Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари Трамп корманди расмии Кохи сафед шуд


Иванка Трамп, духтари раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп мушовири махсуси президент таъйин шуд ва уҳдадор аст, меъёрҳои ахлоқиеро, ки барои хидматчиёни давлатӣ дар Амрико пешбинӣ шудааст, риоя кунад.

Кохи сафед дар ин бора ҳамагӣ чанд соат баъд аз номаи сенаторҳои демократ ба Идораи федеролии умури ахлоқии Амрико иттилоъ дод, ки аз бархӯрди эҳтимолии манфиатҳо дар робита ба кори давлатии духтари президент ва фаъолияти соҳибкории ӯ изҳори нигаронӣ карданд.

Сенаторҳо савол гузоштаанд, ки оё духтари президент бояд идораи дороию тиҷораташро ба шахсони мустақил вогузорад ё ин ки набояд вазифаи мушаххаси давлатиеро ба зимма гирад.

Иванка Трамп гуфт, дар вокуниш ба чунин танқидҳо тасмим гирифтааст, ки дар маъмурияти падараш мақоми расмиеро ишғол кунад ва "ҳамаи меъёрҳои ахлоқӣ"-ро ихтиёран анҷом медод. Ӯ гуфтааст, ки барои кори давлатияш маош нахоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG