Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аслов: Чаро "Росия сегодня" то ҳол сабтином нашуд?


Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, мегӯяд, ки Оҷонсии иттилоотии "Россия сегодня" ба чанд саволи шабҳабарнгези онҳо посух надодааст ва бинобар ин то кунун ин хабаргузориро сабтином накардаанд. Аслов, ки 4 феврал бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, "аммо ҳанӯз дар ин замина кор ҷараён дорад ва дар моҳҳои наздик маълум мешавад, ки оё сабтином хоҳад шуд, ё не."

"Россия сегодня" рӯзи 14 декабри соли гузашта як гурӯҳи бузурги кормандонашро дар Душанбе ҷавоб дод ва далелашро "бозсозии кадрӣ" номид. Ин Оҷонсии иттилоотии давлати Русия як соли пеш намояндагияш дар Тоҷикистонро боз кард, аммо ба далели сабти ном нашуданаш дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон натавонист расман корашро пеш барад.

Оҷонсии байналмиллалии иттилоотии "Россия сегодня" ​корхонаи воҳиди давлатии федералӣ аст, ки аз сӯи Владимир Путин дар заминаи оҷонсии “РИА Новости” ва радиои “Голос России” ба хотири таблиғи сиёсати давлатии Русия дар хориҷ моҳи декабри соли 2013 ташкил шудааст. Ин расона ҳоло бо номи “Спутник” низ фаъолият дорад, ки ба забонҳои мухталиф, аз ҷумла форсӣ, узбакӣ ва қирғизӣ низ хабар нашр мекунад.

XS
SM
MD
LG