълими забони модарӣ барои соҳибзабонон ва намояндагони забонҳои дигар, ки сокини кишвар мебошанд, чандон самарабахш нест",-таъкид кард ӯ. Раисиҷумҳур ба масъулини Вазорати маорифи кишвар супориш дод, дар мавриди навсозӣ ва такмили усули таълими забони давлатӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаву касбӣ ва олӣ дар кӯтоҳтарин фурсат тадбирҳо андешанд.
Таҳлилгарон мегӯянд, ҳарчанд дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон чандин сол қабл шеваҳои нави омӯзиши предметҳои дарсӣ роҳандозӣ шудааст, аммо то ҳанӯз дар Тоҷикистон роиҷ набуда, аз ҷумла барои омӯзиши забони модарӣ, равандҳои интеректив ва ё фаъолгардонии шогирдон мушоҳида намешавад. Маҳмуд Шоев, котиби матбуотии Вазорати маорифи Тоҷикистон, гуфт, дар пайи супориши президент барномаи таълимии фанни забони модарӣ таҷдиди назар шуда, бояд методикаи таълимии ҳамин фан дигар карда шавад.
Шоев гуфт, "Вазорати маориф дар оянда тасмим дорад, дар доираи ислоҳоти соҳаи маориф тамоми фанҳои дарсиро таҷдиди назар карда, ба талаботи имрӯза мувофиқ созад." Ҳамчунин, ин масъули вазорати маориф шикоятҳо дар мавриди онро ки толибилм мактабро хатм мекунаду ҳатто қоидаҳои имлоро намедонад, рад накард.
Зебо Умарова, омӯзгори яке аз мактабҳои пойтахт, мушкили асосии надонистани забони модариро ба таъсири забонҳои дигар, аз ҷумла русиву англисӣ марбут донист. Ба гуфтаи хонум Зебо, ҷавонон бо донистани ду-се калима забони русӣ ё англисӣ худро забондон мешуморанд ва бо ҳамин забони модарии худро фаромӯш мекунанд. Мавзуна, хонандаи сифи даҳум дар яке аз мактабҳои Душанбест ва аз як сӯҳбати кӯтоҳе, ки бо ӯ доштем, аён шуд, хонандаи синфи даҳум ҳатто бо забони тоҷикӣ озод сухан гуфта наметавонад. "Хай дар як ҳафта ду-се бор дарси забон мехонем, даже дар ёдам нест, ки аз кадом сол ин фанро мехонам. Хай медонам, исму сифат, феъл. Иншо менависем...",-чунин буд баёни ин хонанда.
Дар ҳамин ҳол коршиносон яке аз сабабҳои асосии суханвар набудани ҷавонону донишҷӯёнро ба паст будани сифати таълим дар муассисаҳо рабт медиҳанд. Профессор Баҳриддин Камолиддинов мегӯяд, воқеан усули таълим дар мактабҳои кишвар кӯҳна шудааст ва дигар он шевае, ки танҳо муаллим сухан мегуфту хонанда хомӯш менишаст, забон омӯхтан номумкин аст. Аз ҷониби дигар, ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, набудани омӯзгорони ботаҷриба боиси коста шудани омӯзиши забони модарӣ дар мактабҳо шудааст. Ӯ илова кард, "муаллимони ботаҷриба синнашон ба нафақа расиду аз мактаб дур шуданд, сатҳи сифати таълим дар мактабҳо коста шуд ва муаллимони ҷавон, ки ба кор омаданд, қудрати омӯзонидани забони тоҷикӣ ё забонҳои хориҷиро надоранд. Дар муассисаҳои таълимии кишвар ҳастанд омӯзгороне, ки худашон бо забони модарӣ сухан гуфта наметавонанд, пас, чигуна хонанда метавонад аз ин гуна устод сабақ бигирад?"
Ёдовар мешавем, Тоҷикистон тайи 20 сол Иди забонашро ҳар сол 22-юми июл таҷлил мекард, вале парлумони Тоҷикистон 5-уми октябри соли 2009 тарҳи нави Қонуни забонро тасвиб кард ва рӯзи Иди забонро низ ба 5-уми октябр кӯчонд, ки иттифоқан зодрӯзи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ҳаст. Аммо бо гузашти 20 сол аз тасвиби қонун забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон ба гунаи забони коргузорӣ истифодаи комил надорад.
Навори нав: Чаро забони адабӣ забони гуфтугӯӣ нашуд?