Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Президент омад” нависем, ё “Президент омаданд”? ВИДЕО


Саодатшоҳ Матробиён
Саодатшоҳ Матробиён

Гурӯҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон тарҳи нави қоидаи имлои забони тоҷикиро таҳия кардааст, ки ба зудӣ ба баррасии ҳукумат пешниҳод хоҳад шуд. Дар 25 соли охир ин бори севум аст, ки қоидаи имлои забони тоҷикӣ бозбинӣ мешавад ва бори дигар вуҷуди ноҳамоҳангӣ ва баҳсро дар миёни забоншиносони тоҷик дар масъалаи сарфу наҳв аланӣ (ошкор) мекунад. Саодатшоҳ Матробиён, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ мӯҳтавои аслии тағйироти нав ба имлои тоҷикиро шарҳ дод.

Мо тасмим гирифтем, ки дар ҳар се моҳ рӯзномаву ҳафтаномаҳоро баррасӣ кунем ва масъалаи риояи қоидаи имлои забонро пайгирӣ намоем.

Радиои Озодӣ: Тарҳи нави қоидаи имлои забони тоҷикӣ аз имлои соли 1998 ва 2011 чӣ фарқ мекунад? Оё ягон тағйироти ҷиддӣ ҳаст?

Саодатшоҳ Матробиён: “Дар аввал мехоҳам кӯтоҳ дар бораи омода кардани тарҳи нави қоидаи имлои забони тоҷикӣ шарҳ диҳам. Гурӯҳи кории имлои забони тоҷикӣ тайи се соли ахир ба баррасии калима, ҷумла ва ҳарфҳои алифбои забони тоҷикӣ машғул буд. Ҷойгоҳи он ҳарфҳое, ки то ҳанӯз дар вақти навиштану хондан мавриди баҳс қарор дошта ва дар баъзе ҳолатҳо бинобар норӯшанӣ бо иштибоҳ навишта мешуданд, низ мушаххас гардид. Барои мисол, навиштани ҳарфи “ӯ” ва “у” дар имлои соли 2011 зикр шудааст, вале ҷойгоҳи он маълум карда нашуда буд, ки дар куҷо ва чӣ гуна ва дар кадом маврид “ӯ” навишта мешавад ва ё “у”. Вале дар қоидаи имлои нави забони тоҷикӣ ин масъала мушаххас карда шуд. Ба унвони мисол, бар асоси таҳрири нав дар калимаҳои арабии роиҷ дар забони тоҷикӣ дар ҳиҷоҳои аввали пеш аз ҳамсадои “ҳ”ва “ъ” (ъайн) ҳарфи “ӯ” гузошта намешавад. Дар соли 1998 ин масъала дар имло зикр карда шудааст, вале мушаххас нашудааст, ки дар вақти навишт чӣ гуна риоя кард ва ин то ҳол бебандубориро пеш овард. Дар имлои соли 2011 низ ҳамин вазъ идома кард. Дигар инки дар калимаҳое, ки бо вазни тафаъул, ба мисли “тарашшуҳ”, “таваҷҷуҳ” ва “тақаддум” навишта мешаванд, дар ҳиҷоҳои севуми онҳо “ӯ” гузошта намешавад ва ин калимаҳо чандтое ҳастанд, ки ҳоло истифодаашон дар забони тоҷикӣ роиҷ аст. Баъдан, бар асоси қоидаи нави имлои забони тоҷикӣ, калимаи ид, новобаста аз онки иди Наврӯз аст, Рамазон ё Қурбон, бо ҳарфи калон навишта мешавад, ба мисли Иди Наврӯз.”

