Зеро аксари сиёсатмадорон ва соҳибназарон дар Тоҷикистон бо он, ки ҳаққи раъйдиҳиро надоштанд, аммо умедвор буданд, ки Барак Обама дубора курсии раёсатҷумҳурии Амрикоро ба даст хоҳад овард.
Сӯҳроб Шарифов, вакили порлумон ва собиқ раиси маркази мутолеоти стратегӣ, вобаста ба раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, маҳз сиёсати дуруст ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ Обамаро ба пирӯзӣ расонид: «Он сиёсате, ки Обама дорад, сиёсати прогматикӣ мебошад ва вай ҳаракат карда истодааст, ки дар чорчубаи қавонини байналмилалӣ сиёсатҳои ҷаҳониро пеш барад. Муҳим он аст, ки Обама масоили хеле доғи ҷаҳонӣ, ба хусус қазияи Эронро талош дорад на ба таври зурӣ, балки бо роҳи дипломатӣ, аз тариқи гуфтугӯ ва мусолиҳа ҳал кунад».
Ҳамакнун Сӯҳроб Шарифов мегӯяд, бо он ки сиёсати Амрико пас аз пирӯзии Обама дар муносибат бо Осиёи Марказӣ тағйири ҷиддие нахоҳад кард, аммо Амрико ба манзури таъмини субот дар Афғонистон ҳамкориро бо кишварҳои ҳамсояи он, ба хусус Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф идома хоҳад бахшид.
Аҳзоби ҷанбаи демократӣ дошта дар Тоҷикистон низ аз пирӯзии Барак Обама, ки номзади Ҳизби демократ аст, истиқбол карданд. Амният Абдуназаров, ҳамраиси Ҳизби Умумимиллии Сотсиал-Демократи Тоҷикистон пирӯзии Обамаро тантанаи демократия ва ҳуқуқбунёдӣ дар Амрико унвон кард ва гуфт, ИМА бори дигар як интихоботи шафофу демократиро ба намоиш гузошт, ки метавонад намунае барои баргузории интихоботҳои бидуни тақаллуб дар кишварҳои пасошуравӣ, ба хусус Тоҷикистон бошад.
Ҷаноби Абдуназаров бар ин бовар аст, ки Амрико бо он ки сиёсати оромонаеро дар муносибот бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ рӯи даст дорад, вале мекӯшад, то аз роҳи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва молӣ ба ҳадафи сиёсии хеш бирасад: «Албатта Амрико бо таваҷҷӯҳ ба ҳузури Русия хуб медонад, ки дар Тоҷикистон камтар шонс дорад, вале новобаста ба ин, ҳеҷ гоҳ манфиатҳои давлатии хешро поин намегузорад. Ба воситаи кӯмакҳои иқтисодӣ метавонад, ҳадафҳои сиёсии худро пеш гузорад.Аз сӯи дигар ҳар кишвари абарқудрат хуб медонад, ки Тоҷикистон имрӯз заъифтарин кишвар ва онҳо бо шонс ва усулҳои хоси худ ба Тоҷикистон таъсир хоҳанд гузошт.»
Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки ғояҳои сотсиалистиро пуштибонӣ мекунад, зоҳиран нисбат ба интихоби дубораи Барак Обамаи демократ бетафовут аст. Шодӣ Шабдолов, раҳбари ин ҳизб мегӯяд, сарфи назар аз натиҷаҳои интихоботи ИМА, Тоҷикистон бояд бештар дар пайи манофеъи худ бошад: «Тоҷикистон, ки дар ҳайати ИДМ аст ва бо таваҷҷӯҳ ба ин 1, 5 миллион шаҳрвандони мо дар Русия ҳасту рӯзгори худ ва хонаводаашонро бо маблағи беш аз 3 миллиард доллар таъмин мекунанд, барои Тоҷикистон ин ҷониб, яъне Русия бояд дар афзалият бошад. Агар мо ҳамаро дар дасти иттиҳодияҳои кооператвии амрикоиву инглисӣ диҳему баъд сармоягузории ҳамсояҳои худ, назири Русия, Белорус, Қазоқистон ва дигар ҳамсояҳоро танг кунем, ин қобили қабул нест».
Раҳбари коммунистҳои Тоҷикистон бар ин аст, ки ҳамкории Тоҷикистон бо ИМА бояд дар чорчуби манфиатҳои иқтисодӣ сурат гирифта, ба равобити Душанбе бо кишварҳои ИДМ, ба хусус Русия ва ҳамчунин бо Чин халал наорад.
Дар ҳамин ҳол Сюзан Эллиот, сафири ИМА дар Тоҷикистон дар як маросими истиқбол аз пирӯзии Барак Обама, ки рӯзи чаҳоршанбе дар меҳмонхонаи Ҳайят Реҷенсии шаҳри Душанбе сурат гирифт, итминон дод, ки вай ба унвони намояндаи президенти Амрико барои густаришу тақвияти ҳамкориҳо бо Тоҷикистон аз худ дареғ нахоҳад дошт.
Алоқамандии дипломати амрикоӣ ба рушди муносибот бо Тоҷикистон дар ҳолест, ки то кунун мақомоти Душанбе пирӯзии дубораи Барак Обама ба маснади президентии ИМА -ро ҳанӯз шодбош нагуфтааанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки президенти Тоҷикистон дар чунин маворид одатан танҳо пас аз табрикоти дигар раҳбарони минтақа, паёми шодбошӣ мефиристад.