Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, гуфт, ирсоли сарбозони Украина ба шарқи кишвар, “баробар ба ҷинояти мақомот алайҳи мардум” аст ва “оқибатҳои бад” хоҳад дошт.
Путин дар ин бора дар шаҳри Санкт Петербург баъд аз он сухан гуфт, ки мақомоти Украина аз пешрафт дар рондани ҷудоихоҳон дар шарқи кишвар хабар дод. Владимир Путин амалиёт алайҳи ҷудоихоҳони Русиягароро, “танбеҳи” ин мардум номид ва ҳукумати ғарбгарои Украинаро “хунта ва ё як даста” хонд. Раиси ҷумҳури Русия афзуд, ки таҳримоти эъмолкардаи Ғарб, аз ҳоло таъсири манфӣ ба иқтисоди Русия гузоштааст, вале на таъсири зиёд.
Чанд соат пеш аз ин изҳорот вазири корҳои хориҷии Русия Ғарбро ба оташ задани инқилоби ранга барои "табдили ғайриқонунии режим" дар Украина айбдор кард. Дар суханроние дар Донишкадаи равобити байнулмилалӣ дар Маскав, вазири корҳои хориҷии Русия рӯзи 24-уми апрел, Сергей Лавров, Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупоро ба роҳандозии боз як "инқилоби рангин" дар Украина ба хотири барканории раисиҷумҳури пешини ин кишвар Виктор Янукович айбдор кард.
Вай ҳушдор дод, ки Украина ҳамчун "мӯҳрае дар бозии геополитикӣ" зидди Русия истифода шудааст. Аммо ӯ афзуд, пешниҳоди президенти Русия, Владимир Путин ба ҳамаи тарафҳо барои эҷоди эътидол дар иқтисоди Украина ва таъмини газ дар байни шарикони хориҷии Русия ҳамовозӣ пайдо кардааст. Вай гуфт, Маскав интизор дорад, ки ин пуштибонӣ дар ояндаи наздик аз сухан ба амал гузарад.
Изҳороти Лавров дар ҳоле садо медиҳад, ки Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико аз омода шудани таҳримҳои нави зидди Русия хабар дод. Вай таъкид кард, ки барои оғози таҳримҳо ба ҳимояти муттаҳидонаш ниёз дорад ва ӯ дар ҳоли омода кардани ин пуштибониҳо аст. Раиси ҷумҳури Амрико, ки саргарми дидор аз Ҷопон аст, ҳамчунин гуфт, ки то кунун Русия аз "рӯҳия"-и созишҳои Женева пайравӣ накардааст.
Ба гуфтаи раиси ҷумҳурим Амрико, афроди мусаллаҳ ҳамчунон ба ишғоли биноҳои давлатӣ дар шарқи Украина идома медиҳанд ва Маскав гоме барои пешгирӣ аз ин амалкарди тарафдоронаш набардоштааст.
Дар ҳамин ҳол НАТО бо ибрози нигаронӣ аз лаҳни тундомези Маскав барои мудохилаи низомӣ дар Украина, аз Русия хост, то ба созишномаи Женева пойбанд бимонад. Муовини дабири кулли НАТО аз Русия хост, амалкарди хушунатомези гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар шарқи Украинаро маҳкум кунад ва ҳар чӣ зудтар нерӯҳои низомии худро ба пойгоҳҳои худ бозгардонад ва хатари даргириҳои низомиро коҳиш диҳад. Ҳафтаи гузашта НАТО эълом кард, ки дар вокуниш ба вазъи Украина, ҳузури низомӣ дар марзҳои шарқии худро афзоиш медиҳад.
Дар ҳамин ҳол Вошингтон гуфтаҳои вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар мавриди кӯмакҳои молии Амрико барои Украинаро радд кард. Вазири умури хориҷии Русия рӯзи чаҳоршанбе бо ишора ба боздиди Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳури Амрико аз Киев ва ин ки ин боздид бо амалиёти "зидди террористӣ"-и нав дар шарқи Украина ҳамроҳ шуда, гуфт ки далеле вуҷуд надорад, ки Амрико саҳнагардони ин вазъият бошад.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ҳушдор дод, ки агар ба манофеъи кишвараш дар Украина таҳдид сурат бигирад, Маскав ором наменишинад. Ӯ дар сӯҳбат бо телевизиони давлатии инглисизабони Русия гуфт: “Агар ба мо ҳамла кунанд, мо албатта посух медиҳем. Агар ба манофеъи мо, манофеъи қонунии мо, манофеи русҳо мустақиман ҳамла сурат бигирад, мисли онки дар Осетияи Ҷанубӣ шуд, барои мо ҳеҷ роҳе ба ғайр аз посух додан бар тибқи қонунҳои байналмилалӣ вуҷуд надорад. Ҳамла ба шаҳрвандони Русия ҳамла бар зидди Русия аст."
Пештар аз ин баёнияи Сергей Лавров, Олександр Турчинов, раиси ҷумҳури муваққати Украина амр дод, ки амалиёти ба гуфтаи ӯ, зиддитеррористӣ алайҳи ошӯбгарони тарафдори Русия дар шарқи Украина аз сар гирифта шавад. Олександр Турчинов амри худро ба пайдо кардани ду ҷасаде бо осори шиканҷа дар назди шаҳри Словянск иртибот дод, ки таҳти контроли ҷудоихоҳони Русиягаро аст. Яке аз ин афрод, узви ҳизби Олександр Турчинов будааст.