Мақомоти тоҷик тасмим дорад квотаи таҳсил ба Русияро кам ва барои кишварҳои аврупоӣ бештар кунанд. Як сабаби ин иқдом саркашии бархе аз ҷавонон будааст, ки бо маблағи давлат донишгоҳҳои Русияро хатм кардаанд, аммо аз бозгашт ва идомаи фаъолият дар кишвар худдорӣ мекардаанд.
Дар робита ба ин ва дигар масоили марбут ба таҳсили ҷавонони тоҷик дар кишварҳои хориҷ сӯҳбате доштем бо Самариддин Афғонов, раҳбари Барномаҳои байналмиллалии вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва ибтидо аз пурсидем, имсол тибқи квотаи «Дурахшандагон» қарор аст чӣ теъдод довталаб ва дар кадом кишварҳо ба таҳсил фаро гирифта шаванд?
Самариддин Афғонов: Маркази Барномаҳои байналмиллалӣ дар ду самт кор мекунад, яке стипендияи байналмиллалии президенти Тоҷикистон «Дурахшандагон» ва дигар тибқи квотаҳои умумие, ки аз тарафи дигар кишварҳо барои Тоҷикистон ҷудо мешавад. Вобаста ба стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» имсол тибқи хоҳишу дархостҳое, ки ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешниҳод шудааст, нақшаи омода кардани кадрҳо дар хориҷи кишвар ҳам шуд. 93 нафар барои таҳсил дар хориҷи кившар пешниҳод шудаанд. Аз ин 36 нафар дар риштаи бакалавр, боқӣ дар риштаи магистр, аспирантура, докторантура ва коромузӣ фаро гирифта мешаванд. Агар то соли 2012 барои таҳсил дар ин зинаҳо донишҷӯёни тоҷик ба давлатҳои Муштаракулманофеъ фиристода мешуданд, аз соли 2013 ба хориҷи дур, махсусан Аврупову Амрико ҳам ирсол мешаванд. Ҳамин тариқ соли 2013 мо аз тарафи ин стипендия 6 нафарро ба Аврупо ба Лаҳистон, як нафарро ба Маҷористон равон кардем. Имсол тасмим дорем 3 нафарро ба Амрико, Олмон, Австрия ва Ҷумҳурии Чех барои идомаи таҳсил фиристем. Аллакай ин донишҷӯён интихоб шудаанд ва ҳоло мо бо донишгоҳҳои ин кишварҳо барои муайян кардани ихтисосҳо кор бурда истодаем. Имсол квотаҳо ба ҳама кишварҳо бештар аст. Соли гузашта мо дар маҷмӯъ 2359 нафарро ба хориҷи кишвар равон карда будем, имсол ният дорем ин шумора ба 2500 нафар бирасад. Танҳо ба Ҷумҳурии Чин мо имсол 280 донишҷӯ равон кардем, ки аз моҳи август ба таҳсил шурӯъ мекунанд.
Озодӣ: Тартиби интихоби довталабон барои таҳсил дар хориҷи кишвар чигуна аст, яъне дар ин озмунҳо бештар ба чӣ таваҷҷӯҳ мешавад?
Самариддин Афғонов: Вобаста ба квотаҳои умумӣ масалан, барои Русия новобаста ба ихтисосу донишгоҳи интихобкарда, донистани забони русӣ ҳатмӣ аст. Барои Аврупо бошад донистани забони англисӣ ва ё довталаб бояд сертификати махсус дошта бошад. Намояндагони аксар кишварҳо худ омада тариқи озмун довталабонро интихоб мекунанд. Барои Русия аввал диктант бо забони русӣ аст ва дар имтиҳони дувум довталаб вобаста ба ихтисосе, ки интихоб мекунад, тест месупорад.
Озодӣ: Аммо сару садоҳо дар мавриди ба таври ношаффоф тақсим шудани квота ё бурсияҳои таҳсил дар хориҷ ҳам зиёд аст. Масалан, бархе бар инанд, ки аксари онҳое, ки аз тариқи стипендияи «Дурахшандагон» дар хориҷ таҳсил мекунанд, фарзандони афроди мансабдоранд. Шумо чӣ мегӯед?
