Анджей Дуда, раиси ҷумҳури Полша (Лаҳистон), ба донишманди тоҷики муқими он кишвар Оймаҳмад Раҳмонов унвони профессори илми табиатшиносиро тақдим кард. Ин маросим дар оғози моҳи марти имсол дар қасри раёсати ҷумҳури Лаҳистон сурат гирифт. Оймаҳмад Раҳмонов аз оғози солҳои навадум дар Лаҳистон зиндагӣ мекунад ва феълан устоди Донишгоҳи Силезия аст. Ӯ рӯзи 24-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то ба ҳол шаҳрвандии Тоҷикистонро ҳифз кардааст.
Онҳо гуфтанд, метавонам аҳли хонаводаро низ ба худ барам. Барои онки дарёфти унвони профессорӣ ин танҳо саҳми ман не, балки ҳиссаи оила низ ҳаст.
Радиои Озодӣ: Унвони профессорӣ дар Лаҳистон унвони олии илмӣ аст. Ин унвон баъд аз тасдиқи Шӯрои илмӣ аз тарафи президенти он кишвар тақдим мешавад. Роҳи расидани Шумо ба ин унвон аз куҷо то куҷо буд?
Оймаҳмад Раҳмонов: "Дар ҷумҳурии Лаҳистон се наъви унвони илмӣ аст – номзадӣ, докторӣ ва профессорӣ. Вақте докториро ҳимоя кардед, пас аз чанд муддат раиси донишгоҳ бароятон унвони профессорӣ медиҳад, ки он фақат дар ҳудуди муассисаи илмӣ ба кор меравад. Ман соли 2011 унвони профессори донишгоҳро гирифта будам. Аммо барои дарёфти унвони аслии профессорӣ, ки аз тарафи раиси ҷумҳур тақдим мешавад, бояд заҳмати зиёд бикашед. Ман то соли 2015 мақолаву тарҳҳои зиёдеро нашр ва пешиҳод карда, шогирдони зиёдро тарбия намудам. Ҳам номзадҳои илм ва ҳам докторҳоро. Пас аз ин, санадҳоро ба Кумисюни Шӯрои илмӣ фиристодам. Дар Шӯрои илмӣ 26 нафар ба кори ман овоздиҳӣ карданд. 25 кас тарафдори ман буд. Як нафар “не” нагуфт, аммо овози худро нигоҳ дошт. Ин ҳодисаи нодир дар кори Кумисюни Шӯрои илмии Полша будааст. Тасдиқи онҳо 22 моҳ давом кард. Баъд аз тасдиқ ба президент нома навиштанд ва ӯ унвони маро 29-уми январи соли 2018 имзо гузошт.”
Радиои Озодӣ: Маросими тақдими унвон аз тарафи раиси ҷумҳури Лаҳистон чӣ гуна сурат гирифт? Танҳо будед?
Оймаҳмад Раҳмонов: “Ба хонаам нома омад, ки президенти Полша маро ба сафи беҳтарин профессорон пазируфтааст. Бори дувум огоҳ карданд, ки ба қасри раёсати ҷумҳурӣ равам. Онҳо гуфтанд, метавонам аҳли хонаводаро низ ба худ барам. Барои онки дарёфти унвони профессорӣ ин танҳо саҳми ман не, балки ҳиссаи оила низ ҳаст. Онҳо Шуморо аз корҳои хона озод мекунанд, бачаҳоро тарбия менамоянд. Ин маросим рӯзи 7-уми март баргузор шуд. Ҳамроҳи ман 62 профессори дигар буд. Дар миёнашон танҳо ман хориҷӣ будам...”
Радиои Озодӣ: Чаро хориҷӣ? Яъне, то ба ҳол шаҳрвандии Тоҷикистонро ҳифз кардаед?
Оймаҳмад Раҳмонов: “Бале. Ҳарчанд 27 сол боз дар Полша зиндагӣ мекунам, ҳанӯз шаҳрванди Тоҷикистон ҳастам.”
Радиои Озодӣ: Акнун баргардем ба давоми қисса дар қасри президенти Лаҳистон...
Оймаҳмад Раҳмонов: “Вақте Анджей Дуда дипломро медод, гуфт, ки табрик мекунам. Дасти ӯро фишурудам ва гуфтам, табрик карданро як сӯ гузоред. Ман бе табрики шумо ҳам унвони профессориро соҳиб шудам. Ба ӯ гуфтам, ки мехоҳам муносибатҳои Тоҷикистону Лаҳистон рушд ёбанд, натанҳо дар бахши илм, балки дар бахши иқтисоду фарҳанг низ. Президент пешниҳоди маро дастгирӣ кард ва ваъда дод, ки ин пешниҳодро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Вай бо таваҷҷуҳ ба инки ман шаҳрвандии Тоҷикистонро то ба ҳол ҳифз кардаам гуфт, мамлакати моро ҳам дӯст медоред. Ҳамроҳи писару духтар ва оилаам низ суҳбат карда ва баъдан моро гусел намуданд.”
Радиои Озодӣ: Мавзӯи рисолаи илмиатон чӣ буд? Ба Тоҷикистон дахл дошт?
