Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси демократҳои Суғд дар сӯхтори хонаи ҳамсоя айбдор шуд. САДО


Абдуҷаббор Юлдошев
Абдуҷаббор Юлдошев

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров раиси дафтари Ҳизби демократ дар вилояти Суғд Абдуҷаббор Юлдошевро шартан якуним сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Ҳукми додгоҳ рӯзи 4-уми декабри имсол содир шуд.

Пас аз мурофиаи додгоҳӣ шоҳидон ба ман гуфтанд, ки онҳоро маҷбур кардаанд, то чунин баёнот диҳанд

Далел: Сӯхтори хонаи ҳамсоя

Дар додгоҳи ноҳия рӯзи 7-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Юлдошев ба сӯхтор дар манзили ҳамсояаш дар ҷамоати Ёва айбдор шудааст. "Моҳи апрели имсол ба далели расиши кӯтоҳи ноқили барқ дар хонаи Абдуҷаббор Юлдошев, дар ҳавлии ҳамсояи ӯ сӯхтор сар зад. Дар натиҷа, ҳамсояаш 80 ҳазор сомонӣ зиён дидааст. Дар ҷараёни муҳокима хулосаи мутахассисони Хадамоти оташнишонӣ ва шоҳидон шунида шуд", - гуфтанд мақомоти додгоҳ.

Азизбек Азизов, муфаттиши парванда, гуфт, ки "парванда дар чаҳорчӯби қонун таҳқиқ шуда, ҳукми боадолатона содир шудааст". Азизов аз ин бештар суҳбат накард ва танҳо гуфт, "ҷониби айбдоркунанда аз ҳукми додгоҳ қаноатманд аст".

"Ҳукм "фармоишӣ" буд"

Ҳизби демократи Тоҷикистон муҷозоти раҳбари ин ҳизб дар вилояти Суғдро "фармоишӣ" номид. Абдуҷаббор Юлдошев низ бо ҳукми додгоҳ розӣ нест ва онро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонад. Вай қасд дорад, ки ҳафтаи оянда аз рӯи ҳукм ба додгоҳи кассатсионӣ муроҷиат кунад. Мегӯяд, дар даст санадҳое дорад, ки ҳукми додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ботил мебарорад.

"Дар марҳилаи нахустини тафтишот кормандони Хадамоти оташнишонии шаҳри Хуҷанд ва корманди оташнишонии ноҳия хулоса мекунанд, ки сӯхтор на бо айби расиши кӯтоҳи ноқили барқ, балки бо сабаби дигар рух додааст. Аммо, дертар бо сабабҳои ба ман номаълум ин ду нафар хулоса карданд, ки сӯхтор маҳз бо айби ноқилҳои барқ рух додааст. Баъд аз мурофиаи додгоҳӣ шоҳидон ба ман гуфтанд, ки онҳоро маҷбур кардаанд, ки чунин баёнот диҳанд", - гуфт Абдуҷаббор Юлдошев рӯзи 7-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Додгоҳ раиси ҲДТ дар Суғдро маҳкум кард
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:06 0:00
Линки мустақим

"Пас, чаро хонаи Юлдошев насӯхт, аз ҳамсоя сӯхт?"

Ӯ афзуд, ин ҳавлии меросӣ буда, дар он касе зиндагӣ намекунад, чун ҳанӯз миёни фарзандони падар тақсим нашудааст. Юлдошев иддао дорад, сӯхтор аз анбори ҳавлии ҳамсояи дигараш, ки дар он чӯбу тахта нигаҳдорӣ мешуд, шурӯъ шудааст. Дар ин ҳодиса касе осеб надид, вале ба ҳамсоя даҳҳо ҳазор сомонӣ зиёни молӣ ворид кард.

Абдуҷаббор Юлдошев тахмин мезанад, ки чанд интиқоди ӯ ҳамчун узви Шӯрои ҷамъиятии ислоҳоти сохтори милитсия ба мақомоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз фаъолияти сехҳои мебелсозӣ ба ин вазъият сабаб шудааст. Ӯ мегӯяд, аз он изҳори нигаронӣ карда буд, ки ин сехҳо чанд дафъа боис ба сӯхтор шудаанд.

"Ба ҷойи ҳалли ин мушкил дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ба ман ин айбро бор карданд", - мегӯяд ӯ.

Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода

Саъидҷаъфар Усмонзода, раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон ва узви Маҷлиси Намояндагон, гуфт, чанд дафъа аз мақомоти тафтишотии вилояти Суғд хоста буд, ба ин қазия расидагии одилона сурат бигирад. Аммо, ба гуфтаи вай, мақомот ҳар дафъа ваъда медоданд ва дар ниҳоят ҳукми беадолатона содир кардаанд.

"Мақомот дар ин қазия танҳо аз як ҷониб баҳогузорӣ карданд. Ҳатто бо зеҳни андак метавон хулоса кард, ки агар сӯхтор аз ҳавлии Юлдошев сар зада бошад, пас, бояд ҳар ду ҳавлӣ бисӯзад. Вале дар ниҳоят танҳо як ҳавлии ҳамсоя сӯхтааст. Ин танҳо интиқомгирӣ аз раҳбари Ҳизби демократ дар вилояти Суғд аст", - шарҳ дод ӯ.

Баъди танқидҳо аз кори комиссия?

Усмонзода ва Юлдошев бовар доранд, ки ҳукми додгоҳ ангезаҳои сиёсӣ дорад ва ин, ба гуфтаи онҳо, посухи мақомот ба интиқодҳоаш аз кори пулис аст. Юлдошев мегӯяд, дар кори комиссияи ислоҳоти сохтори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон борҳо ба муборизаи воқеӣ зидди фасод, роҳандозии ислоҳоти воқеӣ дар ин низом даъват карда ва боис ба асабонияти бархе аз мақомот шудааст.

Ҳукми додгоҳ дар сурати ба иҷро даромаданаш давоми якуним сол ӯро аз ҳаққи сафар ва берун рафтан аз кишвар маҳрум карда, татбиқи барномаҳои ҳизбиаш маҳдуд мешавад ва худаш доғи судӣ мегирад.

Нақши Ҳизби демократ

Ҳизби демократии Тоҷикистон дар соли 1991 аз сӯи гурӯҳи равшанфикрони тоҷик ба раҳбарии Шодмон Юсуф таъсис шуда буд. Пас аз имзои созишномаи сулҳи тоҷикон дар соли 1997 Ҳизби демократи Тоҷикистон дубора сабти ном шуд ва раҳбарии онро Маҳмадрӯзӣ Искандаров ба зимма гирифт. Баъди муддате Искандаров дар як қатор ҷиноятҳои, ба қавли ӯву тарафдоронаш, дорои ангезаҳои сиёсӣ муттаҳам ва ба муҳлати 23 сол равонаи зиндон шуд.

Баъди ин ҳодиса, таҳаввулоти зиёде дар сохтори ҳизб, тафриқа дар сатҳи раҳбарият ва мушкилоти дигар рух дод ва соли 2015 раҳбарии ҳизбро Саидҷаъфар Усмонзода ба ӯҳда гирифт. Ӯро мунаққидон барои мавқеи рӯ ба ҳукуматаш муттаҳам мекунанд. Мунаққидон мегӯянд, ки ин ҳизб мавқеи воқеан оппозитсионии худро аз даст дода, ба як ҳизби расмии мухолифи ҳукумат табдил шуд. Ба назари коршиносон, Ҳизби демократ нақши камранг дорад ва дар ҷомеа ҳам аз нуфузи зиёд бархӯрдор нест.

XS
SM
MD
LG