Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тобути ҳафт муҳоҷири тоҷикро ба ватан меоранд


Ҷасади ҳафт зодаи ноҳияи Деваштич (Ғончии собиқ) ва Мастчоҳи Кӯҳӣ, ки дар сӯхторе дар ҳудуди фабрики мурғпарварии "Абсолют Агро"-и вилояти Тюмени Русия ҷон бохтанд, рӯзи чоршанбеи 23 ноябр ба ватан оварда хоҳад шуд. Иброҳим Аҳмадов – сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия – 20 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои интиқоли ҷасадҳо асноди заруриро таҳия карданд.

Дар Русия, бино ба ҳисобҳо, аз 1 то 1,5 миллион муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.

"Се шаҳрванди дигари Тоҷикистон – Раҳмонов Мӯҳсинҷон Акбарович (1989), Олимов Паредҷон Олимов (1989) ва Қосимов Кароматулло (1993) – аз дуди ғализ заҳролуд шуда, феълан дар бемористонанд. Вазъи саломати онҳо вазнин гуфта мешавад, аммо, ба қавли пизишкон, хатар ба ҷонашон таҳдид намекунад", - афзуд Аҳмадов. Ин намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия гуфт, бо ҳадафи ёрӣ ба муҳоҷирон ва интиқоли ҷасадҳо афроди расмӣ дар Тюмен қарор доранд ва дар бемористони рақами 11-и ин вилоят бо вазъи муҳоҷирон ошно шудаанд.

Иброҳим Аҳмадов мегӯяд, раҳбарияти ширкати “Горизонт”, ки муҳоҷирони ҳалокшудаи тоҷик дар ҳайаташ кор мекарданд, пардохти ҷубронлпулӣ ба хонаводаҳо ва, инчунин, харҷи интиқоли ҷасаду маросими дафнро бар ӯҳда гирифтааст. "Бояд гуфт, ба ғайр аз афроде, ки дар сӯхтор ҷон бохтанду ба бемористон интиқол ёфтанд, боз 12 ҳамватани мо аз ноҳияҳои Деваштич ва Мастчоҳи Кӯҳӣ дар онҷо кор мекунанд. Ин муҳоҷирон аз дӯстони худ, ки дар сӯхтор ҳалок шуданд, ба некӣ ёд карда ва гуфтанд, онҳо аз роҳи ҳалол луқмаи худу наздиконашонро пайдо мекарданд", - таъкид кард Иброҳим Аҳмадов.

Бино ба таҳқиқоти ибтидоӣ иллати сӯхтор истифодаи нодурусти таҷҳизоти барқӣ будааст. Кумитаи тафтишоти Русия низ эълон кард, ки дар ин замина парвандаи ҷиноӣ боз карда, ба таҳқиқи қазия идома медиҳад.

Иброҳим Аҳмадов
Иброҳим Аҳмадов

Сӯхтори шаби 18 ба 19 ноябр дар ҳудуди фабрикаи мурғпарварии "Абсолют Агро"-и вилояти Тюмен ҷони ҳафт муҳоҷири тоҷикро рабуд, ки шаш тани онҳо аз ноҳияи Деваштич (Ғончии собиқ) ва як нафар аз Мастчоҳи Кӯҳии вилояти Суғд буданд. Бар асоси рӯйхате, ки мақомоти Русия ба сафорати Тоҷикистон пешниҳод кард, синни муҳоҷирони ҳалокшуда аз 19 то 29 гуфта шудааст. Ҳамаи онҳо то нимаи аввали моҳи декабри имсол ҳаққи иқомат дар Русияро доштанд.

1. Ниёзов Умарҷон Мирзоазимович (1987), ноҳияи Деваштич (Ғончӣ)

2. Рӯзиев Парвин Мӯсоҷонович, (1988), ноҳияи Деваштич (Ғончӣ)

2. Шодиев Самариддин Фазлиддинович, (1989), ноҳияи Деваштич (Ғончӣ)

4. Миров Мирсабур Мирсаидович, (1997), ноҳияи Деваштич (Ғончӣ)

5. Нуров Қобилҷон Комилҷонович, (1994), ноҳияи Деваштич (Ғончӣ)

6. Шарифов Олимҷон Шарифович, (1997), ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, нафари ҳафтум - Назаров Ф., соли таваллудаш 1994 - ҳамон шаб барои меҳмонӣ ба назди ҳамдеҳагонаш омада ва дар ин ҳодиса ҷон бохт.

Дар Русия, бино ба ҳисобҳо, аз 1 то 1,5 миллион муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Ҳар сол дар ин кишвар беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон ба иллатҳои мухталиф аз олам чашм мепӯшанд. Маризӣ, садамаҳои нақлиётӣ, фалокатҳои фаннӣ дар ҷои кор, ҳамлаҳои гурӯҳҳои қавмгаро, ихтилофи байни худи тоҷикҳо ва ҳодисаҳои ногаҳоние, чун сӯхтору ғарқ шудан дар кӯлу дарёҳо аз иллатҳои умдаи марги мардикорони тоҷик дар ин мулки мусофирӣ шумурда мешаванд.

Соли гузашта дар бораи ҳалокати муҳоҷиронии кории тоҷик дар чанд сӯхтор дар Русия хабар расида буд. Сӯхтори шаби 11 марти соли гузашта дар бузургтарин бозори шаҳри Қазон "Адмирал" боис ба ҳалокати дастикам 6 шаҳрванди Тоҷикистон шуда буд.

Як моҳ аз он пеш дар сӯхторе дар наздикии шаҳраки Самофаловка дар вилояти Волгогради Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шуданд. Сӯхтори шаби 10 феврал вагонеро, ки ҷойи хоби ин ду тоҷик буд, ба коми худ кашидааст. Ба гуфтаи мақомот, сабаби сӯхтор зоҳиран истифодаи нодурусти бухории барқӣ буда, ҷасади сӯхтаи мардикоронро субҳ пайдо кардаанд. Ин ду тоҷик дар заминҳои як фермери маҳаллӣ кор мекарданд ва ҳудуди 10 сол боз дар ҳамин вагон зиндагӣ мекарданд, вале сабтиноми расмӣ надоштанд.

XS
SM
MD
LG