Тайи ду рӯз аст, ки мурофиаи додгоҳии вазири пешини саноати Тоҷикистон Зайд Саидов идома дорад, вале наздикони ӯро иҷоза намедиҳанд вориди маҷлисгоҳи толори мурофиа дар боздоштгоҳи Кумитаи амният шаванд. Вакилони мудофеъи Зайд Саидов рӯзи 17-уми октябр ба Радиои Озодӣ изҳор доштанд, ки рӯзи чоршанбе мурофиаи Зайд Саидов аз сар гирифта шуд ва дар ин навбат парвандаи таҷовуз ба номуси ноболиғон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Яке аз вакилони дифоъи ӯ гуфт, «Зайд Саидов комилан даст доштани худро дар таҷовузи духтарони ноболиғ рад кард ва ин айбномаро алайҳи худ беасос донист.» Интизор меравад, ки пас аз анҷоми баррасии парвандаи «таҷовуз ба номуси ноболиғ», додгоҳ ҳукми худро нисбат ба Зайд Саидов эълон кунад.