Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интернет - даричаи деҳот ба ҷаҳони хориҷ


Дар деҳоти Тоҷикистон тамоюли пайвастан ба шабакаи ҷаҳонии интернет густариш меёбад.

Ҷавонон барои омӯзиши корбурди компютер ва огаҳӣ аз хабарҳои тоза, нотбук мехаранд ва ҳатто дар ҳар деҳаи дурафтода, ки соатҳо аз барқ маҳрум аст, нотбукҳои худро истифода мекунанд.

Баъзеҳо мегӯянд, ки ҷавонон доштани нотбук дар деҳотро мисли мошинҳои гаронбаҳо василаи ифтихору манзалати худ медонанд. Вале коршиносон бар ин ақидаанд, ки чунин ифтихор падидаи муваққатист ва бо афзоиши сафи корбарони компютеру интернет дар деҳот он ба василаи маъмулӣ табдил хоҳад ёфт.

Иқбол Ҳоҷиев аз деҳаи Пишанзаи ноҳияи Айнӣ дар яке аз ширкатҳои телефонҳои ҳамроҳи шаҳри Душанбе кор мекунад. Вай мегӯяд, солҳои ахир аз ин деҳаи хурд шуморе аз ҷавонон ба шабакаи интернет пайвастаанд. Ба гуфтаи Иқбол, Фарҳод яке аз онҳост, ки мехоҳад истифодаи компютерро ёд бигирад ва ба кӯдаконаш низ ёд диҳад: “Ҳафтаи гузашта Фарҳод аз як деҳаи дурдасти ноҳияи Айнӣ, аз деҳаи Пишанза пул равон кард, то ки ман ба вай компютер харам ва аз интернет барои хондани хабарҳои нав истифода барад. Мо аз Душанбе нотбук харидем ва равон кардем. Ҷавонони зиёд аз ҳамин як деҳаи хурди дурдаст ба шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст шудаанд”.

Ба гуфтаи Иқбол, рӯзномаву маҷаллаҳо дертар ба деҳот мерасанд ва интернет холигоҳи хабарӣ ё иттилоотиро пур мекунад. Худи Фарҳод дар як сӯҳбати телефонӣ ба радиои Озодӣ ин гуна изҳори ақида кард: “Чун дар деҳа зиндагӣ мекунем, мақсадамон сатҳи дониши кӯдаконамонро баланд бурдан аст. Аз интернет истифода карда аз ахбори ҷаҳонӣ огоҳ мешавем. Ба мактабу ҷамъият ҳам онро то ҳади имкон мерасонем”.

Асомиддин Атоев, раиси Академияи иттилоот ва коммуникатсияи Тоҷикистон мегӯяд, ҷавонони деҳот баъд аз пайвастан ба интернет аз бозиҳои саргармкунанда
Асомиддин Атоев
Асомиддин Атоев
худдорӣ мекунанд, зеро ҳақи истифодаи интернет гарон аст. Гузашта аз ин, чунин падида холигоҳи байни шаҳру деҳотро аз байн мебарад ва имкон дорад, ки дар деҳот низ блогҳои интернетӣ пайдо шавад. Вай мегӯяд: “Овардани компютер ба деҳоти Тоҷикистонро чанд соли пеш муҳоҷирони корӣ оғоз карданд. Онҳо ба ҷои мангитофону телевизор ё бухориҳои барқӣ барои фарзандонашон нотбук меоранд, на компютери рӯи мизӣ, ба хотири он ки дар деҳот ҳама вақт барқ вуҷуд надорад”.

Бо вуҷуди ин, ки вазорати маорифи Тоҷикистон барномаи компютерӣ кардани мактабҳои деҳотро таҳия кардааст, вале падару модарон мустақилона роҳҳои истифода аз таҷҳизоти замонавиро ба фарзандонашон ёд медиҳанд, зеро мушкилоти иқтисодӣ иҷрои ин барномаи ҳукуматиро ба таъхир андохтааст.
Ҳоло ҳукумат барои иҷрои ин барнома ба мактабҳои деҳот компютерҳои рӯи мизӣ медиҳад ва ин кор бо шароити бебарқии деҳот дар фасли зимистон чандон созгор нест.

Асомиддин Атоев мегӯяд, вазорати маориф ҳангоми иҷрои ин барнома бояд аз равандҳои табиии бозор истифода кунад, равандҳое, ки худи мардум ба он майл доранд. Харидории нотбук ва нетбук барои мактабҳо беҳтарин роҳи иҷрои ин барнома аст.

Дар деҳоти Тоҷикистон гоҳо сару садоҳое ба гӯш мерасад, ки гӯё соҳибони нотбуку интернет онро мисли мошинҳои муҷаллал барои худ василаи ифтихору дороӣ медонанд. Оқои Атоев ин сару садоҳоро рад намекунад, вале ин гуна эҳсосотро муваққатӣ ва зинаи гузариш медонад, зеро бо афзоиши сафи корбарони компютеру интернет дар деҳот он ба як дастгоҳи маъмулии ҳали масъалаҳои рӯзгор табдил хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG