Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурбониён: "Маблағгузорӣ ба нерӯгоҳи Роғун кам мешавад" (ВИДЕО)


Вазири молияи Тоҷикистон аз ошкор шудани 500 миллион сомонӣ "маблағи ғайримақсаднок" дар шаш моҳи аввали соли равон хабар дод.

Абдусалом Қурбониен, вазири молияи Точикистон дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе рӯзи 29 июл таъкид кард, танхо аудити дохилӣ ҳудуди 7 миллион сомониро ошкор намуд, ки бо дигар ҳадафҳо сарф шудаанд.

"МОШИНХАРӢ АЗ ҲИСОБИ БУҶА МУТАВАҚҚИФ МЕШАВАД"

Абдусалом Қурбониён таъкид кард, ки ба мақсади иҷрои дастури ахири раисиҷумҳур барои кам кардани хароҷоти буҷа дар ҳаҷми 450 миллион сомонӣ хароҷот барои мошинхарию биносозиро кам карда ва инчунин инро аз ҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоию нафақа иҷро хоҳанд кард. Дар пайи қарори раисиҷумҳур вазорат тасмим гирифт, ки хароҷоти дуюмдараҷа, аз ҷумла хариди мошинҳои хидматӣ, мебел, таъмири биноҳо ва сохтмони биноҳоеро, ки ҳанӯз оғоз нашудаанд, мутаваққиф кунад, афзуд ӯ.

Шарҳи вазорати молия дар бораи мушкилоти пешомада
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:16 0:00

Ба ин тартиб қарор аст, аз ҳисоби коҳиши хариди мошинҳои давлатӣ, мебел, таъмири биноҳо ва дигар хароҷоти дуюмдараҷа 300 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби Агентии ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа 150 миллион, ҷамъ 450 миллион сомонии буҷаи давлатӣ сарфа шавад.

Аммо ба гуфтаи вазири молия ҳаҷми пардохтҳои нафақа кам намешаванд ва дар шаш моҳаи оянда барои пардохти маоши кормандони соҳаи буҷавӣ ва таъмини нафақа маблдағи ҳудуди 700 миллион сомонӣ аз буҷа тахсис меёбад.

Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон қарор кард, хароҷоти давлатӣ дар ҳаҷми 450 миллион сомонӣ коҳиш дода шаванд ва тағйироти дахлдор ба буҷаи соли равон ворид гарданд..

БӮҲРОН БА БУҶА ЗАРБА ЗАДААСТ

Вазир иқрор намуд, ки бӯҳрони сиёсиву иқтисодӣ дар кишварҳои шарики тиҷоратӣ ва ҳар гуна омилҳои беруна ба иқтисоди кишвар ва, ба хусус, ба буҷаи давлатӣ таъсири амиқ расондаанд. Ӯ афзуд, ки дар шаш моҳи аввал ҳаҷми умумии буҷа ба маблағи 8,2 млрд сомонӣ ё ба андозаи 99,4 дар сад таъмин гардид.

Ба гуфтаи вазир, даромади буҷа дар ин давра маблағи 3,3 млрд сомониро ташкил дод ва ин нисбати нақша 144, 7 миллион сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 164, 5 миллион сомонӣ кам аст.

Аммо, ба гуфтаи вазир, дар ин давра рушди воқеии маҳсулоти миллии дохилӣ (ММД) 6,6 дар садро ташкил дод ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 ҳудуди 0,2 дар сад афзоиш ёфтааст.

Хамчунин сатҳи таваррум аз аввали соли равон 3,1 дар садро ташкил дода, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5 дар сад зиёд аст.

Ба иттиллои вазир, маблағи умумии қарзи берунии Тоҷикистон то 1 июни соли ҷорӣ 2,2 млрд доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва ба 35,8 дар сади ММД баробар аст.

МАБЛАҒГУЗОРӢ БАРОИ РОҒУН КОҲИШ ХОҲАД ЁФТ?

Абдусалом Қурбониён дар робита ба "Агроинвестбонк" гуфт, ки воқеан вазъи молии бонк хуб нест. Аммо гуфт, ки дар ҳамкорӣ бо созмонҳои молияӣ ба ин бонк кӯмак расонда хоҳад шуд. Дар робита ба "Тоҷиксодиротбонк" гуфт, ки ба мушкили он Бонки Миллӣ машғул аст. Вазири молия мушкилоти бонкҳоро ба фаъолиятҳои менеҷменти худи бонкҳо рабт дод ва таъкид намуд, ки агар низоми мудирият дар бонкҳо дуруст ба роҳ монда шавад, онҳо ба мушкил рӯ ба рӯ намешаванд.

Вазири молияи Тоҷикистон дар бораи нерӯгоҳи Роғун, ки барои бунёди он соли оянда аз буҷа 1 миллиарду 380 миллион сомони ҷудо хоҳад шуд. Тайи се соли ахир ҳукумат барои ин нерӯгоҳ ҳамасола 2 миллиард сомонӣ тахсис медод. Сабаби коҳиши маблағгузориро вазир чун як паёмади бӯҳрони молиявӣ ташреҳ намуд.

Абдусалом Қурбониён хабар дод, ки охирҳои моҳи октябр ё аввалҳои моҳи ноябр маҷрои Вахш баста мешавад ва маблағхо барои Роғун ҳам дар ҳамин замина ҷудо хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG