Обид Назаров, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, аз мақомаш озод шудааст. Дар ин бора рӯзи 16 январ қарори ҳукумати Тоҷикистон содир шуда ва сабаби тасмим “ба кори дигар гузаштан” гуфта шудааст. Обид Назарови 53-сола моҳи апрели соли гузашта ба ин мақом расида буд. Ӯ Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси актёри драма ва кино хатм карда, солҳои тӯлонӣ дар театри ба номи Камоли Хуҷандӣ дар маркази вилояти Суғд фаъолият намудааст. Аз соли 2007 то 2014 сардори раёсати фарҳанги ин вилоят буда, чанд муддат раёсати Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷандро ҳам бар ӯҳда дошт. Ҳафтаи гузашта тағйироти кадрӣ дар баъзе аз ниҳодҳо ва ҳукуматҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт сурат гирифта буд. Бар асоси ин тағйирот Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раиси ҷумҳури Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе таъин шуд ва дар ин мақом Маҳмадсаид Убайдуллоевро иваз кард.