Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соле, ки ҳузури пойгоҳи 201-ро ба 49 сол расонд


Соли 2013 Созишномаи шароити будубоши пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон имзо шуд. Ин санад ҳузури низомиёни рус дар Тоҷикистонро то соли 2043 тамдид кард.

Ниҳоӣ шудани ин созишнома ба он далел, ки аз сӯи раисони ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин 5 октябри соли 2012 ба имзо расида буд, ҷои шак надошт. Аммо раванд чаҳор рӯз кам як сол идома кард.

Интизор мерафт, ки расмиёти созишнома аз ҷониби ду тараф дар чормоҳаи аввали соли 2013 ба анҷом мерасанд ва Созишнома вориди амал мешавад. Дар ин муддат созишномаҳои муҳоҷират ва маводи нафтӣ бояд ниҳоӣ шуда, барои созишномаи пойгоҳ «роҳ» мекушоданд. Аммо чунин нашуд. Моҳи март расонаҳои Русия хабар доданд, ки бар иловаи ин шартҳо, Тоҷикистон аз Русия хостори сармоягузорӣ ба соҳаи энержии об ва модернсозии артиши миллиаш шудааст. Бино ба ин манобеъ, Владимир Путин дар оғоз ваъда додааст, ки 200 миллион доллар ба артиши Тоҷикистон кӯмак мекунад, аммо акнун Душанбе мехоҳад ин рақамро 5 маротиба бештар бинад. Ва Маскав гуфтааст, ки ин талабаро иҷро нахоҳад кард.

Бархе расонаҳои Русия талаботи Тоҷикистонро «шантаж» хонданд. Дар асл он рӯзҳо иттилое пахш шуд, ки Русия ба артиши Қирғизистон беш аз 1 миллиард доллар кӯмаки низомӣ хоҳад кард. Ин хабар дар доираҳои коршиносии Душанбе эътирозҳоро ба миён овард. Расман, аммо ғайримустақим дар ин маврид рӯзи 17 апрел худи Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи филиали Институти пӯлод ва хӯлаи Маскав -- “МИСиС” дар Душанбе эътироз кард.

Эътирози президент вақте иттифоқ афтод, ки Константин Косачев, фиристодаи вижаи президенти Русия дар ИДМ, меҳмони расмии ин маърака аз он гила кард, ки Тоҷикистон тааҳҳудоти худро пеши Русия иҷро намекунад. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, рӯи мизаш чанд пешниҳод дар бораи ифтитоҳи пойгоҳҳои низомӣ хобидааст, аммо ӯ онҳоро баррасӣ намекунад. Вай афзуд, Русия дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳ ва дигар иншооти низомиро дорад, аммо дар Маскав ба ин кишвар бар пояи иттилооти нодуруст бархӯрд нишон медиҳанд.

Ахири моҳи апрел Думаи давлатӣ Созишномаи пойгоҳи низомии 201-ро ба тасвиб расонд ва моҳи май президенти Русия Владимир Путин зери он имзо гузошт. Моҳи август Эмомалӣ Раҳмон ба мулоқот бо ҳамтои русаш ба Маскав замоне рафт, ки ҳукуматаш ин санадро ҳанӯз ба парлумон нафиристода буд. Созишномаи пойгоҳ муҳимтарин мавзӯи ин мулоқот буд. 19-уми сентябр президенти Тоҷикистон санадро ба парлумон фиристод ва ахирӣ онро 10-уми октябр ба тасвиб расонд.

Аждар Куртов
Аждар Куртов
Таъхири Душанбе мӯҷиби пеш омадани ҳадсу гумонҳои зиёд дар Маскав шуд, ки гоҳо расмӣ ишора мекард ва гоҳо тариқи расонаҳо ҳассосиятҳояшро берун мерехт, аз ҷумла инро, ки Тоҷикистон намехоҳад ин санадро ба имзо расонад.

Аждар Куртов, коршиноси сиёсати хориҷии Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегии Русия дар умури ИДМ ба Радиои «Озодӣ» гуфт, таъхири Душанбе мантиқ надошт, зеро ин пойгоҳ сирф ба Душанбе зарур буд: «Ин ҷо дар Душанбе афкори умум бар ин аст, ки пойгоҳ ба Маскав зарур аст. Аммо биёед воқеъбин бошем, ба кадом хотир? Нерӯҳои мо ҳудуди миллии Русияро ҳимоя карда наметавонанд? Метавонанд. Мо ҳамаро дорем. Аз нигоҳи ман, ин пойгоҳ беш аз ҳама ба Тоҷикистон зарур аст. Шумо мегӯед, ки бузургтарин пойгоҳи Русия дар хориҷ аст, яъне дар ҳамин шакл ба Русия даркор аст. Аммо он на амнияти Русия, балки Тоҷикистонро ҳимоя мекунад. Охир, Тоҷикистон хатарҳои бузурги низомӣ аз хориҷро дорад.»

