Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар интизори халосӣ аз ботлоқи фақр


Оростамоҳ Солеҳова, сокини Шӯрообод
Оростамоҳ Солеҳова, сокини Шӯрообод

Як хонавода дар Шӯроободи Хатлон солҳо боз ба зӯр аробаи зиндагии худро мекашад ва танҳо интизори муъҷизаи илоҳист, то онҳоро аз ботлоқи фақру дасткӯтаҳӣ халос намояд. Идораи омори Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло 38 дарсади аҳолии кишвар дар зери хатти фақр ба сар мебаранд.

Хонаводаи Сафар Маҳмудов, як сокини ноҳияи Шӯрообод, аз зумраи хонаводаҳои камбизоатест, ки то кунун роҳи бурунрафт аз фақрро пайдо накардааст. Ин хонавода танҳо интизори мӯъҷизаест, ки зиндагиашонро ба таври мусбат тағийр диҳад. Умед ба мӯъҷизаи эҳтимолӣ, мисли сарватманд шудани фарзандонаш ҳангоми бузург шудан, ин хонаводаро бо вуҷуди бебизоатӣ ба оянда хушбин нигаҳ доштааст.

Захираи ғизои ин хонавода, ки иборат аз 10 халта гандум аст, барои 3 моҳи дигар мерасад, аммо онҳо бо умеди “Худо подшоҳ аст ва худаш ризқи бандаро хоҳад дод”, ташвиши ҷиддие надоранд.

Ин хонавода дар як манзили бе болопӯши хеле фақирона зиндагӣ мекунад. Замоне мо вориди ҳавлии онҳо шудем, Оростамоҳ Солеҳова, ҳамсари ин мард аз орди гандумӣ нон мепӯхт: “Мо ним гектар замин дорем ва 6 халта гандум гирифтем. Молу гов надорем. Ба чанд нафар дар ҷамъоварии гандумаш кумак кардем ва захираамон ба 14 халта расид. Ҳоло 10-тоаш боқӣ мондааст. Агар инҳо тамом шуд, намедонам чӣ кор мекунем. Худо подшоҳ аст, боз аз ягон тараф медиҳад.”

Сафар Маҳмудов, сарвари ин хонадон, мегӯяд, ӯ бинобар маъюб будан имкони ба Русия рафтан надорад, то даромади бештаре ба хонаводааш ворид кунад. Аммо, мегӯяд ӯ, агар дар оняда пуле ба дасташ расад, аввалин коре, ки мекунад, боми хонаашро шиферпӯш мекунад, то дигар дар зимистон начакад.

Ӯ мегӯяд: “Ҳар сол захираи гандум дар нисф тамом мешавад, вале бо кумаки наздикону дигарон то тобистон мерасад. Қарз ҳам гирифтаам ва ҳоло 4 ҳазор сомонӣ қарздорам. Як фарзандам мехонад ва бовар дорам, ки номус дорад ва оянда моро аз қашшоқӣ берун хоҳад кард.”

Ба мисли ин хонавода аксар сокинони камбизоат дар Тоҷикистон бо вуҷуди зиндагии таваккалона ба умеди ояндаи нек ба сар мебаранд. Собир Вазиров, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, масалҳои зиёде, мисли “камбизаотӣ айб нест” ва “бо дода қаноат кун” аксари камбизоатонро ба он водор мекунад, ки талоши бештаре барои зиндагии хубтар надошта бошанд. Ин таҳлилгари ҷавон мегӯяд, мардуми камбизаоти Тоҷикистон бештар ба он умед мебандад, ки дар сурати тамом шудани захираи ғизояш ба ӯ ҳатман наздикони доротараш ва ё ҳамсоягон аз нигоҳи хайрхоҳӣ кумак хоҳанд кард ва решаи таваккалона зиндагӣ кардан ҳам бар ин асос аст.

Ҷаноби Собиров афзуд, “ин гуна таввакал марҳила ба марҳила ба хислат табдил ёфтааст, ки камбизоатиро бештар мекунад. Мардум бояд ташвиқ шавад, ки таваккал ба коре кунад, ки зиндагиашро эҳтимол беҳтар мекунад. Ҳукумати кишвар ҳам бояд дар баробари тарғиби захираи чандсола бояд дар пайи дигаргуна кардани мафкураи мардум ҳам бошанд.”

Музаффар Олимов
Музаффар Олимов

Аммо Музаффар Олимов, ҷомеашиноси дигари тоҷик мегӯяд, дар Тоҷикистон хеле кам афроде ҳастанд, ки бар асоси таваккал зиндагӣ мекунанд. Ӯ мегӯяд, ҳар нафар барои худ нақшаи зиндагӣ дорад, ки бо он амал менамояд. Ба қавли Олимов, ба мардум бояд имкон фароҳам овард, то зиндагиашро худ беҳтар кунад: “Захираи дусолаи хӯрокворӣ ин хандаовар аст. Зеро дар ду сол ҳамагуна маводи озуқа сифаташро гум мекунад. Мардум ҳар нафар барои худ нақшае дорад, аммо то куҷо нақшаи онҳо воқеӣ ва то куҷо он сода ҳаст, гап сари ин аст. Ба мардум шароит фароҳам оварда шавад, то нақшаҳояшон хубтар амалӣ шаванд.”

Зимнан, Рӯзи 17 октябр дар саросари ҷаҳон ҳамчун “Рӯзи мубориза бо фақр” таҷлил шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Оҷонсии омори Тоҷикистон мегӯяд, теъдоди камбизоатон дар ин кишвар хеле поён рафта, ҳоло танҳо 38 дарсади аҳолӣ зери хатти фақр ба сар мебаранд. Оморе, ки созмонҳои байналмиллалӣ ва коршиносон бо таҳлили вазъи воқеии зиндагии мардум ба он шубҳа доранд.

XS
SM
MD
LG