Дар пойтахтҳои Шветсия ва Норвегия рӯзи чоршанбе маросими супурдани ҷоизаҳои Нобел доир хоҳад шуд. Барандаҳои ин ҷоизаи бонуфуз ҳанӯз моҳи октябр эълон шуда буданд, аммо маросими эъто,аз рӯи анъана, 10 декабр – рӯзи даргузашти Алфред Нобел, бозаргони маъруф ва муаллифи ихтирои динамит, баргузор мешавад.
Соли равон ба дарёфти ҷоизаи Нобел 13 нафар комёб шуданд. Ҷоизаи сулҳи Нобел ба духтари 17-солаи покистонӣ Малола Юсуфзай ва ҳомии ҳуқуқи башар аз Ҳиндустон Кайлаш Сатярти 60-сола супурда хоҳад шуд.