Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тошканд табибон пул дода, аз пахтачинӣ халос мешаванд


Кормандони Маркази илмии ҷумҳуриявии нейроҷарроҳии пойтахти Узбакистон имсол ба ҷамъоварии пахта нахоҳанд рафт. Ҳайати кормандони беморхона тасмим гирифтаанд, ки ба ҷои рафтан ба пахтазор ҳар кадом 200 ҳазор сӯмӣ (31 доллар) супоранд.

"Шумори кормандони мо кам ва беморон зиёданд. Табобати онҳоро намешавад, ба вақти дигар гузошт", - гуфт яке аз кормандони маркази мазкур. Ӯ афзуд, ҳамаи кормандони беморхона, ҳатто ҳамшираҳое, ки маошашон на беш аз 350 (55 доллар) ё 400 ҳазор (62 доллар) сӯм аст, пул супоридаанд. Дар ин беморхона ҷамъан наздики 500 кас кор мекунад.

Ба ин корманди Маркази илмии ҷумҳуриявии нейроҷарроҳии Тошканд, ҳеч кас алоқаманд нест, ки аз ҷайби худ барои ҷамъоварии пахта пул бисупорад, вале мардум маҷбуранд. Ҳарфҳои табибони ба ғазабомадаро касе гӯш намекунад ва ҳар нафаре ҳам агар гӯяд, ки ба пахтазор намеравад, зиддаш таҳдидҳо шуруъ хоҳад шуд. Бино ба ҳисобҳо, кормандони Маркази илмии ҷумҳуриявии нейроҷарроҳии Тошканд барои нарафтан ба пахтазор ҷамъан 100 миллион сӯм ё 15 ҳазору 600 доллар хоҳанд супорид.

XS
SM
MD
LG