Баъд аз Русияву Беларус ва Молдова Тоҷикистон низ манъи воридоти шоколади ширкати украинии "Рошен" (“Roshen”)-ро матраҳ кардааст. Расидагӣ ба таркиби шоколадҳои ин ширкат бар дӯши Хадамоти беҳдоштӣ ва Тоҷикстандарт гузошта шуда буд. Дар ин бора рӯзи шанбе намояндаи Маркази беҳдоштии Тоҷикистон дар Душанбе ба рӯзноманигорон хабар дод.
Ин сарчашма гуфтааст, ки Тоҷикистон узви Созмони Ҷаҳонии тиҷорат аст ва қабл аз тасмимгирӣ бояд ҳамаҷониба дар ин замина таҳқиқоти худро анҷом диҳад.
Аз сӯи дигар, Ибодулло Қурбонов-муовини Ожонси стандартизатсияи Тоҷикистон ба хабаргузории Азия Плюс гуфтааст, ки баъд аз хабари Роспотребнадзор дар бораи манъи воридоти шоколадҳои Рошен ба қаламрави Русия ин ожонсӣ таҳқиқоти худро анҷом додааст ва маълумоте, ки расонаҳои Русия дар бораи таркиби ин шоколадҳо навиштаанд, таъйид нашудааст.
Роспотребнадзор дар гузаштаҳо меваҳои хушки Тоҷикистон, шаробу обҳои маъдании Гурҷистон, ширу шакар ва панири Беларус, шароби Молдоваро низ мамнӯъ эълон карда буд.
Ҷаноби Қурбонов низ гуфтааст, ки манъи воридоти шоколадҳои Украина ба Русия “бозии сиёсӣ”-и ду кишвар аст.