Дар рӯзе, ки раиси нави Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар бораи натиҷаҳои кори ин ниҳод дар соли 2016 гузориш медод, президент дар мулоқоташ бо аъзои Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон ба зарурати тақвияти сиёсати зиддикоррупсионӣ таъкид кард. Эмомалӣ Раҳмон аз 7 ҳизби сиёсӣ ва ҳам 2500 созмони ҷамъиятии Тоҷикистон даъват кард, ки барои "паст намудани сатҳи коррупсия" бо ниҳодҳои давлатӣ ҳамкорӣ кунанд. "Шӯрои ҷамъиятӣ метавонад, дар ин замина ҳамчун воситаи робита миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатӣ нақши муҳимро иҷро кунад", - афзуд ӯ.
Раиси нави Оҷонсии зиддифасод мегӯяд, ки дар қадами аввал корро аз омӯзишу таҳқиқи вазъ, аз ҷумла арзёбии кори худи сохтори мубориза бо коррупсия шурӯъ мекунад.
Рӯзи 27 январ дар мулоқоти нахустинаш бо хабарнигорон дар Душанбе раиси нави Оҷонсии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода гуфт, соли 2016 ин оҷонсӣ 1190 тафтиш анҷом дода, ба маблағи 185,6 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор кардааст. Вай, инчунин, аз натиҷаҳои як пурсиши сартосарии вазъи фасод дар Тоҷикистон ёдовар шуд, ки соли 2016 дар миёни 88 ҳазор сокини кишвар анҷом шудааст.
Нигора Муқимӣ, сардори раёсати робитаҳои байналмиллалии Оҷонсии зиддифасод, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, як ҳадафи ин пажӯҳиш “таҳлили хатарҳои коррупсионӣ дар вазорату идораҳои кишвар” буд. Вай гуфт, натиҷаи мусбати ин таҳқиқот дар он аст, ки мардуми Тоҷикистон паёмадҳои номатлуби коррупсияро дарк мекунанд.
"Сокинони кишвар дар мавриди мубориза бо фасод бефарқ нестанд ва маърифати зидди коррупсионии баланд доранд. Ҳамчунин натиҷаҳои назарсанҷии Оҷонсӣ аз он далолат медиҳад, ки бештаре аз сокинони кишвар дар мубориза бар зидди фасод саҳми арзанда мегузоранд", - шарҳ дод Муқимӣ. Ӯ гуфт Тоҷикистон дар амри мубориза бо фасод ба ҳамкории созмонҳои байналмилалӣ омода ва боз аст.
Аммо коршиносон ва мунтақидон мегӯянд, сиёсати зиддикоррупсионӣ дар ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашидани афроди баландпояву тасмимгиранда "мелангад", чун гоҳо афроди бонуфуз ва соҳибмақом бо истифода аз фишангҳои маъмурӣ ё робитаҳои хусусӣ монеи кори тафтишот мешаванд. Инро таҳқиқоти соли гузаштаи Оҷонсӣ ҳам тасдиқ карда ва гуфтааст, аз ҳар 10 нафар 4 нафар гуфтаанд, сатҳи фасодкорӣ дар ниҳодҳои давлатӣ баланд аст.
Аз ҷумла, ба ақидаи нисфи пурсидашудаҳо мизони фасоду ришвахорӣ бештар дар ниҳодҳои додситонӣ, гумрук, андоз, пулис, бозрасии давлатии автомобилӣ ва мақомоти додгоҳӣ мушоҳида мешавад. Яъне, сохторҳои масъули мубориза бо фасод худашон ба фасод олуда будаанд.
Масъалаи аслӣ, ба қавли коршиносон – ба ҷавобгарӣ кашидани ин афрод аст, чун на ҳама парвандаҳо то додгоҳ мерасанд. Ахиран созмони Transparency International ё Шаффофияти Байналмилал гуфт, дар Тоҷикистон ҳеҷ пешравие дар заминаи мубориза бо коррупсия ба чашм намерасад ва мавқеи ин кишвар дар миёни 176 давлат ба мақоми 151-ум фаромад.
Светлана Савитская, муҳаққиқи масоили Тоҷикистон дар созмони Transparency International, низ ҳангоми муррифии хулосаҳои шохиси фасод дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тадбирҳои ҳукумати Тоҷикистон дар амри мубориза бо фасод натиҷа надодааст.
Ҳоло раиси нави Оҷонсии зиддифасод мегӯяд, ки дар қадами аввал корро аз омӯзишу таҳқиқи вазъ, аз ҷумла арзёбии кори худи сохтори мубориза бо коррупсия шурӯъ мекунад. Вай гуфт, эҳтимол дар оянда тағйироти кадрӣ дар ин сохтор ҳам сурат гирад, вале на дар марҳилаи аввали кораш.