Мақомоти Тоҷикистон барои раҳоии як шаҳрванди кишвар аз чанги қочоқбарони афғон бо мақомоти Кобул вориди гуфтугӯ шудаанд. Ҳабиб Қарахонови 55-сола, сокини деҳаи Сайроби ноҳияи Ҳамадонӣ ва посбони ҳавзи подполковники Раёсати умури дохилии Хатлон Тоҷиддин Насриддинзода ("Тоҷиддин-командир") рӯзи 15-уми сентябр аз ҷониби гурӯҳи номаълуми қочоқбарон рабуда шуд.
Ин гурӯҳи кочоқбар танҳо як бор бо наздикони Қарахонов тамос гирифтаанд, вале нагуфтаанд, ки бо кадом шарт ӯро озод мекунанд.
Он рӯз Ҳабиб Қарахонов ҳамроҳи Сайфиддин Насриддинов, падари "Тоҷиддин-командир" дар ҳавз якҷоя кор мекардаанд.
Бино ба иттилои манобеъ, подполковник Тоҷиддин Насриддинзода муваққатан, яъне то замони анҷоми тафтиш, аз кор рухсат шудааст.
Панҷ соли Ситора дар асорати Муҳаббат дар Афғонистон
Як манбаи мӯътамад дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 19-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи охирин иттилоъ гурӯҳи кочоқбар Ҳабиб Қарахоновро вориди хоки Афғонистон кардаанд ва ӯ дар ҳудуди улусволии Дарқади вилояти Тахор нигаҳдорӣ мешавад.
Маҳалле, ки қочоқбарон ин шаҳрвандро рабудаанд, дар соҳили рӯди Панҷ ҷойгир аст ва аз хатти сарҳад як километр дурӣ дорад.
“Ин гурӯҳи кочоқбар танҳо як бор бо наздикони Қарахонов тамос гирифтаанд, вале нагуфтаанд, ки бо кадом шарт ӯро озод мекунанд. Ҳоло комиссияе дар ҳайати Раёсати марзбонӣ барои озодсозии ин гаравгон бо ҳамкорони худ дар ҷумҳурии исломии Афғонистон вориди гуфтугӯ ҳастанд”, - афзуд ҳамсӯҳбати мо.
Саид Ҷаҳонгир Каромат, иҷрокунандаи вазифаи пулиси Тахор, рӯзи 19-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки барои пайдо кардани Ҳабиб Қарахонов бо мақомоти тоҷик ҳамкорӣ доранд. Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз шахсияти қочоқбарон маълум нест. "Иттилооте, ки ба мо расидааст, ин нафар ба минтақаи Рустоқ ва Чаёб бурда шудааст. Талошҳои ниҳоии мо ҷараён дорад, ки барои дастгирии онҳо иқдом бикунем. То ҳанӯз маҳалли дақиқи ӯ маълум нашудааст", - гуфт Ҷаҳонгир Каромат.
Маҳалле, ки қочоқбарон ин шаҳрвандро рабудаанд, дар соҳили рӯди Панҷ ҷойгир аст ва аз хатти сарҳад як километр дурӣ дорад.
Мақомоти нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ин бора маълумот надоданд. Аммо дар хабари расмие, ки рӯзи 18-уми сентябр аз ҷониби Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи нирӯҳои марзбонии КДАМ пахш шуд, дар бораи як амалиёти ҷудогонае дар нуқтаи сарҳадии Ҳамадонӣ хабар дода шуд.
Марзбонони тоҷик мегӯянд, ду қочоқбарро куштанд
Дар хабар гуфта мешавад, ки шоми 15-уми сентябр дар минтақаи зертобеи отряди сарҳадии "Ҳамадонӣ" аз тарафи наряди сарҳадӣ дар якҷоягӣ бо кормандони Оҷонсии мубориза бо гардиши маводи мухаддир як амалиёт баргузор шуд. Дар як тирпаронӣ яке аз қочоқбарон безарар гардонда шуд. Қочоқбарон аз торики шаб истифода бурда ба самти Афғонистон фирор карданд.
Дар идомаи хабар гуфта мешавад, ки дар ҷойи ҳодиса тақрибан 13 кило маводи мухаддири навъи афъюн, 1 кило бангдона, 1 яроқи оташфишони АКМ-7,62, 5 тирдон, 132 дона тир, 1 ГП-25 (подствольник) бо 3 дона тир дарёфт ва мусодира карда шуд. Аз рӯи ин қазия ҳам тафтишот ба роҳ монда шуд.