"Хушунати хонаводагӣ ҳеҷ гоҳ набояд пинҳон монад, вагарна мисли бемории сироятӣ доман паҳн карда, ба нафарони дигар асар мекунад." Фаъолони ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон бо таъкиди ин нукта мегӯянд, дар сурати идомаи хомӯшии занон дар баробари латту кӯби ҳамсарон ин қазияҳо онҳоро ҳар рӯз ба қасди худкушиву марг тела медиҳанд.
Дафъаи охирин бо телефон сӯҳбат кардем. Омина гуфт, ки гӯшвори духтарчааш гум шудааст ва шавҳараш се рӯз мӯҳлат додааст, ки онро пайдо кунад...Модари Омина
Фариза Ҷалолова, модари Оминаи 21-сола, ки ҷасадаш се моҳ қабл дар хонаи шавҳар ошкор шуд, мегӯяд, то ҳол намедонад сабаби марги духтараш чӣ буд. Танҳо медонад, ки духтараш ба хотири ҳифзи оромии хонавода то лаҳзаи марг дарду азобашро пинҳон доштааст.
Ҷалилова мегӯяд, талош мекард, ба зиндагии оилавии Омина дахолат накунад, вале тоза мефаҳмад, ки чунин мавқеъгириаш дуруст набуд. Вай гуфт, ҳарчанд дар се соли оиладории Омина аз чеҳраву руҳияи ӯ эҳсос мекард, ки зиндагии хубе надорад, вале духтараш дар назди модар аз шавҳару зиндагияш таъриф мекард. "Дафъаи охир бо телефон суҳбат кардем. Омина гуфт, ки гӯшвори духтарчааш гум шуд ва шавҳараш се рӯз мӯҳлат дод, ки пайдо кунад. Табъи духтарам хира буд ва ман гуфтам, ки “мабодо шавҳарат барои як гӯшвор туро латту кӯб накунад”. Вай хандиду бо ҳамин субҳи рӯзи дигар хабар омад, ки духтарам гӯё худкушӣ кардааст", - қисса кард Фариза Ҷалилова.
Гузориши видеоӣ инҷост:
"Худкушӣ як падидаи иҷтимоӣ шудааст"
Ин модар мегӯяд, бо гузашти ин ҳама муддат ҳанӯз намедонад, ки духтараш худкушӣ кард ва ё дар пайи хушунату латту кӯб аз дасти шавҳар фавтид. Мақомот ҳам дар боз кардани гиреҳи ин қазия мушкил мекашанд ва касе ҳам ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст. Танҳо баъди марги духтар аз хоҳари хурдиаш фаҳмидааст, ки Омина дар зиндагии оилавӣ хеле азоб мекашид ва шавҳараш бо камтарин баҳонаи асабоният ӯро зери мушту лагад мегирифт.
Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, мавзӯи хушунати хонаводагӣ, бо вуҷуди зиёд доман зада шуданаш дар сатҳи матбуот ва созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳамаҷониба омӯхта нашудааст. Гулҷаҳон Бобосодиқова, раҳбари созмони “Занҳои соҳиби маълумоти олӣ” гуфт, “масъалаи худкушӣ ба як падидаи иҷтимоӣ табдил шудааст”.
Вақте як зан мебинад...
Вай афзуд, вақте як зан мебинад, ки зани дигари азиятшуда ба ҷуз худкушӣ роҳи дигари ҳалли масъаларо намеёбад, дар зеҳни худ ин қарорро, ҳарчанд он иштибоҳи ҷиддӣ аст, ҷой медиҳад. Бобосодиқова таъкид кард, барои муайян кардани сабабҳои аслӣ ва воқеии худкушии занҳо бояд як таҳқиқоти ҳамаҷониба гузаронда шавад.
Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, агар дар бисёр ҳолатҳо волидон гунаҳкори “мӯҳри хомӯшӣ бар лаб задани духтарон ба хотири ҳифзи обрӯву оила” бошанд, пайвандони шавҳар ҳам гуноҳи кам надоранд. Танҳо дар ҳодисаи ангуштшумор афроди муқассири то худкушӣ расондани арӯсон ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Аз ҷумла, мақомот дар ҳодисаи пурсару садои худкушии Зӯҳро Маҳмуродова бо чаҳор фарзандаш дар Норак дар соли ҷорӣ, ки тамоми ҷомеаи Тоҷикистонро таккон дод, ҳукм кард, хоҳаршӯи ноболиғи ӯ ба 140 соат корҳои маҷбурӣ маҳкум шавад. Додгоҳ гуфт, ин ҳукми ҳадди аксаре буд, ки барои як ноболиғи гунаҳкор дар “расонидан то ҳолати худкушӣ” раво дида мешавад.
Ҳар рӯз як зан қасд ба ҷонаш мекунад
Созмони иҷтимоии “Дилафрӯз” ҳисоб кардааст, ки дар вилояти Хатлон ҳар зани севум дар хона дучори бадрафторӣ мешавад. Моҳе то 40 зан ба маркази бӯҳронии ин созмон ба ҳайси қурбонии хушунат ва ба хотири гирифтани машварат муроҷиат мекунанд. Райҳона Ҳақбердиева, раҳбари созмони “Дилафрӯз”, гуфт, хушунат натанҳо хоси хонаводаҳои миёнҳолу камбизоат, балки оилаҳои доро низ мебошад.
Ҳар сол дар Тоҷикистон 400 зан ва ё ҳадди ақалл 1 зан дар рӯз бар асари хушунати хонаводагӣ қасди ҷони худ мекунад. Танҳо дар 6 моҳи соли ҷорӣ 160 ҳодисаи худкушии занон сабт шудааст, ки дар аксар ҳолатҳо қурбони бадмуомилагӣ дар хона шудаанд.