Наздик ба нисфе аз муштариёни бонкҳо дар Тоҷикистон қарзҳои аз бонк гирифтаашонро саривақт бозпас надодаанд. Қарзи саривақт пардохт накардаи муштариён ба бонкҳо дар Тоҷикистон ҳоло ба 4 миллиарду 100 миллион сомонӣ расидааст.
Дар як санаде, ки бонки олмонии Raiffeisen Bank International рӯзи 18-уми сентябр бар пояи маълумоти Бонки Миллӣ ва Вазорати молияи Тоҷикистон нашр кардааст, гуфта мешавад, ба ҳолати аввали соли равон 47,6 дарсади муштариён қарзи худро сари вақт пардохта натавонистаанд.
Ба ин 47 дарсад муштариён онҳое шомил шудаанд, ки муҳлати пардохти қарзашон дар назди бонк аз 30 рӯз бештар таъхир шудааст.
Дар ин санад, ки ба хотири шарҳи вазъияти бонкҳои Тоҷикистон ба сармоягузорони хориҷӣ нашр шудааст, гуфта мешавад, шумораи қарзҳои саривақт пардохтношуда дар бонкҳои кишвар аз соли 2012 ба ин сӯ рӯ афзоиш ниҳод.
Гуфта мешавад, қарзҳое, ки муштариён ба бонкҳо саривақт боз пас надодаанд, дар соли 2012 ҳамагӣ 9,1 дарсад буд. Аммо то анҷоми соли 2016 шумораи муштариёне, ки қарзҳои худро ба бонкҳо дар муҳлаташ бозпас надодаанд, ба 47,7 дарсад расид.
Муаллифони ин гузориш навиштаанд, мизони қарзҳои дар муҳлаташ пардохтношуда дар назди бонкҳо ва созмонҳои қарздиҳӣ то 30-юми июни соли 2017 каме поин рафта, ба 44 дарсад расид, ки ба беш аз 4 миллиард сомонӣ баробар аст. Ба ибораи дигар айни замон дар Тоҷикистон муштариён аз бонкҳо 4 миллиарду 100 миллион сомонӣ муодили 465 миллион доллар қарзро дар муҳлаташ бозпас дода натавонистаанд.