Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Шӯрои уламо: “Манъи риш сирф ҷанбаи амниятӣ дорад”


Саидмукаррам Абдулқодирзода
Саидмукаррам Абдулқодирзода

Саидмукаррам Абдулқодирзода – раиси Шӯрои уламо – танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон тайи як нишасти хабарӣ дар Истанбули Туркия манъи риш дар кишварро тасдиқ карда, аммо гуфтааст, “ин амр сирф ҷанбаи амниятӣ дорад”. Оҷонси давлатии “Ховар” рӯзи 21-уми октябр аз қавли Абдулдқодирзода навишт, ки дар заминаи манъи риш дар Тоҷикистон ҳеҷ қонуне қабул нашудааст.

“Ин иқдом сирфан аз ҷанбаи амниятӣ ва усулан барои мутобиқати зоҳири воқеии инсонҳо ба акси шиноснома ва гузарномаҳояшон иҷро мешавад”, - афзудааст ӯ. Аз тарафи дигар, ба гуфтаи раиси Шӯрои уламо, “дар ҳоле ки нуфузи бархе аз аносири гурӯҳҳои мухталиф аз кишвари ҳамсояи Афғонистон аст, ин иқдом барои шиносоии беҳтари шаҳрвандон кумак хоҳад кард”.

Саидмукаррам Абдулқодирзода бо як сафари корӣ дар Туркия қарор дорад. Қаблан ӯ дар мулоқоташ бо муфтии шаҳри Истанбул баҳси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва ошӯби моҳи сентяри соли 2015 дар Душанберо дар миён гузошта буд.

Баъзе аз кишвару созмонҳои хориҷӣ солҳои охир мақомоти Тоҷикистонро барои эҷоди маҳдудиятҳои мазҳабӣ, аз ҷумла барои пӯшиши исломӣ ва дахолат ба риши мардон танқид мекунанд. Департаменти давлатии Амрико моҳи августи имсол дар гузориши тозаи худ гуфт, Тоҷикистон мисли соли 2015 дар гурӯҳи “Кишварҳои мавриди таваҷҷӯҳи хос” буд. Департаменти давлатӣ гуфт, соли 2016 дар Тоҷикистон назорат аз фаъолиятҳои мазҳабӣ ҳамоно идома дошт ва ин навбат таваҷҷӯҳи мақомот бештар ба ҳиҷобпӯшии занон равона шуд.

XS
SM
MD
LG