Пойгоҳи низомии 201-и Русия бо 7 ҳазор сарбозу афсари рус дар се шаҳри Тоҷикистон-Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб мустақар шудааст. Дар «Википедия» - энсиклопедияи шабакаи ҷаҳонии интернет пойгоҳи 201 иншооти ҳузури низомӣ ва геополитикии Русия ба манзури ҳифзи манофеъи миллиаш дар Осиёи Марказӣ таъриф шудааст. Мақомоти рус онро кафили амнияти марзҳои ҷанубии ИДМ низ меноманд. Ҳамчунин яке аз рисолатҳое, ки дар Созишномаи шароити будубоши пойгоҳи низомии 201 зикр шудааст, ҳимояти марзу буми Тоҷикистон аз таҷовузи хориҷӣ аст.

Сайфуллоҳ Сафаров
Сайфуллоҳ Сафаров
Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, марзҳои амниятии Русия аз Тоҷикистон шурӯъ мешавад ва ин, ки ба Тоҷикистон ҳам зарур аст, далели раднашаванда аст:
«Пойгоҳ ҷузъи низомии амниятии мо аст. Аммо агар ба манфиати миллии Русия намебуд, ин ҷо мустақар намешуд. На фақат Русия, балки ба амнияти Қирғизистон, Қазоқистон ва ҳатто Узбакистон ҳам хизмат мекунад. Дар акси ҳол хатарҳои амниятӣ аз ҷануб ба марзи 1000-километраи Қазоқистону Русия мекӯчанд ва ба амнияти Русия бевосита таъсир мерасонанд. Онро ҳазорҳо маротиба осебпазиртар аз он мекунанд, ки ҳоло ҳаст. Барои фаъолшавии авомили экстремистиву сепаратистӣ дар Русия таъсири бевосита мерасонад»

Тамдиди ҳузури пойгоҳи 201-и Русия ба 49 сол ҳанӯз моҳи сентябри соли 2011 ҳангоми сафари Дмитрий Меведев, он замон президенти Русия ба Тоҷикистон маълум шуда буд. Мақомоти Тоҷикистон бар зарурати ин пойгоҳ таъкид мекарданд, аммо Ҳамроҳхон Зарифӣ, собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон инро ҳам афзуд, ки ҳудуди Тоҷикистон «замини падару бобои ӯву вазири дифоъ» нест ва ройгон дода намешавад. Расман ҳаҷми иҷорапулии пойгоҳ эълон намешуд. Расонаҳо дар бораи 300 миллион доллар мегуфтанд. Русия эълом дошт, ки чизе пардохт нахоҳад кард.

Ҳарфи иҷорапулӣ пас аз рад шудан аз сӯи мақомоти ду кишвар фаромӯш шуд. Ҳамроҳхон Зарифӣ ҳангоми сафари Сергей Лавров, ҳамтои русаш ба Тоҷикистон эълон дошт, ки созишномаи пойгоҳ пас аз тасвиби созишномаҳои муҳоҷират ва маводи нафтӣ имзо хоҳанд шуд. Аммо рӯзе, ки парлумони Тоҷикистон созишномаи пойгоҳро тасвиб кард, созишномаҳои дигар ба имзо нарасида буданд. Созишномаи муҳоҷират моҳи октябр ба тасвиб расид, аммо созишномаи интиқоли маводи нафтиро Русия ҳанӯз имзо накардааст.

Сӯҳроб Шарифов
Сӯҳроб Шарифов
Суҳроб Шарипов, узви парлумони Тоҷикистон дар посух ба ин суол, ки «чаро созишномаҳои дигар пас зада шуданд ва оё парлумон онро ба хотири ба даст овардани пуштибонии Русия аз Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии моҳи ноябр тасвиб кард?», гуфт, дар шароити кунунӣ пеши Тоҷикистон вазифаҳои стратегии дигар пеш омаданд ва ба хотири ҳалли онҳо зарурати тасвиби пойгоҳ пеш омад. Вай афзуд, созишномаҳои дигар дар формати дигар дар доираи барномаи вуруд ба Иттиҳоди гумрукӣ ҳалли худро пайдо мекунанд:
«Мо бояд як нуктаро дарк кунем, ки манофеи Тоҷикистон танҳо имрӯзу пагоҳ нестанд. Пас аз соли 2020 ҳам ба охир намерасанд. Агар мо ҳукумати бомаҳсул бошем, бояд андешаи 30 – 50 соли ояндаро кунем ва инро ҳам, ки фарзандони мо дар кадом фазо зиндагӣ хоҳанд кард. Аз нуқтаи назари стратегӣ, иқдоме, ки мо кардем, дуруст аст ва ояндаи дурахшони фарзандони моро таъмин мекунад»

Ба ҳамин минвол, соли 2013 ҳузури низомии Русия дар Осиёи Марказӣ бар иловаи 70 соли Шӯравӣ дар Тоҷикистон ба 30 соли дигар тамдид шуд. Дар қиёс ба онҳое, ки аз ин тамдид хушбин ҳастанд, онҳое ҳам кам нестанд, ки мегӯянд, Тоҷикистон то 30 соли дигар истиқлолияти худро ба далоили амниятӣ ба гарав гузошт. Ҳар чӣ набошад, соли 2013 бо сарнавишти пойгоҳи 201 ва ҳузури низомии Русия дар Осиёи Марказӣ пайваст ва то чанд даҳаи дигар маҳз ба ин хотир ёдоварӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG