Ин хонуми ҷавон ду ҳафта пеш дар манзили зисташ дар ҳоле фавтидааст, ки кӯдаки чормоҳа дар батн дошт.
Додситони ноҳияи Фирдавсии пойтахт, Абдураҳим Иброҳимзода, 5-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки барои халал нарасонидан ба ҷараёни тафтиш ӯ аз додани маълумот дар ин бора худдорӣ мекунад. Вай афзуд, ки ҷониби ҷабрдидаро дар ин муддат бозпурсӣ накардаанд. Колбадшикофӣ нишон додааст, ки дар бадани Шаҳноза баъзе аз нишонаҳои зарб ва шиканҷа мавҷуд будаанд.
Ҷасади Шаҳнозаро шавҳараш Нурулло, фурӯшандаи мағозаи «Зебо», воқеъ дар маҳаллаи 63-уми пойтахт, шоми 21-уми феврал, ҳангоми бозгашт аз кор дар ҳоле пайдо кардааст, ки рӯйи фарши хона хобида буд. Шаҳноза 8 моҳ пеш издивоҷ карда, дар батнаш кӯдаки чормоҳа дошт.
Дар ҳамин ҳол, наздикони Шаҳноза Гулаҳмадова мегӯянд, ки агар вай аз зиндагӣ безор шуда, даст ба худкушӣ зада бошад, бояд омилони ин афсурдагии ӯ ба ҷазо кашида шаванд. Бародари Шаҳноза -- Умед Гулаҳмадов мегӯяд, ки ягона хоҳиши онҳо аз мақомоти қудратӣ ин аст, ки омилони марги хоҳарашро пайдо кунанд: “Ҳеҷ вақт як одам бе ягон сабаб даст ба худкушӣ намезанад. Хуб, агар ин худкушӣ ҳам бошад, мақомот бояд ошкор кунанд, ки хоҳарамро кӣ то ҳолати худкушӣ оварда расонидааст. Чунки ҷасади вай мавриди ташхиси тиббӣ қарор гирифта буд ва дар бадани вай осори латукӯб ва ҳатто пайи дандон низ мушоҳида мешавад.”
Шаҳноза Гулаҳмадова зодаи ноҳияи Муъминободи минтақаи Кӯлоб буда, пас аз тӯйи арӯсӣ ба манзили шавҳараш, дар маҳаллаи 63-юми пойтахт кӯчид. Ҳамсояҳои ӯ мегӯянд, зоҳиран ҳаёти навхонадорон орому осуда буд. Аммо оё чӣ чизе як наварӯси обистанро ба худкушӣ водор карда метавонад?
Доктор Маҳмуд Кабирӣ равоншиноси тоҷик мегӯяд, чанд омил метавонад як нафарро ба худкушӣ тела диҳад: ”Ҳар нафаре ки ба худкушӣ даст мезанаду аз худ дастхат боқӣ мегузорад, ин маънои онро дорад, ки ин худкушии вай эътирозӣ аст. Яъне омилҳои иҷтимоӣ, таъсири афтрофиёнаш, бетаваҷҷӯҳии онҳо нисбат ба вай ва ё нафаҳмидани мушкилоташ ӯро ба худкушӣ тела медиҳад. Ин як навъи қасос гирифтан аз атрофиён аст, ки сари вақт ба ӯ дасти ёрӣ дароз накарданд.”
Ҳанӯз худкушӣ будани ин воқеа дақиқ нашудааст, аммо бино бар иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, худкушии занон дар се моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфта бошад ҳам, масъала ҳамоно ба ҳайси яке аз дардҳои ҷомеаи Тоҷикистон боқӣ мондааст.
Бино ба маълумоти Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон, давоми соли гузашта дар кишвар 488 нафар ба ҷони худ қасд кардаанд, ки 238 нафари онҳо занон ва 95 танашон ноболиғон будаанд.
Бояд гуфт беш аз нисф, ё 240 мавриди худкушӣ дар вилояти Суғд рух дода, вилояти Бадахшон бо ҳамагӣ 13 мавриди худкушӣ дар ин руйхат дар мақоми охирин ҷой гирифтааст.
Аммо коршиносон мегӯянд, омори расмӣ баёнгари воқеият нест ва мизони худкушӣ дар дигар вилоятҳои Тоҷикистон низ на камтар аз Суғд аст. Дар аксари мавридҳо, пайвандони афроде, ки ба ҷони худ қасд мекунанд, асли қазияро пинҳон медоранд.