Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон гуфт, ба офатзадагони ноҳияҳои Фархору Панҷ ва Хуросон кумак ирсол карданд. Ба иттилои Назир Азимзода, раҳбари дастгоҳи марказии Ҳилоли Аҳмар, ки рӯзи 30 май дар як ҳамоише дар Душанбе сӯҳбат мекард, кӯмаки онҳо ба сокинони ин ноҳияҳо аз либос ва хаймаҳо иборат аст. Азимзода гуфт, онҳо барои исроли кумакҳо се дархост гирифтаанд ва аллакай қисми аввали кӯмакҳо пас аз зӯҳри имрӯз ба офатзадаҳо фиристода шуд. “Кӯмак асосан аз либосҳои дасти дуюм ва хаймаҳо иборат аст. Либосҳоро донорҳои мо равон карданд ва мо онро ҳатман мерасонем”.
Ин кӯмакҳо дар ҳоле ирсол шуд, ки тайи ду ҳафтаи ахир сокинони аз боронгарҳову селҳо осебдида аз надоштани ҷои истиқомат азият мешаванд.
Борони зиёд ва сел дар ду ҳафтаи пеш дар вилояти Хатлон, бахусус ноҳияҳои Панҷу Фархор, Хуросону Бохтар хонаҳои даҳҳо нафарро вайрон кард ва даҳҳо гектар зироат ва киштзорҳои мардумро аз байн бурд. Дар натиҷаи фалокатҳо, се нафар ҷон доданд. Дар пай кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки як ҳайат барои ошноӣ бо миқёси воқеии фалокат ва барои рафъи оқибатҳои он ба Хатлон рафтааст.
Тоҷикистон як кишвари кӯҳистонӣ ва осебпазир дар баробари фалокатҳои табиист. Дар кишвар 381 минтақаи махсусан хавфнок сабт шудааст ва дар онҳо беш аз 10 ҳазор хонавода зиндагӣ мекунанд. То се соли оянда бояд беш аз 1400 хонавода аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯч дода шаванд.
Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, дар шаш соли ахир дар кишвар 603 ҳодисаи табиӣ сабт шудааст, ки бар асари онҳо 127 нафар ҷон бохта ва ба иқтисоди мамлакат 600 миллион доллар хисорот ворид гаштааст.