Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

FEWS: Тоҷикон дигар муҳтоҷу дастнигар нестанд


Як барномаи Оҷонси Рушди Байналмилалии Амрико мегӯяд, сокинони Тоҷикистон, ки то чанд соли пеш ғизои кофӣ надоштанду барои кумак дари созмонҳоро мекӯфтанд, ҳоло дигар муҳтоҷ нестанд.

Дар Тоҷикистон, ки то се соли пеш даҳҳо ҳазор нафар ғизои кофӣ барои хӯрдан надоштанд ва мӯҳтоҷи кумакҳои башарӣ буданд, ингуна мардуми эҳтиёҷманд намондааст. Бар асоси пешгӯии тозаи FEWS, як барномаи Оҷонси Рушди Байналмилалии Амрико, эҳтимол то зимистону баҳори соли 2015 ҳамаи хонаводаҳо дар Тоҷикистон имкон доранд, бе кумаки башарӣ эҳтиёҷоти худ бо маводи асосии ғизоиро таъмин кунанд.

Мутахассисону таҳлилгарони FEWS, ки вазъи 35 кишвари аз назари амнияти ғизоӣ заиф дар ҷаҳонро мушоҳида мекунанд, бо нашри пешгӯии тозаи худ гуфтанд, Тоҷикистон бар асоси меъёрҳои муқарраршудаи вазъи амнияти ғизоӣ ба марҳилае ворид шудааст, ки дигар тамоми хонаводаҳо худашон бе кумаки берунаи башарӣ, ба қавле нону равғану картошка пайдо карда метавонанд.

Бар асоси хулосаи мутахассисони созмон, ба мардуми ягон гӯшаи Тоҷикистон хатари гуруснагӣ таҳдид намекунад ва минтақае нест, ки мардумаш ба кумаки фаврии ғизоӣ эҳтиёҷ дошта бошанд. Айни замон беҳбуд ёфтани зиндагии мардум, маънии онро надорад, ки вазъи амнияти ғизоӣ бадтар намешавад ва ҳамчунин ба гуфтаи FEWS омору таҳлилҳое, ки дар ин замина аз Тоҷикистон мерасанд, зиёд қобили эътимод нестанд. Ба гуфтаи мутахассисон, қабл аз ҳама заҳмати муҳоҷирони тоҷик аст, ки мардуми камбизоати Тоҷикистон барои нону орду равған дари созмонҳои имдодиро намекӯбанд ва ҳукумат мисли солҳои пешин назди муассисаҳои байналмилалӣ гардан каҷ намекунад. Миллиардҳо долларе, ки ҳамасола аз Русия ба Тоҷикистон ворид мешавад, ба хонаводаҳо имкон медиҳад, хоксорона ҳам бошад, зиндагӣ кунанд.

Карим Наҷимӣ, ҳамоҳангсози собиқи FEWS дар Афғонистон, дар Тоҷикистон ҳам солҳои зиёд кор кардааст. Ба назари ӯ, вазъи феълӣ бо солҳои гузашта қобили муқоиса нест: “Бешак, амнияти ғизоии Тоҷикистон назар ба солҳои пеш, бисёр хуб шудааст. Индикаторҳое, ки мо барои Тоҷикистон дорем, масалан як индикатори калонаш, ин аст, ки чӣ қадар мардум ба Русия меравад ва дар он ҷо кор мекунад ва пул меорад. Аз ин лиҳоз вазъият хуб аст, аз он хотир ки пули зиёд меояд ва солона зиёд мешавад, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ боло меравад."

Дигар сабаб ба гуфтаи Карим Наҷимӣ, афзоиши ҳосили ғалладона, аз ҷумла гандум дар се соли гузашта дар Тоҷикистон ба беҳтар шудани амнияти ғизоӣ мусоидат кардааст. Омори FEWS мегӯяд, дар се соли гузашта ҳосили ғалладона дар Тоҷикистон бештар аз ҳадди миёна будааст ва имсол интизор доранд, 1 миллиону 300 ҳазор тонна ғалла ҷамъ оранд. Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, то рӯзи 18 август тақрибан 665 ҳазор тонна ғалла ҷамъ овардаанд ва ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 28,4 дар садро ташкил медиҳад. Дигар ин ки қимати орд, маводи аслии ғизоӣ дар Тоҷикистон назар ба соли гузашта 10 дар сад поин омадааст ва дар маҷмӯъ назар ба 5 соли гузашта 18 дар сад арзон шудааст.

Собир Вазиров, иқтисоддони тоҷик, низ ба ин назар аст, ки дар воқеъ Тоҷикистон марҳилаи эҳтиёҷ ба кумакҳои башариро пушти сар кардааст, вале тоифаҳои фақири мӯҳтоҷ ҳамеша хоҳад дошт: “Нафароне ҳастанд, ки қобилияти корӣ надоранд, нафароне ҳастанд, ки ятим мондаанд, ба кӯмаку дастгирӣ эҳтиёҷ хоҳанд дошт. Дар шароити мавҷудияти фақр, эҳтиёҷ ба кумаки башарӣ мемонад, аммо дар Тоҷикистон дар сатҳе ки эҳтиёҷ ба кумакҳои башарӣ бисёр баланд буд, ҳоло дигар ингуна эҳтиёҷ вуҷуд надорад.”

Бино ба омори расмӣ, айни замон бештар аз 35 дар сади аҳолии Тоҷикистон фақиранд ва дар як рӯз барои хӯрду хӯрок ва дигар эҳтиёҷоти рӯзгор камтар аз 2 доллар ва ё 10 сомонӣ харҷ мекунанд. Барномаи Ҷаҳонии Озуқа, ки аз соли 1993 ба миллионҳо нафар мардуми рустоҳои дурдасту фақири Тоҷикистон бо арзиши 217 миллион доллар орду равғану дигар маводи ғизоӣ тақсим кардааст, бо хулосагирӣ аз фаъолиятҳояш дар Тоҷикистон, моҳи апрел навишт, кишварҳои донор барои иҷрои барномаҳояш пул намедиҳанд, зеро ба назари онҳо “дар Тоҷикистон вазъ ба ҳадде бад нест, ки мардумаш ба кумакҳои башарӣ мӯҳтоҷ бошанд.”

Аммо бо вуҷуди ин давлати Тоҷикистон ба ҳадафи аслиаш, яъне таъмини амнияти ғизоӣ нарасидааст. Бар асоси барномаи давлатии таъмини амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистон бояд истеҳсоли маводи асосии ғизоӣ аз тарафи истеҳсолкунандагони ватанӣ на камтар аз 75 ё 80 дар сад бошад, ки нест ва аз картошкаву себ то гӯшту рӯғанро аз хориҷ ворид мекунад. Омили хатарноки дигар ин аст, ки амнияти ғизоии Тоҷикистон, ба гуфтаи Карим Наҷимӣ, осебпазир аст ва ба амалкарду табъи давлати Русия пойбанд аст, ки агар муҳоҷирони тоҷикро аз он ҷо биронад, дигар Тоҷикистон ҳеҷ чорае намеёбад.

XS
SM
MD
LG