Аксар падару модарон аз қарори шаҳрдори Душанбе, ки гуфтааст, мактабҳо дигар аз ҳисоби хонаводаҳо таъмир нашаванд, истиқбол карданд. Онҳо гуфтанд, ки аз се то панҷ фарзанди мактабхон доранд ва пулситонӣ дар мактабҳо аз ҳисоби "шиками" бачаҳояшон анҷом мешуд.
Гуруҳи корӣ рафта, тамоми волидони синфро ҷамъ кард. Ҳеҷ кас ба гардан нагирифт, ки воқеан мушкил вуҷуд дорад ва ӯ шикоят кардааст. Танҳо замоне ки волидон дар сари даъвои худ собит бошанд, нисбат ба шахсони масъул чора дидан осон мешавад.
Тибқи қарори шаҳрдории Душанбе маблағеро, ки волидон муваззаф буданд, ҳамасола барои таъмири мактабҳо ҷудо кунанд, акнун бояд мақомоти маҳаллӣ бипардозанд.
Се писари Дилрабо Соҳибова дар мактаб мехонанд ва ӯ як моҳ пеш барои таъмири бинои дабистон 140 сомонӣ супурдааст. Дилрабо мегӯяд, ҳарчанд барои таъмири мактаб аз ҳисоби буҷет пул ҷудо мешавад, аммо наметавонанд, талаби масъулини мактабро ҳам сарфи назар кунанд. "Медонем, ки барои таъмири мактаб бояд аз буҷет пул ҷудо шавад. Вале баъди талаби омӯзгорон ин маблағро супурдем. Барои мо супурдани маблағи таъмири мактаб як амри маъмулист", - афзуд ӯ.
Дар қатори Дилрабо дар Душанбе падару модароне зиёданд, ки мегӯянд, ҳамасола пули таъмири мактабро бекаму кост месупоранд. Аммо онҳо нахостанд ному насабашон гуфта шавад, чун бовар доранд, ки маъмурияти мактаб баъд аз ин фарзандонашонро "чап мегиранд".
"Ба ҷуз аз пули дарси иловагӣ..."
Шаҳрдории Душанбе ҷамъоварии пул аз ҳисоби волидон барои таъмири мактабҳои пойтахтро манъ кард. Мақомот гуфтанд, аз ин ба баъд ҳар омӯзгор ё мудири мактабе, ки аз волидон барои таъмир пул талаб мекунад, ҷазо хоҳад гирифт. Ҷамъоварии маблағ барои таъмири мактабҳо дар фасли тобистон, ки як падидаи берун аз қонун, вале роиҷ дар солҳои охир буд, ҳамеша мояи шикоят ва нороҳатии волидон аст.
Мардум ҳам аҷибанд. Бо вуҷуди онки медонанд, ин талабҳо ғайриқонунианд, аммо боз маблағро месупоранд.Мунира Иноятова
Ин масъала рӯзи 2 июн дар як ҷаласаи васеъ бо ҳузури вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид дар Раёсати маорифи шаҳри Душанбе низ баррасӣ гардид.
“Агар пул надиҳам, фарзандамро чап мегиранд”
Масъулини Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯянд, мушкили аслӣ дар масъалаи ҷамъоварии пул дар мактабҳо хомӯшии падару модарон аст. Эҳсони Хушвақт, сухангӯи Вазорати маориф ва илм, рӯзи 2 июн гуфт, волидон аз пулгирии маъмурияти мактаб зиёд тариқи телефон шикоят мекунанд, аммо дар суҳбати рӯбарӯ чизе намегӯянд. “Аз як мактаб шикоят шуд. Гуруҳи корӣ рафта, тамоми волидони ҳамон синфро ҷамъ кард. Ҳеҷ кас ба гардан нагирифт, ки шикоят кардааст ва дарвоқеъ мушкил вуҷуд дорад. Вақте волидон дар сари даъвои худ собит бошанд, нисбат ба шахсони масъул чора дидан осон аст”, - шарҳ дод ӯ.
Сухангӯи Вазорати маориф ва илм гуфт, “тибқи қонунгузории Тоҷикистон ҷамъоварии пул фақат барои дарсҳои иловагӣ иҷозат аст. Барои таъмири мактаб аз ҳисоби мақомоти маҳаллӣ пул ҷудо мешавад ва таъмири мактаб вазифаи ҷонии мақомоти маҳаллист.”
Дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Душанбе 141 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 185 ҳазору 351 нафар хонанда таҳсил мекунанд.
“Баъзе волидон аз нодорӣ гиря мекунанд”
Қарори ахири шаҳрдори Душанбе на танҳо волидон, балки баъзе аз муаллимонро низ шод кардааст. Онҳо мегӯянд, охири ҳар сол барои ҷамъ кардани пули мактаб бо хонандагон ва падару модари онҳо муноқиша доранд ва имсол аз ин “дарди сар” халос шуданд.
Як омӯзгори мактаби миёна дар Душанбе, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, “на ҳамаи волидон имкон доранд, ки ба сари ҳар хонанда 40-50 сомонӣ пули таъмири мактаб супоранд. Баъзеҳо 800 сомонӣ маош мегиранд ва боз 2-3 фарзанди мактабхон доранд. Онҳо омада, гиря мекунанд, ки муаллимаҷон наметавонем маблағро супорем.”
Коршиносон низ хомӯшии волидонро аз мушкили ҷиддӣ дар масъалаи пулҷамъкунӣ барои таъмири мактабҳо донистанд. Мунира Иноятова, вазири пешини маориф ва як фаъоли ҷамъиятӣ, гуфт, дар ҷомеаи Тоҷикистон шароите пайдо шудааст, ки ҳар нафаре имконият дорад, аз мардум пул талаб мекунад. Ба қавли ин коршиноси тоҷик, “мардум ҳам аҷибанд. Бо вуҷуди онки медонанд, ин талабҳо ғайриқонунанд, аммо боз маблағро месупоранд. Вақте бо падару модарон ҳамсуҳбат мешавем, онҳо мегӯянд, ки агар маблағро надиҳам, нисбат ба кӯдаки ман рафтори бад мекунанд”.
Иноятова гуфт, мушкил дар ин аст, ки бисёриҳо барои мубориза барои ҳаққи худ омода нестанд ва барои онҳо аз баҳс "пулро дода ҷонро халос кардан" осонтар аст.
Дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Душанбе 141 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 185 ҳазору 351 нафар хонанда таҳсил мекунанд.