Рӯзи 21-уми сентябр табибон дар Туркия Ҳамза Тиллозода, як кӯдаки 4-солаи тоҷикро ҷарроҳӣ карданд, ки сарнавишти ӯ ҳаёҳуеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт ва сабаби интиқоди сахт аз ҳукумати Тоҷикистон шуд.
Ҳамза Тиллозода, писари Руҳулло Тиллозода ва набераи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзасти исломӣ аст, ки рӯзи 2-уми август бо модараш аз Тоҷикистон хориҷ шуд.
Амакаш Муҳаммад Тиллозода, рӯзи 22-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "Ҳамза дирӯз ҷарроҳӣ шуд ва ҷарроҳиаш хуб гузашт. Се чаҳор рӯз дар шифохона мемонад, вале табобат давом дорад. Марҳалаи баъдӣ химиотерапия мебошад. Ин беморӣ табобати давомнок дорад".
Рӯзе пештар аз ин Муҳаммад Тиллозода дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, “Баъд аз кимиёдармонӣ ва хурд кардани захми Ҳамзаҷон, қарор аст, имрӯз ӯро ҷарроҳӣ кунанд.”
Иброҳим (Ҳамза - исми хонаводагии тифл) Тиллозода ба саратони узви таносул гирифтор аст ва то рӯзи 2-уми август дар Тоҷикистон буд.
Волидонаш ва мухолифони ҳукумат дар хориҷ аз кишвар бахусус аъзои Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ мегуфтанд, ки ҳукумат намегузорад, ки Иброҳимро барои муолиҷа ба хориҷ биёранд, то ба ин васила ба онҳо фишор биёрад.
Ду созмони ҳомии ҳуқуқ аз ҷумла Дидбони Ҳуқуқи Башар ва Кумитаи Норвегии Ҳелсинки гуфтаанд, “манъи сафари Иброҳим Тиллозода ангезаҳои сиёсӣ дорад ва бояд билофосила лағв шавад.”
Мақомоти Тоҷикистон баъди баланд шудани сару садо дар бораи бемории набераи Муҳиддин Кабирӣ, гуфтанд, ки ҳеҷ монеае барои сафари модару кудакаш нагузоштаанд ва ба онҳо иҷоза доданд рӯзи 2-уми август ба Туркия бираванд.
Аввали имсол табибони Тоҷикистон Иброҳим Тиллозодаро ҷарроҳӣ кардаанд, вале бенатиҷа.