Шодмон Алиев, раиси додгоҳи ноҳияи Ёвон рӯзи 9 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи ҷиноии Машраб Алиев рӯзи душанбе дубора ба дасти онҳо расид ва додгоҳи ноҳия бо амри Додгоҳи олӣ ин қазияро мавриди тафтиш ва муҳокимаи дубора қарор медиҳад.
Ба иттилоъи додгоҳи ноҳияи Ёвон, афсари милиса Машраб Алиев моҳи апрели соли гузашта як сокини ноболиғи деҳаи Кӯлободи ҷамоати Чоргулро, ки номаш бо хоҳиши хонаводааш оварда намешавад, ба гумони дуздӣ боздошт карда, бо латту кӯб ва шиканҷа ӯро маҷбур мекунад, ки гуноҳи дуздиро ба гардан гирад.
Баъди чунин «сӯҳбат» дар шӯъбаи корҳои дохилӣ ин наврас аз тарс худро дар болохонаи манхилашон ба дор мекашад, вале волидонаш ӯро саривақт пайдо кардаву аз ҳалқаи дор озод мекунанд. Ин наврас танҳо баъди 3 ҳафтаи табобат дар бемористон ба худ меояд.
Додгоҳи Ёвон дар моҳи сентябри соли гузашта Машраф Алиевро тибқи банди «шиканҷа»-и моддаи 143-юми Кодекси бо ҷурми зӯроварӣ ва шиканҷа нисбат ба ноболиғ 7 сол аз озодӣ маҳрум кард. «Илова ба ин, додгоҳ беш аз 1500 сомонӣ барои табобати ҷабрдида ҷарима таъин кард,» - мегӯяд Шодмон Алиев - раиси додгоҳи ноҳияи Ёвон.
Аммо бо шикояти волидон, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев ба додгоҳи вилояти Хатлон нисбат ба ҳукми суди Ёвон эътироз оварда, онро бекор кард ва бо назардошти судури ҳукми сабук алайҳи корманди милиса, ки аз доираи вазифааш берун рафта, нисбат ба як ноболиғ бадрафторӣ кардааст, парвандаро дубора ба додгоҳи ноҳияи Ёвон фиристод, ки аз нав таҳқиқ кунанд.
Шодмон Алиев, раиси додгоҳи ноҳияи Ёвон меафзояд, ки акнун ин парванда тибқи моддаи 143 қисми 3, яъне оқибати вазинин доштани амали милиса, мавриди санҷиш қарор дода шудааст. Ба гуфтаи ӯ, агар ин ваҷҳҳо тасдиқ шаванд, Машраб Алиев метавонад барои шиканҷа ба бештар аз 7 сол дар зиндони низомаш вазнин маҳкум шавад.
Парвандаи бадрафтории Машраб Алиев яке аз мавридҳои пурсарусадо ва расонаишудаи шиканҷаву бадрафторӣ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон аст, ки ба саҳифаҳои гузоришҳои байналмилалӣ низ роҳ ёфт. Ҳомиёни ҳуқуқи башар шиканҷаву бадрафторӣ ва бо зӯр берун овардани эжътирофи гуноҳ аз даҳони гумонбаронро аз мушкилоти умдаи ниҳодҳои тафтишотии Тоҷикистон номида мегӯянд, ин масоил ба обрӯи Тоҷикистон низ латма мезанад.
Давлати Тоҷикистон таҳти фишори созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон дар моҳи феврали соли 2012 банди вижаи шиканҷаро ба Кодекси ҷиноияш шомил кард. Машраб Алиев нахустин афсари пулиси Тоҷикистон буд, ки маҳз бо ҷурми шиканҷа ҳукми зиндон гирифт. Қаблан мақомоти интизомиву амниятии гумонбар дар шиканҷаву бадрафторӣ нисбат ба боздоштшудагон дар Тоҷикистон на бо ҷурми шиканҷа, балки маъмулан бо ҷурми берун рафтан аз ҳадди салоҳияти хидматӣ маҳкум ба ҳукмҳои хеле сабук мешуданд.