Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

PhD - унвони нави илмӣ дар Тоҷикистон


Бинои Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон.
Бинои Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон.

Ҳукумати Тоҷикистон қарор кард, ки дар кишвар унвони нави илмӣ мавсум ба PhD таъсис дода шавад.

Ин унвони илмӣ дар ИМА, аксари кишварҳои аврупоӣ ва ҷаҳон роиҷ буда, пас аз бакалавр ва магистр, зинаи аз ҳама болоии низоми таҳсилоти олии аксари кишварҳои ҷаҳон мебошад.

Тавре маълум шуд, таъсиси ин унвони илмӣ дар Тоҷикистон иқдоме будааст, ки зери фишори вазъият ва аз ноилоҷӣ ба миён омадааст. Раҷабалӣ Сангов, роҳбари Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маорифи Тоҷикистон рӯзи 18-уми январ дар суҳбат ба "Озодӣ" гуфт, соли гузашта Комиссияи олии аттестатсионии Русия ё ВАК, ки унвонҳои илмии олимони тоҷикро тасдиқ мекунад, фаъолияти чанд шӯрои илмиро дар Тоҷикистон қатъ кард. Ба ин далел олимони тоҷик рисолаҳои номзадии худро натавонистанд ҳимоя кунанд:

«Бинобар ин мо маҷбур шудем, ки унвонҳои илмии PhD-ро таъсис диҳем, ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон роиҷ аст. Ду рӯз қабл мактуби вазири маориф низ ба кулли муасиссаҳои илмии кишвар ирсол карда шуд. Дар ин нома аз ниҳодҳои илмӣ талаб карда шудааст, ки онҳо дар мӯҳлати кӯтоҳ тартиби таъсис ва тасдиқи шӯроҳои ҳимояи рисолаҳои номзадиро муайян карда, ба унвонии вазорат пешниҳод кунад.»

Ҷаноби Сангов афзуд, ки низоми нав зарурати ба ВАК-и Русия фиристодани ҳуҷҷатҳо ва рисолаҳои илмиро аз байн мебарад. Вай афзуд, PhD унвони муосири илмист, ки дар дигар кишварҳои ҷаҳон низ роиҷ аст.

Бояд гуфт, ки пажӯҳишгарони ҷавони тоҷик барои дарёфти унвони илмӣ маҷбуранд, қисме аз онро ҳамроҳи ҳуҷҷатҳо ба забони русӣ тарҷума карда ба ВАК-и Русия фиристанд. Ҳамчунин дар аксар арсаҳои илмӣ дар Тоҷикистон шӯроҳои ҳимояи рисолаҳо вуҷуд надошт ва олимон маҷбур буданд бо харҷи зиёди маблағ дар ҳавзаҳои илмии Русия унвони илмӣ дарёфт кунанд.

Фирӯзаи Раҳматулло, аспиранти ҷавони Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи улум дар сӯҳбат бо мо дар робита ба ин мавзуъ гуфт: “Дар Тоҷикистон дар аксар ихтисосҳо, махсусан ихтисосҳои техникӣ имкони дифои рисола вуҷуд надорад. Ин рисолаҳоро дар Маскав ва дигар шаҳрҳои калони Русия ҳимоя кардан мумкин мебошад. Лекин ин аз ҷиҳати молӣ мушкил аст. На ҳама чунин шароити иқтисодӣ доранд, ки рафта дар Маскав ва дигар шаҳрҳо рисолаашонро ҳимоя намоянд."

Хонум Фируза ин тасмими Ҳукумати Тоҷикистонро хуш пазируфта аст ва мегӯяд, ӯ ва садҳо дигар пажӯҳишгарони ҷавон ҳамакнун имконияти дарёфти унвони илмиро дар дохили кишвар ба даст меоранд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз донишмандон мегӯянд, дар дохили Тоҷикистон тасдиқ шудани ин унвони илмӣ риски густариши ришватхориву шиносбозиро бештар мекунад ва ин боиси поён рафтани сатҳи илмии рисолаҳо ва беқадр шудани унвони илмӣ мегардад.

Аммо Абдуфаттоҳ Ҳотамов, донишманди илми кимиё ва роҳбари гимназияи “Хотам ПВ” дар суҳбат ба РО гуфт, ки Тоҷикистон кишвари мустақил аст ва ҳуқуқ дорад унвони илмиро худаш ба олимон бидиҳад. Ҳотамов иброз дошт, ки дар ВАК-и Русия тасдиқ шудани унвонҳои илмӣ кафили шаффофият ва набуди коррупсия нест, бинобар ин таъсис чунин унвони илмӣ дар дохили кишвар ба маврид аст: “Олим табиатан шахси бовиҷдон аст. Илм он қадар даромади зиёд надорад, ки пора дода соҳиби унвони илмӣ шуда, сарват ҷамъ кунӣ. Касе ки роҳи илмро интихоб кард, мантиқан ӯ шахси бовиҷдон аст. Худ ба худ унвони илмӣ ҳеҷ чиз намедиҳад.

Унвони илмии PhD аз забони англисӣ ҳамчун «доктори фалсафа» тарҷума мешавад, на танҳо ба файласуфон, балки ба соири донишмандони илмҳои гуногун дода мешавад ва ба унвони анъанавии номзади илм баробар аст. Дар бархе аз кишварҳои аврупоӣ ин унвон танҳо хоси улуми башарист ва донишмандони ҳуқуқ, физика ё тиб унвони дигар доранд.

Ба гуфтаи масъулон, ҳамчунин дар қатори ин унвони илмии навтаъсис унвонҳои илмии анъанавӣ назири номзади илм ва доктори илм боқӣ монда, ҳар як олими ҷавон худ интихоб мекунад, ки аз рӯи кадом система ӯ рисолаи номзадиашро ҳимоя хоҳад кард. Онҳо бовар доранд, ки талабот ва сатҳи баланди пажӯҳишҳои илмӣ дар ҳама ҳолат ҳифз карда мешавад.
XS
SM
MD
LG