Хадамоти марзбонии Қирғизистон ба низоми шадиди ҳифзи марзи давлатӣ пардохтааст. Режими шадид бино бар баргузории Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо ва омодагӣ ба саммити сарони давлатҳои ИДМ ҷорӣ шудааст.
Дар гузаргоҳи марзии Қирғизистону Узбакистон шуруъ аз 3 сентябр рафту омади шаҳрвандон муваққатан маҳдуд шудааст.
Бо ин вуҷуд шаҳрвандони ду тараф, ки ба кишвари худ бармегарданд, бидуни монеа аз марз убур мекунанд.
Барои шаҳрвандони кишвари севум, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналхалқӣ гузаштан аз марзи давлатии Узбакистону Қирғизистон тибқи муқаррарот сурат мегирад.