Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Лондон, шоми имрӯз, рӯзи 27-уми октябр, бо ҷавони дӯстдоштаи худ издивоҷ кард. Базми арӯсии ӯ дар тарабхонаи "Аноҳито"-и шаҳри Кӯлоб баргузор шуд. Дар ин маъракаи раиси шаҳри Кӯлоб ва ҳамчунин намояндагони Идораи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ низ иштирок карда, Мавзунаро табрик намуданд.
Худи Мавзуна чанд лаҳза пеш аз базми арӯсӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ сӯҳбат анҷом дода ва гуфт, издивоҷаш маънои аз майдони бокс канор рафтани ӯро надорад. Ҳамон тавре Чориева гуфт, қабл аз ташкили базми арӯсӣ ӯву номзадаш машварат кардаанд, ки Мавзуна пас аз издивоҷ метавонад боз ба саҳнаи бокс баромада, ба муборизаи худ идома диҳад. Вай гуфт, ҳадафаш аз ин издивоҷ ба дунё овардани фарзанд аст.
"Табибон ба мо гуфтанд, ки то ҳафтмоҳагии кӯдак агарчӣ ба майдони бокс намебароям, аммо метавонам тамрин кунам. Пас аз он кӯдакамро дар ихтиёри модарам гузошта ба майдони бокс бармегардам",-илова кард ӯ.
Бону Мавзуна мегӯяд, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ аз издивоҷи ӯ огоҳ аст ва ӯ бо дуои президент оила барпо мекунад. Ба ин тартиб, вай овозаҳо дар бораи гӯиё розӣ набудани президент ба издивоҷи барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012-ро рад кард.
Мавзуна дар бораи номзади худ -- Амон зиёд ҳарфе нагуфт, аммо танҳо инро баён дошт, ки бо ҳамсараш чаҳор соли пеш ошно шуда, якдигарро дӯст доштаанд. Қаблан Мавзуна эълом дошта буд, ки бо номзадаш машварат кардаанд, то чаҳор соли дигар, замони баргузории Бозиҳои 31-уми тобистонаи олимпӣ издивоҷ намекунанд. Аммо дар бораи он ки чаро тасмимашро тағйир додааст, чизе нагуфт.
Мавзуна Чориеваи 19-сола аз миёни 16 варзишгари тоҷик танҳо нафаре буд, ки ба дарёфти медали биринҷии Бозиҳои сиюми тобистонаи олимпӣ дар Лондон (2012) мушарраф шуд. Ин қаҳрамонӣ ба маҳбубият ва маъруфияти ӯ дар ҷомеаи Тоҷикистон афзуд ва аксарият ба ӯ "духтари қаҳрамон" ном гузоштанд. Худи Мавзуна ваъда додааст, ки дар бозиҳои олимпии оянда ҳарифонашро шикаст додаву барои Тоҷикистон медали тило хоҳад овард.
Ёдовар мешавем, ба Мавзуна Чориева барои ин дастовардаш шаҳрдории Душанбе манзили сеутоқа, шаҳрдории Кӯлоб як манзили панҷҳуҷрагӣ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон як манзили дуҳуҷрагӣ тӯҳфа намуданд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Мавзуна Чориеваро бо ордени "Шараф" ва 200 ҳазор сомонӣ ҷоизаи президентӣ сарфароз гардонд. Инчунин, раисони вилоятҳои Хатлону Суғд ва бархе аз соҳибкорон ба Мавзуна ҷоизаҳои пулӣ тақдим карданд.
Вале ба гуфтаи устодаш Мирзо Шамсиев ба Мавзуна Чориева то кунун тӯҳфаи эълонкардаи “Ориёнбонк” – мошини сабукрави “Лексус” супурда нашудааст.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!