Наздикони Фирдавс Ниёзбадалов хабари боздошти дубораи ин муфаттиши калон оҷонси мубориза бо фасод ва домоди котиби собиқи Шӯрои амнияти Тоҷикистонро тасдиқ ва ё рад намекунанд.
Генерал Амирқул Азимов, котиби собиқи Шӯрои амният рӯзи 15-уми май хабари боздошти домодаш Фирдавс Ниёзбадаловро шарҳ надод ва гуфт: “Ман дар ин бора ҳеҷ чиз намегӯям, ӯ корманди Оҷонсӣ аст, сохторҳои тафтишотӣ аст, аз онҳо маълумот гиред."
Генерал Азимов қаблан боисрор мегуфт, ки домодаш дар озодӣ аст. Хабари боздошти Фирдавс Ниёзбадалов, муфаттиши оҷонси мубориза бо фасод охири моҳи апрел нашр шуд ва он замон Амирқул Азимов боздошти домодашро рад карда онро як "ҳангома" номид.
Наздикони Фирдавс Ниёзбадалов, корманди Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон боздошти дубораи ӯро тасдиқ ва ё рад намекунанд.
Ӯ гуфта буд, "ман намедонам барои чӣ дар расонаҳо чунин навиштаанд, вале вай дар ҷои кораш аст, оҷонсӣ раис дорад, муроҷиат кунед, онҳо ба шумо мегӯянд дар куҷост, вай дар иҷрои вазифааш аст, ман аниқ медонам."
Мақомоти Оҷонсии зидди фасод ва сохторҳои тафтишотӣ то ҳол дар бораи боздошти Фирдавс Ниёзбадалов чизе нагуфтаанд. Тасдиқи дурустии иддаои наздикони муфаттиши оҷонсӣ имкон надорад, зеро бо вуҷуди пахши хабари боздошт ва оғоз шудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати ин корманди Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, худи ӯ бо матбуот дар тамос нашуд ва ин хабарҳоро тасдиқ ё рад накард.Талоши хабарнигорони Радиои Озодӣ барои пайдо кардани Фирдавс Ниёзбадалов дар утоқи кориаш бенатиҷа анҷомид.
Хабари боздошти Фирдавс Мирзобадалов муфаттиши калон ва чанд нафар аз кормандони бонуфузи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон моҳи апрел расонаӣ шуд.Бино ба гузоришҳо, то кунун 7 корманди оҷонсӣ бо иттиҳомоти тақаллуб ва ё сохтакорӣ боздошт шудаанд.
Барои расонаҳо танҳо исми ду нафари онҳо - муфаттиши собиқ Фирӯз Холмуродзода ва муовини собиқи раиси оҷонсӣ Давлатбек Хайрзода фош шудааст. Ҳафтаи гузашта "Азия-Плюс" бо истинод ба раиси ин оҷонсӣ Сулаймон Султонзода навишт, ки ин ду нафар "барои аъмоли поймолкунандаи обрӯи корманди оҷонсӣ" барканор шудааст. Вай инчунин гуфтааст, ки тафтишот идома дорад ва асрори он фош намешавад.
То ҳол ҳеҷ сохтори ҳифзи ҳуқуқ ҷараёни тафтишот ва ҷузъиёти марбут ба шахсиятҳои боздоштшударо расман шарҳ намедиҳанд. Расонаҳои расмӣ низ то ба ҳол дар робита ба ин боздоштҳо, ки дар расонаҳо ва миёни мардум шоеаҳои зиёдро ба миён овард, хабаре пахш накардаанд. Як аз суолҳое, ки барои ҷомеа ва матбуот нокушода боқӣ мемонад, ин сабаби боздоштҳо ва ривояти ҷинояти эҳтимолӣ аст, ки аз рӯи он тафтишот ҷараён дорад.
Қаблан гуфта мешуд, ки ин парвандаро муфаттишони додситонии кулл ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон пеш мебаранд. Қазияи боздошт ва ба қонуншиканӣ гумонбар шудани гурӯҳи кормандони Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон бесобиқа аст ва тахмин меравад, ки тафтишу боздоштҳо бо иҷозаи мақомоти баландтарини кишвар сурат мегирад.