Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Ҷаҳонӣ: "Тапак беҳтарин сӯзишвории тоҷикист"


Зане ҳангоми таҳияи тапак
Зане ҳангоми таҳияи тапак

Бонки ҷаҳонӣ ба давлати Тоҷикистон машварат додааст, ки ба хотири танзими нархи сӯзишворӣ ба истеҳсоли лӯндаҳо аз саргини чорпо ё тапак иқдом кунад.

Бонки ҷаҳонӣ дар як гузориши садсаҳифагӣ мушкилоти аҳолии Тоҷикистон дар заминаи камбуди энержиро таҳлил карда, роҳи берунрафт аз ин бӯҳронро низ нишон додааст.

Ба навиштаи гузоришгарони Бонки ҷаҳонӣ, 70 дарсади аҳолии деҳоти Тоҷикистон дар сардтарин фаслҳои сол барқ надоранд ва барои гарм кардани хонаҳо ва омода кардани ғизо асосан аз се навъи сӯзишворӣ: тапак (лӯндаҳои сӯзишворӣ аз поруи чорво), ғӯзапоя ва ангишт истифода мекунанд. Ин бонк ба Тоҷикистон тавсия додааст, ки истеҳсоли сӯзишвории табииро ба роҳ монад ва ниёзи мардумро ба энержӣ бароварда созад.

Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ғӯзапоя дар аксар мавзеъҳо аз сӯи хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҷои маош дода мешавад ва боқимондаи он дар бозор 5 сомонӣ барои як баста ба фурӯш меравад. Нархи як мошин ҳезум 800 сомонӣ буда, на ҳамаи хонаводаҳо имкон доранд онро харидорӣ кунанд. Ин аст, ки аксари хонаводаҳои рӯстоӣ аз поруи чорво тапак месозанд ва барои зимистон захира мекунанд. Хонаводаеҳое, ки чорво надоранд, тапаки арзонро аз бозор мехаранд.

Бонки Ҷаҳонӣ: "Тапак беҳтарин сӯзишвории тоҷикист"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

Махфират Бобиева, сокини деҳаи Косатарош дар бисткилометрии Душанбе зиндагӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, то замоне ки нерӯи барқ дар ҳамаи фаслҳои сол хонаҳоро гарму равшан мекард, онҳо ба ҳезуму тапак ниёз надоштанд. Он замон поруи чорво барои коркарди полезҳо истифода мешуд. Аммо ҳоло замона дигар шудааст, мегӯяд ӯ: “Барқ зимистон хомӯш мешавад. Барои ҳамин мо барои зимистон тапак захира мекунем. Бо тапак ҳам хӯрок ҳам нон мепазем ва ҳам хонаро гарм мекунем. Солҳои шӯрави бар зами барқ боз нархи ангишту газ ҳам дастрас буд. Мехаридем истифода мекардем. Ҳоло барои харидани он зӯрамон намерасад.”

Хонум Бобиева мегӯяд, бо фаро расидани зимистон тапак пурхаридортарин сӯзишвории сокинони маҳаллӣ мешавад, зеро аз ҳезум ва ангишт дида арзонтар аст. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо як дона тапак ба ҳисоби миёна аз 50 то 70 дирам аст.

Дастгоҳи биогаз
Дастгоҳи биогаз

Аммо донишмандони риштаи физика истфодаи тапак дар рустои Тоҷикистонро “примитив” ва барои муҳити зист зараровар медонанд. Онҳо мегӯянд, дар кишварҳои мутамаддин технологияи аз поруи чорво истеҳсол кардани биогаз ба таври густарда истифода мешавад ва агар давлати Тоҷикистон ҳам барои роҳандозии ин технология иқдом кунад занони деҳотро аз ранҷи тапактайёркунӣ аз ахлоти чорво раҳо мекунад.

Қурбон Кабутов, корманди Пажӯҳишгоҳи физикаи Академи улуми Тоҷикистон мегӯяд бо дастгирии молии созмонҳои байналмилалӣ чанд намунаи технологияи биогазро дар Тоҷикистон бунёд кардааст, ки ҳамагӣ бо поруи чорво кор мекунанд. “Мо дар чанд ноҳияи Тоҷикистон, аз ҷумла дар Шӯрообод, Ховалинг ва ноҳияи Рӯдакӣ таҷҳизотҳои истеҳсоли биогазро сохтем. Баъди як сол барои мониторинги кори ин таҷҳизот ҳам рафтем, мардум аз кори он қаноатманд буданд. Мо ҳамин таҷҳизотро барои намуна сохтем, ки мардум бинанду аз он истифода кунад. Аммо таваҷҷӯҳ он қадар зиёд нашуд ва ин технология ривоҷ наёфт. Мардум ҳанӯз ҳам мисли сад сол пеш тапак мекунанд.”

Ҷаноби Кабутов мегӯяд, таҷҳизоти истеҳсоли биогаз барои хароҷоти як хонавода тақрибан аз 500 то 700 доллар нарх дорад. Ӯ гуфт, ки ҳоло бар сари таҳияи дастгоҳи арзонтарест, ки барои мардум дастрас бошад.

Аммо Махфират Бобиева мегӯяд дар бораи мавҷудияти ин гуна дастгоҳ бори аввал мешунавад ва дар агар дастрас мебуд, ӯ бо камоли майл онро мехарид. “Ҳамин дуди тапак ба ки мефорад? Агар аз поруи чорво газ истеҳсол карад шавад, мо албатта тарафдори ҳамин хел дастгоҳ ҳастем.”

Бонки ҷаҳонӣ дар хулосаи гузориши худ гуфтааст, сокинони Тоҷикистон, махсусан сокинони деҳот беш аз 25 дарсади буҷаи хонаводаҳоро барои сӯзишворӣ сарф мекунанд, ки ин дар муқоиса бо ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна ва Аврупои Шарқӣ бештар будааст.

XS
SM
MD
LG