Самариддин Афғонов: Бале чунин сару садоҳо ҳам ҳаст. Аммо бубинед аз ҳамон 7 нафаре, ки соли гузашта, тарки таҳсил карданд ва мо бо роҳи мусолиҳатомез хостем, ки онҳоро ё ба таҳсил баргардонем ё маблағи ҷудошударо аз онҳо бигирем, падари ягон нафари онҳо корманди давлатӣ ё нафари мансабдор набуд. Барои як нафари онҳо, ки аз ҳама зиёд беш аз 17 ҳазор доллар сарф шуда буд ва мо хостем ӯро ба додгоҳ кашем, баъдан фаҳмидем падараш муаллими як донишгоҳ будааст ва ҳоло ин донишҷӯ дар хизмати ҳарбӣ аст ва мо бо Донишгоҳи энергетикии Маскав, ки ин ҷавон он ҷо таҳсил мекард, мувофиқа кардем, ки баъди рухсат шудан аз хизмати ҳарбӣ, ӯ метавонад ба таҳсил баргардад. Чанд нафари дигар мбалағҳоро баргардонданд. Хулоса новобаста аз он, ки падару модари ҷавон кӣ аст, ба даст овардани квотаи таҳсил дар хориҷ аз худи ҷавон вобаста аст.
Озодӣ: Билохира онҳо ҳама баргардонданд маблағро?
Самариддин Афғонов: На аслан аз инҳо ду нафар маблағро баргардонд, ду нафари дигар то моҳи декабр маблағро бармегардонанд, чун онҳо мардикоранд дар Русия ва хоҳиш карданд барояшон то моҳи декабр мӯҳлат диҳем. Як нафар дар хизмат ва фақат як нафар мондааст, ки баъди хатм дар Русия мондааст. Ӯ соли 2013 он ҷо шаҳрвандӣ гирифтаву бо аҳлу оилааш зиндагӣ мекунад. Мо бо ӯ ҳеҷ тамосе надорем ва ин бароямон каме мушкил пеш овардааст, мо фақат як маълумот дорем, ки хонаи хонаводаи ин духтар ҳоло ин ҷо холӣ аст ва тасмим гирифтем ба вазорати адлия муроҷиат кунему ин хонаро ба ҳабс гирем ва ба ин восита мумкин аст 6 ҳазору 424 долларе, ки аз буҷаи кишвар барои ин нафар сарф шудааст, баргардонем.
Озодӣ: Ин донишҷӯ кӣ аст?
Самариддин Афғонов: Охунова Фотима аст, хатмкардаи Донишкадаи санъат ва ҳунари шаҳри Маскав аст, ки бояд тибқи шартномаи байни марказ ва стипендиа, баъди хатм ба Тоҷикистон баргашта, 5 сол инҷо фаъолият мекард.
Озодӣ: Вақте бо ин ҷавонон сӯҳбат мекунед, чӣ мегӯянд, чаро баъди хатм ба кишвар барнамегарданд?
Самариддин Афғонов: Аслан як таззод аст, пеш аз дохил шудан ҳама як гап доранд, мегӯянд, мехоҳанд хатм кунанду баргашта дар пешрафти кишвар саҳми худро гузоранд. Ин як шиор шудааст. Аммо баъди курси 3 ва хатми донишгоҳ андешаҳо тағйир меёбад. Аслан сар аз соли 2006 бештар донишҷӯёни мо ба Руссия барои таҳсил фиристода мешаванд ва дар ин кишвар, ки гирифтани шаҳрвандӣ осон шудааст, шаҳрвандӣ мегиранд ва дигар мегӯянд, мо шаҳрванди Русия ҳастем ва фикрҳо дигар мешавад. Ба ин хотир мо кӯшиш дорем дар оянда ба Русия камтар ва ба Аврупо бештар донишҷӯ фиристем. Чун дар Аврупо чунин имконият нест, хоҳад нахоҳад, ҳатман бармегардад ва он ҷо ба донишҷӯ имкон намедиҳанд, ки вай шаҳрвандӣ кунаду кор кунад. Мо муқоиса кардем, бо он маблағе, ки мо як мутахассисро дар Аврупо омода мекунем, аз бархе аз донишгоҳҳои Русия арзонтар аст. Дар Русия барои як донишҷӯ аз 2 то 10 ҳазор доллар сарф мешавад. Дар Аврупо ҳам ҳамин тавр.
Озодӣ: Аммо бархе аз ин хатмкунандаҳо ва донишҷӯёне, ки дар хориҷ таҳсил мекунанд, дар сӯҳбат мо аз он шикоят мекарданд, ки баъди бозгашт ба ватан ва иҷрои ваъдаи худ, наметавонанд ҷойи кори муносибе пайдо кунанд ва бо он маоше, ки барояшон пешниҳод мешавад, наметавонанд зиндагии худро пеш баранд?
