Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситоиши раҳбарони кишварҳои ҷаҳон аз Ҷорҷ Буш


Раҳбарони кишварҳои ҷаҳон бо изҳори тассалият аз марги Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури собиқи Амрико аз хидматҳои ӯ ситоиш карданд. Михаил Горбачев, раҳбари шӯравии собиқ гуфт, Ҷорҷ Буш раҳбаре дар замони “тағйироти азим буд” ва дӯстӣ бо ӯ, ба “Ҷанги Сард ва рақобати таслиҳотӣ хотима дод”.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия Ҷорҷ Бушро шахсияти барҷастае номид, ки ба гуфтаи ӯ “тамоми умр барои кишвараш хидмат кардааст.” Тереза Мей, нахуствазири Бритониё гуфт, Ҷорҷ Буш “бо ҳидояти сулҳомез ба поёни Ҷанги Сард, ҷаҳонро ба ҷойи амнтаре барои наслҳои баъдӣ табдил дод.” Ангела Меркел садри аъзами Олмон ӯро “дӯсти воқеии мардуми Олмон” номид.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, Ҷорҷ Буш, бо фаъолияти сермаҳсули худ дар мақоми раиси ҷумҳури Амрико ва дигар вазифаҳои давлатии муҳим “соҳиби иззату эҳтироми шаҳрвандони кишвар гардида, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун сиёсатмадори шинохта обруву эътибори баланд дошт.”

Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури 41-уми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 30-уми ноябр дар синни 94-солагӣ даргузашт. Ӯ аз соли 1989 то соли 1993 раиси ҷумҳури Амрико буд.

XS
SM
MD
LG