Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон: "Роғун" кафолати зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон аст


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои шиносоӣ бо ҷараёни кор дар нерӯгоҳи "Роғун", рӯзи 10 май ба ин шаҳр рафтааст. Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни кор дар ин нерӯгоҳ огоҳ шуда ва бо муҳандисону кормандони техникӣ мулоқот кардааст.

Манбаъ мегӯяд, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин мулоқот ба сифат ва таъмини бехатарии ин нерӯгоҳ таъкид карда ва гуфтааст, ки "ин “Кохи нур” ҳаёту мамоти миллат ва кафолати зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон мебошад". Бар пояи ин хабар, раиси ҷумҳур бо ҷараёни корҳо дар бархе аз қисматҳои нерӯгоҳ шинос шудааст. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир наздик ба 14 ҳазор нафар дар ин иншооти барои Тоҷикистон муҳим, кор мекунанд.

Ҳукумати Тоҷикистон, ки сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғунро кафолати суботу шугуфоии кишвар медонад, барои идомаи бунёди он 1 июли соли 2016 бо ширкати итолиёии ​"Салини Импреҷило С.п.А." (Salini Impregilo SpA) соли 2016 созишнома имзо кард. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, маблағи умумии ин созишнома 3,9 миллиард долларро ташкил медиҳад. Танҳо маблағи сохтмони садди асосии нерӯгоҳ ба 1 милларду 950 миллион доллар ҳисоб шудааст.

XS
SM
MD
LG