Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиёвуддин: Ба Рустами Эмомалӣ сипос гуфтам, хушомад нагуфтам. ВИДЕО


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе

Зиёвуддини Нурзод, овозхони тоҷик, мегӯяд, ки таронаи "Шаҳриёр" дар васфи Рустами Эмомалӣ – раиси ҳукумати Душанбе ва писари калонии президент Эмомалӣ Раҳмон – тамаллуқ ваё хушомад набуд. Ӯ рӯзи 15-уми сентябр дар суҳбат бо телевизиони "Настоящее Время" гуфт, ин тарона ҳангоми тамошои шоми Душанбе бо писараш аз бинои баландтарини пойтахт тавлид шуд ва як навъ сипосгузорӣ барои фаъолияти якунимсолаи Рустами Эмомалист.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Вокунишҳо ба аввалин тарона дар бораи Рустами Эмомалӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00

Дар зеҳнам ва дар қалбам ҳеҷ фикри дигар набуд. Ҳар чизе хондам ва ҳар коре кардам, аз дилам буд

"Нахустин ҳарфи писарам баъди онки шоми Душанберо аз баландӣ дид, ин буд: "оҳ падар, мисли Дубай зебост". Ман ҳам назар кардам ва зебоии тасаввурнопазирро дидам. Ман ин таронаро аз номи худу писарам ва ҳар як сокини Душанбе навиштам, то миннатдориямро баён кунам", - нақл кард ӯ.

"Ҳеҷ подош интизор нестам"

Ин овозхони тоҷик рад кард, ки таронаи "Шаҳриёр" гӯиё фармоиши мақомот аст. Зиёвуддини Нурзод мегӯяд, таронаи ӯ самимона буд ва ҳеҷ подошеро ҳам интизор нест. Вай гуфт, баръакс, ӯро барои иштирок дар консерти калони бахшида ба 27-умин солгарди ҷашни истиқлоли Тоҷикистон даъват накарданд ва ин тарона аз саҳнаи бузург ва дар ҳузури шаҳрдору раиси ҷумҳур иҷро нашуд.

Зиёвуддини Нурзод
Зиёвуддини Нурзод

"Дар зеҳнам ва дар қалбам ҳеҷ фикри дигар набуд. Ҳар чизе хондам ва ҳар коре кардам, аз дилам буд", - гуфт ӯ.

"Ҳадяи ишқи Раҳмон" ва "Аз табори Оли Сомон". Зиёвуддини Нурзод дар таронае, ки моҳи июли имсол ба бозор баровард, Рустами Эмомалиро ҳамингуна васф кардааст. Дар ҷои дигар ӯ шаҳрдори Душанберо ба Рустам, яке аз қаҳрамонҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ташбеҳ мекунад.

"Метавонад вокуниши баръакс диҳад"

Ин клип, ки дар Ютуб беш аз 200 ҳазор бинанда дорад, бо бархӯрди мухолифону тарафдоронаш рӯ ба рӯ шуд. Иддае онро хушомад ваё тамаллуқ дар ҳаққи Рустами Эмомалӣ хонданд. Бархеи дигар ба ин назаранд, ки овозхон ҳақ дорад дар ҳар мавзӯе хост, тарона иҷро кунад.

Ин нахустин суруд дар васфи Рустами Эмомалист. Аммо дар гузашта бисёре аз овозхонҳо дар васфи раиси ҷумҳури Тоҷикистон таронаҳои зиёде иҷро кардаанд.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон бисёр таҷрибаҳои таблиғотии даврони Шӯравиро ҳифз кардааст. Аз ҷумла, ба гуфтаи онҳо, дар замони Шӯравӣ ҳар як овозхон дар "репертуар"-аш таронаҳои бахшида ба раҳбарон ва ҳизби коммунистро дошт. Дар замони истиқлол шеъру таронаҳои ватандӯстӣ, бахшида ба фаъолияти президент Эмомалӣ Раҳмон, мардонагӣ ва якпорчагии миллат бештар шуданд. Чанд сол пеш, дар авҷи шавқу шӯри бунёди "Роғун" бисёр овозхонҳо дар бораи ин иншооти стратегӣ таронаҳо суруданд.

Ҳамкорон Зиёвуддинро танқид намекунанд. Онҳо мегӯянд, Зиёвуддини Нурзод мисли ҳар як овозхони дигар ҳақ дорад, ончиро, ки мехоҳад бихонад.

Аммо Фахриддини Холбек, оҳангсоз ва таронанависи тоҷик гуфт, "чунин "политехнология" аз ин ба баъд ба кор намеояд, бахусус дар Тоҷикистон. Ин метавонад вокуниши баръакс бидиҳад."

Рустами Эмомалӣ, писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, моҳи январи соли 2017, дар 29-солагӣ, шаҳрдори Душанбе таъйин шуд. Ӯ дар ин мақом Маҳмадсаид Убайдуллоевро иваз кард, ки 19 сол раиси пойтахт буд.

Рустами Эмомалӣ аз ин қабл дар чанд вазифаи калидии дигар, аз ҷумла раиси Оҷонсии мубориза бо фасод ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2012 раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон аст. Ҳоло раёсати Маҷлиси вакилони халқи пойтахтро низ бар уҳда дорад. Охири моҳи августи имсол Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ордени “Зарринтоҷ”, дараҷаи 2, дод.

XS
SM
MD
LG