“Ба номи Аллоҳ”, “нон занад”, “кӯр шавам”, “қасам ба шири модарам”... Ин чанд намуна аз савганд ё қасами сокинони мусалмони Тоҷикистон аст, ки гоҳу бегоҳ аз забони онҳо садо медиҳад.
Ҷомеашиносони тоҷик мегӯянд, дар муқоиса ба солҳои пеш ҳоло қасам хӯрдан ё савганд ёд кардан дар ҷомеаи кишвар афзудааст. Ин нуктаро равоншинос Маҳмуд Кабирӣ ҳам тасдиқ карда гуфт, ба далели ин ки нобоварӣ ё беэътимодӣ дар миёни сокинон авҷ гирифтааст, аксарият барои ба даст овардани бовари дигарон ё сафед кардани худ аз қасам сипар месозанд. “Яъне, вақте имкони аз даст рафтани чизе вуҷуд дорад ва ё ягон кори муҳиме ҳаст, ки бояд иҷро шавад, мардум бо чизҳои барояшон муқаддас қасам мехӯранд. Онҳо қасамро василаи ҳалли мушкили худ медонанд”,-афзуд ӯ.
Равоншинос Маҳмуд Кабирӣ мегӯяд, қасамҳое, ки ҳоло аз забони сокинони кишвар садо медиҳанд, як навъи дурӯғанд. Ин аст, ки пешниҳод дорад, бояд мақомот ё ниҳодҳои фарҳангии кишвар барои аз миёни бурдани, ба гуфтаи ӯ, ин падидаи номатлуб кӯшиш ба харҷ диҳанд. "Вагарна ҳама ба номи Аллоҳ қасам мехӯранду ҳам сифати Парвардигорро паст мезананд ва ҳам чанд дарсад бовари боқимонда миёни одамонро аз байн мебаранд",-бовар дорад ҳамсӯҳбати мо.
Ӯ афзуд, “ҳанӯз барвақт аст, ки ин зуҳуроти номатлубро пешгирӣ кунанд. Тавассути радиову телевизон бояд барномаҳо таҳия карда, зарари қасамҳои бардурӯғро баён кунанд. Ё аз онҳое, ки қасами беҷо ва дурӯғ мехӯранд, ҷарима ситонда шавад. Ё тавассути домуллоҳое, ки амри маъруф мекунанд, наврасонро аз ин кор бояд боздоранд...”
Қасам хӯрдану савганд ёд кардан, агар он дурӯғ бошад ва ё инсон қасам бихӯраду бар асоси он амал накунад, аз нигоҳи дини мубини Ислом гуноҳ дониста мешавад. Дар китоби "Ақида ва фиқҳи ҳанафӣ"-и Шамсиддини Мутаҳҳарӣ ҳам омадааст, “шахси мусалмон аз ёд кардани қасам ба ноҳақ бипарҳезад”.
Ҳамдиллоҳи Раҳимзода, яке аз имомхатибони масҷиди ҷомеи Душанбе, мегӯяд, "вақте қасам қасами дурӯғ бошад, гуноҳи вазнин аст. Паёмбари Ислом мегӯяд, вақте инсон бардурӯғ қасам мехӯрад, ба ҳамин андоза дар гуноҳ ғута хоҳад зад. Чи хеле, ки мо сангро даруни об мепартоем ва он дар об паноҳ мешавад, дар гуноҳ ғарқ хоҳад шуд."
Рӯҳониёни тоҷик мегӯянд, кафорати қасам ин аст, ки нафари қасамхӯрда даҳ фақирро субҳу шом ғизо ё дукилоӣ гандум ё ҷав диҳад ва ё даҳ мискинро либос бипӯшонад. Агар ба иҷрои инҳо имкон надошта бошад, бояд се рӯз пайи ҳам рӯза бигирад. Агар нафаре, ки дар замони зиндагияш натавониста, ки кафорати қасами хӯрдаашро пардозад, бояд васият намояд, ки ворисонаш аз дороии ӯ кафораташро пардозанд.
Ҳамдиллоҳи Раҳимзода ба паҳлуи дигари қасам ишора карда мегӯяд, савганд хӯрдан танҳо ба номи Аллоҳ ва сифоти ӯ дуруст аст. Ба гуфтаи ӯ, касе ҷуз ба номи Аллоҳ қасам мехӯрад, ба мисли паёмбару Каъба, қасамаш ҳисоб нахоҳад шуд.
Ба қавли равоншинос Маҳмуди Кабирӣ, аз сабаби он ки падару модар ва ҳам нон барои мардуми мо азизанд, ба номи онҳо низ қасам мехӯранд, то ҳамсӯҳбати худро ба ҳарфҳо ва ё даъвояшон бовар кунонад.
Бо ин ҳол, имрӯзҳо аз хурд то бузург барои ба даст овардани бовари якдигар ва ё сафед намудани худ қасам мехӯранд. Дар гузашта ҷойгоҳи қасам воло буд ва аксарият ба он ба унвони як лафзи муқаддас бовар мекарданд. Аммо ҳоло мардум қасамро як навъи фиреб мепиндоранд ва ба он чун ваъдае, ки охираш ё фиреб аст ва ё бевафоӣ нигоҳ мекунанд.