Самариддин Афғонов: Медонед, пеш аз дохил шудан мо бо довталабон сӯҳбат мекунем ва мегӯем, ки масалан аз Кумитаи геология ҷой ҷудо шудааст ва баъди хатм шумо баргашта дар ин кумита, 5 сол бо маоши ё 300 ё 500 сомонӣ кор мекунед. Он вақт ҳама розӣ мешаванд.
Озодӣ: Имрӯз худи ҷавонон дар кадом кишварҳо таҳсил кардан мехоҳанд ва давлат барои таҳсили ҷавононаш дар кадом кишварҳо бартарӣ медиҳаду ба муттахассисони кадом риштаҳо ниёз дорад?
Самариддин Афғонов: Мо бештар ба Аврупо дар соҳаи нанотехнология ва барои омӯзиши технологияи нав, бехатарии иттилоот афзалият медиҳем ва кӯшиш мекунем, ки дар донишгоҳҳои Чех, Австрия, Лаҳистон, Маҷористон таҳсил кунанд. Аз соли 2015 мо шартнома бастем бо Олмон, хоҳишмандони зиёде мехоҳанд дар Олмон ва Британия таҳсил кунанд, аммо аз сабабе ки нархи таҳсил дар Британияи Кабир гаронтар аст, мо ҳоло чунин имконро надорем. Ва талабот ба ду шаҳри Русия Маскаву Санкт-Петербург ҳам хеле зиёд аст.
Озодӣ: Дар масъалаи стипендия ё кӯмакпулии донишҷӯёне, ки аз тариқи барномаҳои давлат барои таҳсил ба хориҷ рафтаанд, то ҷое медонем донишҷӯёне, ки аз тариқи стипендияи «Дурахшандагон» дар Русия таҳсил мекунанд, аз саривақт нагирифтани маблағи стипендия ва нокофӣ будани ин маблағ барои зиндагии як донишҷӯ дар хориҷ шикоят карда буданд ва ҳатто ба президент ҳам нома навишта буданд, оё ягон тағирот шуд дар ин маврид?
Самариддин Афғонов: Аслан мо ин чиро пешниҳод кардем, аз тарафи ҳукумати кишвар барои ҳар як донишҷӯ моҳона 100 доллар стипендия муқаррар шудааст. Мо ният дорем дар солҳои оянда вобаста ба кишвар, масалан агар Аврупову Амрико бошад, стипендияро 3 маротиба зиёд кунем, чун шумораи нафароне, ки ба Амрикову Аврупо мефиристем зиёд нест.
Озодӣ: Дар масъалаи он гурӯҳи донишҷӯёне, ки барояшон иҷозаи вуруд ба Русия дода нашуд ва бештар аз як сол аст, аз таҳсил дуранд. Яке аз ин донишҷӯён ахиран ба мо муроҷиат карда гуфт, ки ӯ наметавонад дар ягон донишгоҳи Тоҷикистон ҳам идомаи таҳсил кунад. Чун наметавонад ҳуҷҷатҳояшро аз донишгоҳи Русия пас бигирад.
Самариддин Афғонов: Агар аз рӯйи стипендияи «Дурахшандагон» таҳсил мекард, тибқи шартномаи мо донишгоҳ то хатми донишҷӯ ҳуқуқ надоранд, ҳуҷҷати ӯро баргардонад. Агар стипендиати мо ҳуҷҷаташро пас бигирад, дигар аз назарҳо ғоиб мешавад ва метавонад бо ин ҳуҷҷат куҷое хоҳад бираваду аз назорати мо дур шавад.
Озодӣ: Хатмкунандагони мактабҳои миёнаи кишвар ҳоло ҳам имкон доранд, барои таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар ба марказ муроҷиат кунанд. Чӣ имкону имтиёзе доранд?
Самариддин Афғонов: Бале, ҳоло имкон доранд, дар Украина, Белорус ва Русия таҳсил кунанд. Ҳоло 10-15 донишгоҳ дар навбат аст, ба наздики намояндагони Донишгоҳи Қазон ва Уфа ба Тоҷикистон барои интихоби давталаб меоянд. Баъдан ҷумҳуриҳои дигар мисли Қазоқистон. То 10 июл қабулу ҳуҷҷатҳо идома доранд. Қабул ҳанӯз аз моҳи феврал аз Ҷумҳурии Чин шурӯъ шуда буд.