Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои уламои Тоҷикистон ба суроғи муҳоҷирон рафтааст


Сайидмукаррами Абдулқодирзода
Сайидмукаррами Абдулқодирзода

Ҳайати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо гурӯҳи муҳоҷирон дар бархе аз шаҳрҳои Русия низ дидор хоҳад кард.

Як ҳайати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар Русия қарор дорад ва гуфта мешавад, бо гурӯҳе аз муҳоҷирон низ дидору мулоқот анҷом хоҳад дод. Ин ҳайатро Сайидмукаррами Абдулқодирзода раҳбарӣ дошта, сафари онҳо то 17-уми октябр идома мекунад.

Як манбаъ дар Шӯрои уламо ҳадафи сафари ин ҳайатро ширкат дар яке аз конфронсҳо дар Қазон унвон кард, аммо гуфт, бо истифода аз ин фурсате, ки барояшон даст додааст, мехоҳанд бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз наздик сӯҳбат карда, аз мушкили онҳо огоҳ шаванд. Аз ин пештар, бархе аз хабаргузориҳо низ гуфта буданд, ҳайати Шӯрои уламои Тоҷикистон дар шаҳрҳои Маскав ва Уфаву Қазон бо гурӯҳи муҳоҷирон дидору мулоқот анҷом хоҳанд дод.

Баъд аз Тӯраҷонзодаҳо

Сафари ҳайати Шӯрои уламои Тоҷикистон ба Русия ва он ҳам барои дидору мулоқот бо муҳоҷирони тоҷик дар ҳоле иттифоқ меуфтад, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ бародарон Тӯраҷонзодаҳо, аз рӯҳониёни саршиноси кишвар, тӯли тақрибан як моҳ дар бархе аз шаҳрҳои Русия бо муҳоҷирон мулоқот доштанд. Нуриддин Тӯраҷонзода, маъруф ба Эшони Нуриддиноҷон, пас аз чанд рӯзи сафараш ба Русия дар яке аз сӯҳбатҳояш гуфта буд, ин сафари онҳо дар роҳи Худост ва мақсадашон ҳам насиҳат гуфтани муҳоҷирон аст, ки аз хонаводаи худ дур набошанд ва вазоифе, ки шариат ба дӯши онҳо ҳамчун мард ва раҳбари хонавода гузоштааст, фаромӯш нанамоянд.

Ин сӯҳбати бародарон Тӯраҷонзодаҳо, ки дар сафҳаҳои мухталифи интернетӣ нашр шуда буд, ба бозорҳои дискфурӯшии Тоҷикистон ҳам роҳ ёфт. Аммо ахиран Корхонаи давлатии кино ва видео ҳамроҳ бо мақомоти интизомӣ, ин наворҳоро, ки ба гуфтаи онҳо “ғайриқонунӣ аз интернет нусхабардорӣ” ва фурӯхта мешуданд, аз дӯконҳо гирифтанд.

"Сафари сиёсӣ"

Аммо бархе аз гурӯҳҳо бовар доранд, ки сафари рӯҳониёни узви Шӯрои уламо дар як соли пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳадафи сиёсӣ дорад, то он ки насиҳативу омӯзиши мушкили муҳоҷирон. Дар ҳоле ки ба гуфтаи Муҳаммадалии Ҳайит, яке аз масъулони Ҳизби наҳзати исломӣ, ин сафар на бо хоҳишу дархости худи муҳоҷирон сурат мегирад.

Ӯ афзуд, "фикр мекунам, онҳо бо дастури Кумитаи дин ва ҳукумат ба он ҷо рафтаанд, то фаъолиятҳое, ки бародарон Тӯраҷонзодаҳо ва Ҳоҷӣ Мирзо доштанд, то андозае хунсо созанд. Аммо ба ҳама маълум аст, ки Шӯрои уламо миёни мардум маҳбубият надорад. Зеро дар давраи раҳбарияти гузашта ва кунунии ин ниҳод қонунҳое қабул шуданд, ки барои озодиҳои динӣ монеа эҷод мекунанд. Аз ҷумла, қонуни озодии виҷдон ва созмонҳои динӣ ва қонун дар бораи масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзанд."

Ниёзи муҳоҷирон

Ба ин тартиб, дар чанд соли охир гурӯҳи зиёди рӯҳониён, аз ҷумла Мулло Абдураҳиму Ҳоҷӣ Мирзо ва дигарон ба шаҳрҳои мухталифи Русия рафта, бо муҳоҷирон сари сӯҳбат нишастаанд. Як муҳоҷири тоҷик, ки ҳоло дар вилояти Тюмени Русия кору зиндагӣ дорад, низ гуфт, аз масъалаи издивоҷ бо духтарони рус сар карда, то хондани намозу гирифтани рӯза дар муҳоҷират суолҳое ҳастанд, ки аксарият посухи шаръии онро намедонанд ва ниёз ба сӯҳбатҳои рӯҳониён доранд.

Донишманди тоҷик Шокирҷони Ҳаким, ки бештар аз як соли охир дар Русия зистааст, мегӯяд, гурӯҳе аз рӯҳониён ва шахсиятҳои алоҳидаи рӯҳонӣ дар миёни муҳоҷирони тоҷик аз маҳбубияти хосе бархӯрдоранд ва таъсири онҳо болои муҳоҷирон бештар аст. Аммо нигаронии ин донишманди тоҷик аз он аст, ки бештари муҳоҷирони тоҷик, ки ҷавононанд, аз илми диниву дунявӣ бархӯрдор набуда, имкон дорад, ҳар лаҳза таҳти таъсири гурӯҳе ва ё шахсиятҳое қарор бигиранд.
XS
SM
MD
LG