Оймаҳмад Раҳмонов: “Рисолае, ки барои дарёфти унвони профессорӣ таҳия кардам, дар бораи пайдоиши хок ва барқароршавии растаниҳо дар баландкӯҳҳои Тоҷикистон аст. Хушҳолам, ки ҳамчун фарзанди тоҷик обрӯи кишвари худро дар ин гӯшаи Аврупо то ҳадде боло бардоштам. Бовар кунед, то ба ҳол маро касе профессор намегӯяд. Ҳама мегӯянд, “Тоҷики мо”. Ин унвон барои ман боис ба ифтихор аст. Духтару писарам низ дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунанд, мехонанд ва ҷузъе аз Тоҷикистон ҳастанд.”
Радиои Озодӣ: То ҷое хабар дорам, охири солҳои ҳаштодум ба Полша рафта будед. Аз чӣ тариқ?
Оймаҳмад Раҳмонов: “Ман соли 1990 бар асоси созишномаи Вазорати маорифи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Полша ҳамчун донишҷӯи пешқадам ба инҷо омадам. То он вақт дар бахши биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон мехондамм. Вақте номи маро барои таҳсил дар Лаҳистон пешниҳод карданд, не нагуфтам. Омадам. Шаш моҳи аввал забони полякиро аз худ карда, сипас ба таҳсил дар донишгоҳ пардохтам.”
Радиои Озодӣ: Чӣ водор кард, ки дар инҷо бимонед? Шояд даргириҳои дохилии солҳои навадум?
Оймаҳмад Раҳмонов: “Ду сабаб аст. Якеаш ҳамин бесарусомонӣ дар кишвар, ки Шумо гуфтед. Дувум, намояндагони Лаҳистон ба мо хеле кумак карданд ва мо ҷавоби ёрии онҳоро баргардондем. Вақте ба инҷо омадем, Шӯравӣ пош хӯрд. Ба мо дигар стипендия намедоданд. Дар Тоҷикистон ба мо гуфтанд, ки хоҳед биёед, нахоҳед монед, мо коре карда наметавонем. Баъдан ҳукумати Полша ба мо стипендия дод. Донишгоҳро хатм кардем. Ҳамон вақт як профессор гуфт, бо ёрии иқтисодии мо донишгоҳро хатм кардӣ, акнун биё ба мо ёрӣ кун. Баъд ба аспирантура дохил шудам. Сипас номзад, доктор ва ҳоло профессор. Ҳамин тавр, дар ҳамин ҷо мондам.”
Радиои Озодӣ: Боре шудааст, ки барои кор ба Тоҷикистон ҳам даъват карда бошанд?
Оймаҳмад Раҳмонов: “Даъват карданд. Гуфтам, ки агар хоҳед, меоям. Аммо ин масъала дуруст нашуд.”
Радиои Озодӣ: Вақте ба Полша рафтед, хеле ҷавон будед. Баргашта дар Тоҷикистон оиладор шудед ё аз Лаҳистон касеро пайдо намудед?
Оймаҳмад Раҳмонов: “Гапи Шумо дуруст аст, ки хеле ҷавон омадам. Дар ҳамин ҷо бо духтари лаҳистонӣ оиладор шудам. Донишҷӯи худам буд. Ҳозир писарам Комил дувоздаҳсола ва духтарам Сара нуҳсола аст. Ҳамроҳи оилаам ба Тоҷикистон рафта, писарамро хатнасур кардем. Писарам ҳар сол ба Тоҷикистон меравад. Забони тоҷикиро медонад. Аввали моҳи феврали имсол духтарамро ба Душанбе бурда будам. Оилаи мо оилаи тоҷикистониву лаҳистонӣ аст.”
Радиои Озодӣ: Агар муҳити илмии Тоҷикистону Лаҳистонро муқоиса кунем, оё дарёфти унвонҳои илмӣ дар кишвари мо мушкилтар аст ё дар Полша?
Оймаҳмад Раҳмонов: “Дар инҷо талабот бениҳоят вазнин аст. Вақте мехоҳед санадҳои худро барои дарёфти унвони илмӣ супоред, бояд дар маҷаллҳои ҷаҳонӣ мақола чоп кунед. Дигарон бояд аз навиштаҳои Шумо иқтибос гиранд. Дар Тоҷикистон нисбатан дарёфти унвони илмӣ сабуктар аст. Инҷо мушкилтар. Бояд забони англисиро хуб донед. Донед, ки дар дунёи илм чӣ мегузарад. Ман чанд кори илмии донишмандони худамонро дидам, ки аз китоби солҳои 1950-60-ум иқтибос овардаанд. Ин нодуруст аст. Илм рушд мекунад. Методҳои солҳои шастум дигар куҳна шудааст.”
Тарҷумаи ҳол:
Оймаҳмад Раҳмонов зодаи деҳаи Артучи Панҷакент аст. Ӯ солҳои 1988 – 1990 дар факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил карда, баъдан ба Полша рафтааст. Соли 1991 таҳсилро дар Донишгоҳи Силезия дар шаҳри Катовитсе идома дода, соли 1994 магистратураро (magister biologiа) хатм кард. Солҳои 1994 – 1998 дар аспирантураи Донишгоҳи Силезия дар факултаи «Илм дар бораи Замин» таҳсил намудааст. Соли 1998 кори номзадиашро ҳимоя кард ва соли 2007 унвони докториро соҳиб шуд. Моҳи январи имсол соҳиби унвони профессорӣ гардид.