Сӯҳбати видеоӣ дар инҷост:

Имлои забони тоҷикӣ боз тайғир меёбад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:25 0:00

Радиои Озодӣ: Қоидаи имлои забони тоҷикӣ баъд аз тасдиқ шуданаш бояд аз ҷониби ҳамаи намояндагони ҷомеа риоя карда шавад. Аммо гоҳе дар вебсайти president.tj ё khovar.tj мебинем, ки вақте сухан дар бораи сафари президент Эмомалӣ Раҳмон меравад, менависанд: “Президенти Тоҷикистон ба Покистон сафар карданд”, ё “Президент дар маъракаи ниҳолшинонӣ ширкат карданд”. Оё ин тарзи навишт дуруст аст?

Саодатшоҳ Матробиён: “Албатта, дар ин ҷо масъалаи грамматика ва масъалаи мувофиқа намудани мубтадо бо хабар аст. Яъне, дар забони тоҷикӣ бояд мубтадо бо хабар мувофиқат кунад ва вақте ки чунин нест, ҷумла нодуруст меояд. Аммо, мутассифона, имрӯзҳо ба чунин иштибоҳҳо роҳ дода мешавад. Вале дар айни замон гурӯҳи корӣ дар вақти баррасии қоидаи нави имло пешниҳод кард, ки калимаи “шумо” дар вақти навиштани ҷумлае, ки ба нафаре муроҷиат карда мешавад, ба нишони эҳтиром бо “ш”-и калон навишта шавад. Бо назардошти ин, ҷумлаҳое, ки дар он мубтадо танҳо меояду хабар ба шакли ҷамъ меояд, низ ба нишони эҳтиром истифода хоҳанд шуд ва ин оҳиста-оҳиста ба забони мо ворид мешавад.”

Радиои Озодӣ: Баҳси ҳарфи “ц” ниҳоят ба куҷо расид?

Саодатшоҳ Матробиён: “Воқеан, масъалаи ворид кардани ҳарфи “ц” ба алифбои тоҷикӣ ба гуруҳи корӣ пешниҳод карда шуд. Баъд аз баррасии дурудароз ҳамаи намояндагони гуруҳи корӣ бо далелу бурҳонҳо зикр карданд, ки ҳарфи “ц” хоси забони тоҷикӣ нест. Ҳамингуна иддао ҷой дошт, ки дар таърихи гузаштаи забони тоҷикӣ ин ҳарф вуҷуд доштааст, вале таърихшиносони риштаи забон, ки дар гурӯҳи корӣ ҳастанд, бо далелҳо нишон доданд, ки ин ҳарф дар забон ва ё алифбоҳои гузашта ҷой надоштааст ва забони тоҷикӣ дар гурӯҳи ғарбии забонҳои эронӣ ҷой дорад. Олимону забоншиносон бо далелҳои муътамад ин ҳарфҳоро аз алифбои забони тоҷикӣ хориҷ карда буданд ва ҳоло бидуни ҳеҷ далел наметавонем дубора ворид кунем ва ҳамин тавр пурра рад карда шуд.”

Сирк ё Цирк?
Сирк ё Цирк?

Радиои Озодӣ: Баъд аз онки Қоидаи нави забони тоҷикӣ мавриди амал қарор мегирад, барои ҷилавгирӣ аз бебандуборӣ ва роҳ наёфтани иштибоҳҳо кадом ниҳод масъулиятро ба дӯш хоҳад гирифт?

Саодатшоҳ Матробиён: “Бар асоси қонун, Кумитаи забон ва истилоҳот масъулияти назорати татбиқи қоидаи имлоро бар дӯш дорад ва барои онки мисли солҳои гузашта дар вақти навиштани ҷумлаву матнҳо ба иштибоҳ роҳ дода нашавад ва ҳар нашрия ба таври худ нанависад, назоратро ҷиддӣ хоҳем кард. Аслан мардум рӯзнома ва ҳафтаномаҳоро хонда, тарзи дурусти ҷумлаву ибораро мебинанд. Мо тасмим гирифтем, ки дар ҳар се моҳ рӯзномаву ҳафтаномаҳоро баррасӣ кунем ва масъалаи риояи қоидаи имлои забонро пайгирӣ намоем.”

XS
SM
MD
LG